Чанде пеш Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди амал қарор гирифт.
Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ гардонидани меъёрҳои Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-юми майи соли 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ марбут ба ислоҳоти сохтори судии кишвар ворид карда шудаанд ва ҷиҳати иҷрои банди 3 Нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017» вобаста ба такмили меъёрҳои қонунгузории мурофиавии соҳаи мазкур таҳия гардидааст, қабул гардид.
Тибқи қонуни зикргардида, ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баробари тағйиру иловаҳои хусусияти таҳририву такмилидошта, инчунин ду моддаи нав — моддаи 186 ишораи 1 (Таъиноти хусусӣ) ва моддаи 250 ишораи 1 (Таъиноти хусусии суди марҳилаи кассатсионӣ) илова карда шуд.
Қобили қайд аст, ки мутобиқи моддаи 231 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми муайян кардани ҳолатҳои вайронкунии қонун, суд ҳуқуқ дорад таъиноти хусусӣ қабул кунад ва онро ба ташкилот ва шахсони мансабдори дахлдор ирсол намояд, ки онҳо уҳдадоранд дар муҳлати як моҳ аз тадбирҳои андешидаашон ба суд иттилоъ диҳанд. Тибқи моддаи 357 Кодекси мурофиавии гражданӣ, суди марҳилаи кассатсионӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 231 кодекси мазкур ҳуқуқ дорад таъиноти хусусӣ қабул намояд.
Қисми 3 моддаи 145 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пешбинӣ мекунад, ки агар ҳангоми баррасии судии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муқаррар карда шавад, ки зимни барасмиятдарорӣ, тафтишоти маъмурӣ ва баррасии он муқаррароти кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя нашудаанд, судя ҳуқуқ дорад нисбат ба онҳое, ки ба камбудӣ роҳ додаанд, таъиноти хусусӣ ирсол намояд.
Инчунин, қисми 2 моддаи 290 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, ки таъинот (қарор) дар бораи ба тафтиши иловагӣ фиристодани парванда, қатъ намудани парванда, тағйир додан, татбиқ ё бекор кардани чораи пешгирӣ ва таъиноти хусусӣ дар хонаи машваратӣ бароварда, дар шакли ҳуҷҷатҳои алоҳида тартиб дода шаванд. Зеро таъиноти хусусӣ санади судие мебошад, ки танҳо аз ҷониби суд қабул карда мешавад. Асос барои қабул кардани он, муайян кардани ҳолатҳои риоя накардани муқаррароти қонунгузорӣ аз ҷониби шахсони мансабдор, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигарон буда, суд барои рафъи ҳолатҳои қонунвайронкунӣ ва ҷиҳати пешгирии такроран содир кардани онҳо дар оянда ба қонунвайронкунанда таъиноти хусусӣ ирсол менамояд.
Бояд ёдрас шуд, ки дар қонунгузории мурофиавии дигар кишварҳо, бахусус давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Белорус, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва дигарҳо марбут ба таъиноти хусусӣ меъёрҳо мавҷуд аст. Кодексҳои мурофиавии хоҷагии ҷумҳуриҳои Белорус (моддаи 215), Ӯзбекистон (моддаи 152) ва Украина (моддаи 90) падидаи таъиноти хусусиро муқаррар менамоянд.
Аз ин рӯ, иловаи моддаи 1861 (Таъиноти хусусӣ) ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақтӣ буда, он муқаррар мекунад, ки ҳангоми муайян кардани ҳолатҳои қонунвайронкунӣ, суд ҳуқуқ дорад таъиноти хусусӣ қабул карда, онро ба ташкилот ва шахсони мансабдори дахлдор ирсол намояд, ки онҳо уҳдадоранд дар муҳлати як моҳ аз тадбирҳои андешидаашон ба суд иттилоъ диҳанд. Инчунин, агар ҳангоми баррасии парванда суд дар амали тарафҳо, дигар иштирокчиёни мурофиа, шахси мансабдор ё дигар шахс аломати ҷиноятро ошкор намояд, маълумоти дахлдорро барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба қонунвайронкунанда ба мақомоти прокуратура ирсол менамояд.
Нисбат ба таъиноти хусусӣ шахсони иштирокчии парванда ва шахси нисбаташ таъиноти хусусӣ қабулгардида метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд. Дар робита ба ин, иловаи моддаи 2501 (Таъиноти хусусии суди марҳилаи кассатсионӣ) муқаррар мекунад, ки суди марҳилаи кассатсионӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 1861 Кодекси мазкур ҳуқуқ дорад таъиноти хусусӣ қабул намояд.
Дар сурати надодани иттилоот оид ба тадбирҳои андешидашуда, шахсони мансабдор, мутобиқи моддаи 531 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. Ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудани шахсони мансабдори дахлдор онҳоро аз уҳдадории додани иттилоот оид ба тадбирҳое, ки мутобиқи таъиноти хусусӣ андешида шудаанд, озод намекунад.
Ҳамин тариқ, тағйиру иловаҳои ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида кодекси мазкурро такмил дода, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳоро таҳким бахшида, адолати судиро таъмин менамояд.
Фирӯз Сайнозимзода, мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон