Намояндагони фраксияи Ҳизби коммунисти Федератсияи Россия ба баррасии Думаи давлатӣ лоиҳаи қонунро роҷеъ ба намоябандӣ (индексатсия)-и нафақаи нафақахӯроне, ки бо маоши паст кор мекунанд, пешниҳод карданд. Зимни шарҳи он муовини якуми раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба маориф Олег Смолин гуфт, ки дар ин бора сарвазири Федератсияи Россия Дмитрий Медведев низ зимни ҳисобот дар Думаи давлатӣ ишора кард.
Агар лоиҳаи қонун аз ҷониби вакилон дастгирӣ ёбад, ба нафақаи онҳое, ки камтар аз 20 ҳазор рубл мегиранд, маблағ илова мешавад.
Муҳлати мавриди амал қарор гирифтани қонун тамдид шуд
Шаҳрвандони кишварҳои ИДМ, ки ба сифати ронанда дар Федератсияи Россия кор мекунанд, мебоист то 1 июни соли ҷорӣ ҳуҷҷати ронандагии Федератсияи Россияро гиранд. Дар ин бора зимни баррасии лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонуни амалкунанда вакилон қарор қабул карда буданд. Баъдан, маълум гардид, ки ин кор ҳам ба ронандагон ва ҳам барои мусофирон мушкил эҷод менамояд, зеро бисёр воситаҳои нақлиёти мусофирбарро дар шаҳрҳои калони Россия хориҷиён идора мекунанд. Биноан, муҳлати мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур то 1 июни соли 2018 тамдид карда шуд. Дар ин муддат, барои гирифтани ҳуҷҷати ронандагии Федератсияи Россия ронандагони хориҷӣ бояд аз муоинаи тиббӣ ва се санҷиш гузаранд.
Шаҳрванд барои муҳофизати хонаи худ набояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад
Вакили Думаи давлатӣ Антон Беляков лоиҳаи қонунро дар бораи зиёд кардани ҳуқуқи россиягиҳо барои худҳифзкунӣ пешниҳод кард. Вай пешниҳодро бо он асоснок намуд, ки вақтҳои охир ҳодисаҳои дуздӣ ва ғайриқонунӣ ба хонаҳои шаҳрвандон даромадани ғоратгарон афзоиш ёфтааст. Дар баъзе ҳолатҳо зимни муҳофизати молу мулки хеш байни соҳибхона ва ҷинояткорон муноқиша сурат мегиранд. Тибқи қонунҳои мавҷуда, агар соҳибони хона ба дузд зарари ҷисмонӣ расонанд, онҳо низ муҷозот мешаванд. Аз ҷумла, агар дар чунин ҳолат ғоратгар аз ҷониби соҳиби хона кушта шавад, вай ба муҳлати аз 1 то 4 сол маҳкум мешавад. Бо дарназардошти ин омил, А. Белков ба он назар аст, ки шаҳрвандон набояд барои муҳофизати молу мулки хеш муҷозот шаванд.
Таҳияи Б. КАРИМЗОДА
аз рӯзномаи «Парламентская газета»,
«Садои мардум»