Бист сол муқаддам, дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бо ибтикору ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин иқдоми ҷавонмардона ва хирадмандона барои зиндагии хушу гуворо ва оромию осоиштагӣ шароит фароҳам овард. Ин рӯзи муборак дар таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардид ва ҳамакнун барои миллати борҳо бо мушкилоти азим рӯ ба рӯ шуда ҳамчун сабақи ҳаёт боқӣ мемонад.
Баъд аз имзои созишномаи сарнавиштсоз, ҳангоме ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тайёра фуруд меомаданд, мардуми тоҷик бо дилгармӣ ва боварии комил ба фардои шукуфони мамлакат ӯро бо гулдастаҳо пешвоз гирифтанд. Сарвари давлат дар назди ҷамъомадагон ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ нутқи пурмуҳтаво намуданд. Суханони Президент ҳамон замон ба дили ҳар фарди ҷомеа, боварӣ ба ояндаи нек, ба зиндагии осоишта ва шукуфоии минбаъдаро ҷо кард.
Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Рӯзи Ваҳдати миллӣ дувумин падидаи муҳиму тақдирсоз буда, заминаҳои суботи сиёсиро барои рушди устувор фароҳам овард. Ба андешаи мо, Ваҳдати миллӣ ишқ аст, муҳаббат аст, саодат аст. Бидуни ин неъмати бебаҳо наметавонем зиндагии босаодат дошта бошем.
Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии миллати тоҷик саҳифаҳои наву дурахшон кушод. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин санади басо муҳим баҳои ҳаққонӣ дода, минҷумла зикр намудаанд: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».
Шахсиятҳои шинохта ва ватандӯсти кишвар низ дар истиқрори сулҳ хизматҳои арзишманд намуданд. Баъд аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон Комиссияи оштии миллӣ дар таъмини сулҳу субот дар кишвар вазифаи таърихиро ба сомон расонид.
Мақому манзалати Давлату Ҳукумати кишвар тӯли ин солҳо дар арсаи байналмилалӣ боло рафт. Имрӯз Тоҷикистон, ҳамчун субъекти комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ узви бисёр созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ буда, дар ҳаллу фасли масъалаҳои муҳими минтақавию ҷаҳонӣ ширкати фаъол дорад, бо давлатҳои ақсои олам ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ муносибати дуҷониба ва бисёрҷонибаро вусъат медиҳад. Ташаббусҳои бузурги давлати мо бо роҳбарии Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои гуногун, хусусан дар ҷодаи дипломатияи об, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудаанд, ки ин ҳама аз баракати сулҳу субот дар сарзамини ҳамешабаҳори мост.
Дар маҷмӯъ, Ваҳдати миллӣ дастоварди бузурги халқи тоҷик аст. Ҳақ бар ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки зикр намудаанд: «Ҳар касе ниҳоле сабзонида бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».
Сайёра Бобоева,
сармутахассиси Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон