Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Рекламаи аз ҳад зиёд бинандаву шунавандаро нороҳат мекунад

№72 (3709) 17.06.2017

DSC_0270222Бинобар ин, вакилони Маҷлиси намояндагон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо «Дар бораи реклама»-ро ҷоиз шумориданд

Чордаҳуми июни соли 2017 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

Оид ба рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017»

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон».

РАИС: - Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Оид ба масъалаи якум сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳринамо Ҷонмамадова дода мешавад.

 Меҳринамо Ҷонмамадова:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017», ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳия шудааст, пешниҳод мешавад.

Иловаҳои аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе пешниҳодгардида бо мақсади пурра намудани парки автобусҳои мусофиркаш ва нақлиёти дигари хизматии пойтахт аз ҳисоби нақлиёти мусофиркаши ҳозиразамони бо сӯзишвории аз ҷиҳати экологӣ камзарар ҳаракаткунандаи истеҳсоли ширкатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ, баланд намудани сатҳи хизматрасонии нақлиётӣ ба аҳолии пойтахт ва бо ин васила, ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои шаҳри Душанбе нигаронида ­шудааст.

Соли равон барои пурра намудани парки автобусҳои мусофиркаш ва нақлиёти дигари хизматии пойтахт бо қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе аз 18 марти соли 2017, № 131 ва аз 5 майи соли 2017, №233 воридоти 64 адад воситаҳои нақлиёти мусофирбарӣ ба маблағи умумии 51,4 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки меъёри пардохтҳои гумрукии онҳо 23 фоиз – 12,3 млн. сомониро ташкил медиҳад. Аз миқдори банақшагирифташуда 40 адад воситаи нақлиёти мусофирбар ба маблағи 30,0 млн. сомонӣ ворид шудааст, ки пардохти гумрукии онҳо 7,2 млн.сомониро ташкил медиҳад.

Тибқи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2017, № 177 тасдиқ шудааст, барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешгирии тамоюли болоравии нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои истеъмолии пойтахт дар фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 захира намудани 90000 тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар назар аст. Бо дарназардошти ин, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озодкунии Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» аз андоз аз арзиши иловашуда бо лоиҳаи қонуни мазкур пешбинӣ шудааст.

Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» корхонаи худмаблағгузор буда, аз ҳисоби даромади бадастовардашуда фаъолият менамояд. Корхона тибқи қонунгузории андоз, ҳама намуди андозҳои дахлдорро ба буҷет пардохт менамояд. Маблағи солонаи ҳисобшудаи андоз аз арзиши иловашудаи корхона дар соли 2016-ум 82,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии кишвар, бахусус аҳолии вилояти Хатлон, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» илова пешниҳод шудааст, ки он ба ворид ва насб гардидани таҷҳизоти тиббии универсалии ангиографии истеҳсоли Ширкати ҷопонии «Тошиба» дар Муассисаи давлатии «Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара» нигаронида шудааст.

Насби таҷҳизоти номбурда имконият фароҳам меорад, ки шаҳрвандон минбаъд барои гузаронидани ҷарроҳии душвору гаронарзиш, аз қабили ивазкунии гурда, ҷигар ва амалиётҳои эндовидеоҷарроҳӣ ба хориҷи кишвар сафар накунанд. Нархи он 5,5 миллион сомонӣ мебошад ва тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда ҳангоми воридоти он андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ 1,3 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Хоҳиш менамоям, лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.

 ҶОБИРЗОДА Тоҳир Гул:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» бо истифода аз тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Дар лоиҳа ба қисми 2 моддаи 15-уми қонуни амалкунанда бо мақсади дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасонии нақлиётии парки автобусҳои мусофиркаш ва нақлиёти дигар, харидорӣ намудани автобусҳое, ки бо сӯзишвории аз ҷиҳати экологӣ камзарар кор мекунанд, воридоти онҳо ба ҷумҳурӣ оид ба озод намудан аз боҷи гумрукӣ пешбинӣ шудааст.

Ба моддаи 15-уми қонуни амалкунанда қисми 11 илова карда мешавад, ки бо мақсади эҳтиёҷоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоти дастгоҳи универсалии ангиографӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.

Пешниҳоди қисми 12 моддаи 15 бо мақсади таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба истеҳсол, харид, фурӯш ва ба миқдори зарурӣ захира намудани маҳсулоти озуқаворӣ ва дар ин замина таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешгирии тамоюли болоравии нарх дар бозорҳои шаҳри Душанбе, озод намудани Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда мубошад.

Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумита ­лоиҳаи қонун бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа дастгирӣ ёфт.

Аз шумо хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ Сангимурод дода мешавад.

ҚОДИРЗОДА Саъдӣ Сангимурод:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» бо мақсади мураттаб сохтан ва ба низом даровардани бозори реклама, инчунин такмили меъёрҳои қонуни амалкунанда, бо дарназардошти қонунгузории кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи реклама, таҳия гардидааст.

Бо истифода аз таҷрибаи қонунгузории байналмилалӣ дар самти танзими реклама ва ҷиҳати равшану возеҳ сохтани объекти рекламашаванда дар моддаи 2 — юми қонуни мазкур сархати нав бо пешбинӣ намудани мафҳуми «объекти рекламашаванда» илова карда шуд, ки ба тафсиру шарҳи меъёрҳои он мусоидат менамояд. Инчунин, омӯзиши бозори реклама собит сохт, ки вақтҳои охир аз тарафи рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама дар лавозимоти дарсӣ, аз ҷумла дар рӯзнома ва дафтарҳои мактабӣ, рекламаи гуногун паҳн мегардад, ки ба ҷараёни таҳсил рабт надоранд. Бинобар ин, ҷиҳати ба танзим даровардани масъалаи марбута дар моддаи 5 — уми қонуни амалкунанда қисми даҳум дар таҳрири нав илова карда шуд.

Ғайр аз ин, таҳлили бозори паҳни реклама дар хиёбону кӯчаҳои вилоят, шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ нишон дод, ки аз тарафи рекламадиҳандагон ва паҳнкунандагони реклама талаботи моддаи 7 — уми қонуни амалкунанда пайваста сарфи назар шуда, реклама бо истифодаи истилоҳоти дараҷаи баланд, аз ҷумла тавассути калимаҳои беҳтарин, олӣ, сифати олӣ, инчунин дараҷаи паст, яъне арзонтарин ва нархи пасттарин паҳн мегардад, ки ин амал боиси вайронкунии қонунгузории реклама буда, дар бозори моли муайян рақобати бевиҷдононаро эҷод менамояд. Аз ин рӯ, дар сархати сенздаҳуми моддаи 7 пеш аз калимаи «ва» калимаҳои «рақами 1», «беҳтарин», ва «сифати олӣ», инчунин сархати чордаҳум дар таҳрири нав илова карда шудаанд.

Илова бар ин, паҳнкунии реклама дар шабакаҳои телевизион ва радио нишон дод, ки ҳарчанд меъёри муқарраргардида риоя карда шавад ҳам, вақти як баромади рекламавӣ аз 7 то 10 дақиқа ва баъзан аз он ҳам зиёд давом мекунад, ки бинанда ва ё шунавандаи барномаҳо (истифодабарандагон) — ро нороҳат месозад.

Аз ин лиҳоз, ҷиҳати ба танзим даровардани вақти як баромади пахши реклама дар шабакаҳои телевизион ва радио, новобаста аз шакли моликият, ба моддаи 11 — уми қонуни амалкунанда қисми шашум илова карда шуд.

Дар моддаи 22 — юми қонуни амалкунанда нигоҳдории реклама ё нусхаҳои он аз рӯзи паҳнкунии рекламаи охирин шаш моҳ пешбинӣ гардидааст. Таҷриба нишон медиҳад, ки ин муддат ба рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагон ҷиҳати паҳни рекламаи номуносиб шароит фароҳам оварда, ба содиркунии ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат менамояд. Бинобар ин, зимни таҳияи лоиҳа дар моддаи мазкур калимаҳои «шаш моҳ» ба калимаҳои «як сол» иваз карда шуд.

Матни моддаи 25 — уми қонуни амалкунанда бо дарназардошти доираи иштирокчиёни бозори моли реклама мураттаб гардонида шуда, дар моддаи мазкур баъд аз калимаҳои «паҳнкунандагони реклама» калимаҳои «инчунин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳои мақомоти зикргардида» илова карда шуданд.

Хоҳишмандам, лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Усмонзода Саидҷаъфар Усмон дода мешавад. 

УСМОНЗОДА Саидҷаъфар Усмон:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» бо истифода аз тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарор аз 5 майи соли 2017, №1248 лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, онро барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид.

Онро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ ва ҳамчунин ҳафт таклиф пешниҳод намуданд.

Ҳафтуми июни соли 2017 дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, бо иштироки намояндагони кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибдорӣ ёфт.

Хоҳиш менамоям, ки онро дастгирӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Раҳмонзода Абдулғаффор Азиз дода мешавад.

Раҳмонзода Абдулғаффор Азиз:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Дар лоиҳаи қонун, бо дарназардошти тағйиру иловаҳое, ки соли гузашта ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда буданд, пешниҳод гардидааст, ки аз матни Қонуни конститутсионӣ калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда, дар моддаҳои дахлдор калимаҳои «ташкилотҳои» ба «иттиҳодияҳои», «ҳақ» ба «ҳуқуқ» ва «қаламрави» ба «ҳудуди» иваз карда шаванд.

Мутобиқи моддаи 49 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар моддаҳои 28 ва 29-уми қонуни конститутсионии мазкур нисбат ба шахсе, ки ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагон интихоб ва ба ҳайси узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб ё таъин мешаванд, вобаста ба шаҳрвандӣ, синну сол, таҳсилот ва донистани забони давлатӣ талабот муайян карда шудааст.

Дар асоси моддаи 51 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 33-юми қонуни конститутсионӣ тағйирот ворид гардидааст, ки мутобиқи он шахсоне, ки шаҳрвандиашон қатъ гардидааст ё шаҳрвандии давлати дигарро соҳиб шудаанд, ҳуқуқи ба узвияти Маҷлиси миллӣ ва вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад шуданро надоранд.

Лоиҳаи қонуни конститутсионӣ бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2017, № 1113 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулоса ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ҷонибдорӣ намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумитаи ­масъул, ки бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор баргузор гардид, ҳамчунин бо дарназардошти пешниҳодҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, ки дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баён доштанд, лоиҳа такмил ёфт.

Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонуни конститутсионӣ ба овоз монда шуда, қонуни конститутсионӣ қабул ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба муҳокимаи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Амрихудои Дамдор дода мешавад. 

Амрихудои ДАМДОР:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.

Мақсад аз таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур бинобар ба фаъолияти доимӣ дар Маҷлиси миллӣ гузаштани Раиси Маҷлиси миллӣ, барои муқаррар намудани музди меҳнати моҳонаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба ин хотир, ба қисми дуюми моддаи 28 пас аз калимаҳои «Музди меҳнати» калимаҳои «Раиси Маҷлиси миллӣ, Раиси Маҷлиси намояндагон ва» илова карда шудааст.

Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулоса ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд ва ҷиҳати такмили он чор таклиф пешниҳод карданд.

Ҳафтуми июни соли ҷорӣ маҷлиси васеи саркумита бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон баргузор гардида, бо дарназардошти таклифҳои пешниҳодгардида дар саркумита ва эродҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни конститутсионии мазкур, дар мувофиқа бо намояндаи субъекти ташаббуси қонунгузорӣ, бори дигар таҷдиди назар шуда, аз таклифҳои пешниҳодгардида се таклиф, ки асосан имлоӣ буд, қабул гардид.

Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни канститутсионии пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонуни конститутсионӣ ба овоз монда шуда, қонуни конститутсионӣ қабул ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Амрихудои Дамдор дода мешавад.

Амрихудои ДАМДОР:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Тибқи муқаррароти қисми дуюми моддаи 28 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», музди меҳнати Раиси Маҷлиси намояндагон ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Бо мақсади аз байн бурдани мухолифати мазкур ва такрори меъёр дар лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод шудааст, ки қисми шашуми моддаи 41 ва моддаи 67 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» хориҷ карда шаванд.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2017 барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро дастгирӣ намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул, ки бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 июн баргузор гардид, лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур пурра дастгирӣ ёфт.

Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни конститутсионии пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонуни конститутсионӣ ба овоз монда шуда, қонуни конститутсионӣ қабул ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ­ҷамъбаст намуд.

 Далер МЕРГАНОВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ