Бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия дар ҳамкорӣ бо котиботи назди кумитаи мазкур дар доираи барномаи «Дастгирии назорати парламентӣ дар идоракунии молиявии давлатӣ ва шаффофияти буҷет» 13 июни соли равон дар меҳмонхонаи «Ҳайят — Реҷенсӣ» дар мавзӯи «Такмил додани нақши Парламент дар раванди буҷетӣ» конфронс баргузор гардид.
Онро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла, иброз дошт, ки ҳадаф аз баргузории ҷамъомад баррасии нақши парламенти кишвар дар раванди буҷетӣ бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ мебошад.
Зикр шуд, ки ҳар се моҳ оид ба иҷрои Буҷети давлатӣ дар парлумони мамлакат чорабиниҳои дахлдор баргузор гардида, бо мақсади такмили минбаъдаи қонунгузорӣ вакилон бо таҷрибаи байналмилалии қонунгузорӣ шинос мешаванд.
Сардори гурӯҳи лоиҳаи дуюми «Модернизатсияи идораи молияи давлатӣ» Рустам Бобоев дар хусуси ислоҳоти низоми идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода, аз заминаҳои ҳуқуқии он, алалхусус «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои давраи то соли 2020» ва «Стратегияи миллии рушди кишвар то соли 2030» ёдовар шуд.
Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назокат Одиназода, муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмин Сангинзода дар бораи раванди таҳияи буҷет изҳори назар карданд.
Дар интиҳо иштирокчиён баҳри такмили назорати парлумонии буҷет таклифу пешниҳодҳои судманд баён намуданд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ