Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Муғулистон Тсахиагийн Элбегдорж барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Бо камоли хушнудӣ пирӯзии муҷаддади Ҷаноби Олиро дар интихоботи сарвари давлати Муғулистон табрику таҳният мегӯям.
Бо ибрози орзуҳои беҳтарин изҳори итминон менамоям, ки равобити ҳасанаи байни Тоҷикистону Муғулистон ба нафъи мардуми ҳар ду кишвар рушду тавсеаи тоза пайдо хоҳад кард.
Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломативу бурдбориҳо, ба мардуми дӯсти Муғулистон пешрафту рифоҳ орзумандам».