13 июни соли ҷорӣ дар ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ баргузор шуд.
Дар он Сарвазир, муовини якум ва муовинони Сарвазир, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти қудратии мамлакат иштирок намуданд.
Зимни машварат масъалаҳои вобаста ба омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи соҳаҳои муҳими ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввали соли 2017 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолияти шӯро ва комиссияҳои давлатию ҳукуматӣ, хусусан дар бахши иқтисодиёт ва татбиқи саривақтии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба масъулони дахлдор дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.
Тақвияти тадбирҳои ободонию созандагӣ ва таъмини бозорҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ низ баррасӣ шуда, роҳбарони вазорату идораҳо бобати таъмини саривақтии амнияти озуқаворӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои таъиноти кишоварзӣ, иҷрои нишондиҳандаҳои барномаю нақшаҳои соҳаи кишоварзӣ, кишти такрорӣ, ҷамъоварӣ ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус меваю сабзавот, ғалладонагӣ ва хӯроки чорво вазифадор гардиданд.
Аз иштирокчиёни машварат таъмини иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва истифодаи самараноки боғу марказҳои фарҳангию фароғатӣ, ҳавзҳои шиноварӣ ва дигар биною иншооти истироҳатию солимгардонӣ талаб карда шуд.
Дар анҷом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти қудратӣ барои ҳалли саривақтии арзу шикоятҳои мардум, наздикии бештар ба аҳолӣ, риояи ҳатмии муқаррароти қонунгузории мамлакат, таъмини фаъолияти муназзами марказу муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ, истироҳатгоҳҳо ва иншооти варзишию солимгардонӣ дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.