Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишманд мебошад, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар ҷаҳон мавриди қабулу омӯзиш қарор гирифтааст.
Дар такя ба маълумоти мавҷуда, метавон хулоса кард, ки аз соли 1997, яъне баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ марҳилаи нави рушди иқтисодиёт оғоз гардид. Муҳимтар аз ҳама, соли 2009, ки буҳрони иқтисодию молиявӣ авҷ гирифта, коҳишёбӣ дар иқтисодиёти ҷаҳон мушоҳида мешуд, ба ҷумҳурии мо муяссар гардид, ки тамоюли рушдро нигоҳ дорад. Тибқи маълумоти оморӣ, рушди воқеии иқтисодиёт ба ҳисоби миёна дар як сол 7 фоиз ва ҷамъоварии қисми даромади буҷет аз 14,1 фоизи нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилии соли 2000 то 19,9 фоизро дар соли 2005 ташкил дод.
Дар он давра тавозуни буҷет таъмин гардида, сатҳи камбизоатӣ аз 81,0 фоизи соли 1999 то 72,4 фоиз дар соли 2003 ва 45,0 фоиз дар соли 2010 поён шуд ва дар назар аст, ки соли 2020 то 20 фоиз коҳиш дода шавад. Соли 1997 ҳаҷми номиналии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 518,4 миллион сомониро ташкил мекард ва ба ҳар сари аҳолӣ 88,2 сомонӣ рост меомад. Дар натиҷаи самаранок ҷорӣ намудани ислоҳот, ин нишондиҳанда соли 2010-ум 24704,7 миллион сомониро ташкил намуд, ки ба ҳар сари аҳолӣ 3243,6 сомонӣ ё 740,7 доллари амрикоӣ ва соли 2015 ба ҳар сари аҳолӣ 5662,7 сомонӣ ё 918,6 доллари амрикоиро ташкил дод. Табиист, ки ноил гардидан ба дастовардҳои зикршуда бидуни сулҳу субот, амният ва ваҳдати миллӣ ғайриимкон буд.
Далелҳо шаҳодат медиҳанд, ки хароҷоти Буҷети давлатӣ назар ба соли 2000-ум зиёда 60 маротиба афзоиш ёфта, аз 14,7 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2000 то ба 32,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2015 баробар гардид. Агар соли 2001 ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ аз сарчашмаҳои маблағгузорӣ 314 миллион сомониро ташкил карда бошад, дар соли 2005 ба 1,3 миллиард сомонӣ, дар соли 2011 ба 8,5 миллиард сомонӣ ва дар соли 2016 то ба 18,6 миллиард сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба хароҷоти Буҷети давлатӣ дар соли 2001-ум 59,2 маротиба зиёд мебошад.
Ба шарофати сулҳу субот ва ризоияти миллӣ, дар ҳама соҳа пешравиҳои назаррас рӯи кор омада, маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, пардохти музди меҳнат, баланд бардоштани маоши кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, пардохти нафақа, стипендия, ҷубронпулӣ ва дигар кумакпулиҳои иҷтимоӣ, сохтмони иншооти муҳими давлатӣ сари вақт таъмин шуданд. Ба ғайр аз ин, маблағгузорӣ ба бахшҳои муҳими ҷомеа афзоиш ёфт. Барои мисол, соли 2001 барои соҳаҳои иҷтимоӣ, бе дарназардошти хароҷоти соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, 148,1 миллион сомонӣ ё ин ки 39,0 фоизи Буҷети давлатӣ равона шуда, ин рақам дар соли 2016 ба 8333,5 миллион сомонӣ ё 45,0 фоизи хароҷоти Буҷети давлатӣ расид, ки нисбат ба соли 2001-ум 48,9 маротиба зиёд мебошад. Аз ҷумла, маблағгузории соҳаҳои маориф 51,7 маротиба, тандурустӣ — 52,0, ҳифзи иҷтимоӣ — 64,5, фарҳанг ва варзиш 55,4 маротиба афзуд.
Ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон бамаврид медонам, ки аз қабули қонунҳои соҳа дар ин давра ёдовар шавам. Масалан, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатӣ», «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ», «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ», «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ», «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад», «Дар бораи бозори қоғазҳои қиматнок», «Дар бораи суғуртаи давлатӣ», «Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ», «Дар бораи хазинадорӣ», «Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ», «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи фармоиши иҷтимоии давлатӣ», «Дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ» ва кодексҳои андозу гумрук, аз он ҷумлаанд.
Ба шарофати оромиву осудагӣ ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо бисёр давлатҳои ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва институтҳои молиявии ҷаҳонӣ, аз қабили Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки исломии рушд, Фонди саъудии рушд, Фонди қувайтии рушди иқтисоди Араб, Бонки рушди Олмон, Фонди Абу Даби, Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ, Фонди ОПЕК, Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, Агентии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва рушд, «Эксимбонк»-и Хитой, Агентии шветсиягии байналмилалии рушд, Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир, Намояндагии рушд ва ҳамкории Швейтсария, Комиссияи Аврупо, Бонки аврупоии сармоягузорӣ ва ғайра ба роҳ монда шуда, натиҷаҳои назаррас дод. Ин буд, ки иншооти муҳими дорои аҳамияти умумидавлатӣ ва минтақавӣ, аз қабили неругоҳҳои барқи обии «Помир-1», «Сангтӯда — 1», «Сангтӯда — 2», азнавсозии фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, сохтмони хатти роҳҳои оҳани «Қӯрғонтеппа — Кӯлоб», «Душанбе — Ёвон — Қӯрғонтеппа», кони гази «Хоҷасартез», таҷдид ва сохтмони роҳҳои автомобилгарди Душанбе — Қӯрғонтеппа — Данғара — Кӯлоб, Кӯлоб — Қалъаи — Хумб — Мурғоб — Қулма — шоҳроҳи Қароқум, қитъаҳои Шкев — Зиғар, Шоғун — Зиғар (марҳилаҳои 1, 2 ва 3), Душанбе — сарҳади Қирғизистон (марҳилаҳои 1, 2 ва 3), Душанбе — Чанок — сарҳади Ӯзбекистон, Душанбе — Қулма, марҳилаи 1 – и давраи 2 қитъаи Душанбе – Данғара, Қӯрғонтеппа — Панҷи Поён, Душанбе — Турсунзода, Айнӣ — Панҷакент, нақбҳои автомобилгарди «Истиқлол», «Шаҳристон», «Хатлон», «Шар-Шар», сохтмони хатҳои баландшиддати «Лолазор — Хатлон», «Ҷануб -Шимол», «Хуҷанд — Айнӣ», Осорхонаи миллӣ, Китобхонаи миллӣ, Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва ғайра сохта, ба истифода дода шуданд. Дастовардҳое, ки самараи ваҳдати миллӣ маҳсуб мешаванд, хеле зиёданд ва бозгӯйи онҳо дар доираи як матлаб имконнопазир аст. Аз ин рӯ, ба қадри ин неъмати бебаҳо расиданро вазифаи ҷонӣ, қарзи виҷдонӣ ва рисолати инсонӣ бояд шуморем. Ҳамон тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд, «бояд онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдорӣ намоем».
Ҷобирзода Тоҳир Гул, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон