Бозтоби ваҳдати миллӣ дар ашъори Тоҷдинӣ

№74-76 (3711-3713) 24.06.2017

Мухаммадризо ТочдинШоири тавонои Эрон Муҳаммадризо Тоҷдинӣ дар домони сухансароёни бузурги Эрон — Маҳдӣ Ахавони Солис, Симин Беҳбаҳонӣ, Имоди Хуросонӣ, Ҳамиди Мусаддиқ, Манучеҳри Оташӣ ҳамчун шогирди хушзеҳн парвариш ёфтааст ва аз устодони мактаби ҳофизшиносӣ чун Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ, доктор Асғари Додбеҳ, Ниёзи Кирмонӣ нуктаҳо омӯхтааст. Шоир дар ватан, дар баробари мақолаҳои илмии бешумор, китобҳои «Гулвожаҳои хун», «Маҷмӯаи ашъор», «Оинаи Ҳофиз ва Ҳофизи оина», «Орояҳои адабӣ ва саноеъи шеърӣ», «Дастури забони форсӣ», «Мусоҳиба бо Ҳофиз», «Киштии шеъри Ҳофиз, дарёи шеъри порсӣ», «Лоиқ Шералӣ фарзанди ростини Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ» интишор намудааст.

Дар рӯзномаҳо сурудаҳои ҷолиби шоирони тоҷикро мутолиа мекунем, ки бо як эҳсосоти баланд, комёбиҳову дастовардҳои чашмгири Ватани азизамон ва нақши Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди давлати навини тоҷикон бозгӯ менамоянд. Аммо на ҳама бохабаранд, ки ҳамтаборони аз зодбуми Фирдавсӣ ва Ҳофизу Саъдӣ, Маликушшуаро Баҳору Фурӯғ Фаррухзод, ба ин ҷо ташриф оварда, то чӣ ҳадде аз пешравӣ ва комгориҳои мо илҳом бардошта, қалам ба тавсифи Тоҷикистону Сарвари ваҳдатофарини он сарф кардаанд. Ба назар мерасад, ки ҳеҷ кадоме ҳамрӯзгоронаш аз Эрону Афғонистон чун Муҳаммадризо Тоҷдинӣ меҳру хушнудиву болидагии хешро бо забони шеър ва он ҳам бо ташбеҳоти дилчасп баён накардааст. Вай Тоҷикистонро тору пуди худ, кишвари Ориёно ва пойтахташро Бухорои навин гуморидааст:

Тоҷикистон, эй арӯси сарви ноз,

Ошиқам бар ту, зи дигар бениёз.

Рӯзу шаб бӯса занам бар хоки ту,

Ошиқам бар ишқу меҳри поки ту.

Эй Ватан, ту сӯзану ман риштаат,

Тору пудам ҷомаи сабзи танат.

Аз сурудаҳояш метавон пай бурд, ки ӯ илҳоми худро аз кору пайкори Сарвари давлат гирифта, талошу кӯшишҳои ин абармарди бузургро ҳаммонанд бо ҷонфидоии сарсупурдагони давлатдории пешинаи тоҷикон дармеёбад. Ӯ дар чеҳраи Эмомалӣ Раҳмон гаҳе симои Сосону Сомон, гаҳе Спитамену гаҳе Куруши Бузургро мебинад.

Эй ту Сосону Сомони мо,

Эй фурӯғи дилу дидаву ҷони мо,

Номи ту дар Ватан равшан аст,

Аз баҳорат Ватан гулшан аст.

Шоир шеъри худро ба унвони «Пешвои миллатӣ, Сарвари давлатӣ» ба шеваи марш сурудааст, ки бо зарби тақтеъҳо ва гузиниши овоҳо, метавонад шунавандагонро ба як низоми роҳравии дастаҷамъие, ки хоси сарбозон аст, ба ҳаракат дароварад:

Эй ту хуршеди мо, номусу нанги мо,

Ишқи ту фарру фарҳанги мо,

Куруши дигарӣ дар Ватан,

Меҳри Яздон сириштӣ ба тан.

Пешвои миллатӣ, Сарвари давлатӣ.

Насли ту насли Ориён,

Фарри ту фарраи Каён.

Тоҷу тахтат Худо додааст,

Базри меҳрат ба дилҳо нишондааст.

Пешвои миллатӣ, Cарвари давлатӣ.

 

Вай ҳамчун шахсе, ки эҳсоси латифу шинохти завқиву отифӣ ва истеъдоди шеърсароии беҳамто дорад, тавонис­тааст аз роҳи соданависӣ ба дили хонандагон роҳ ёбад. Ҳамин шеваи сароиши дилнишин аст, ки ба чанд ғазали ӯ ҳунармандон — Давлатманд Хол, Қурбоналӣ Раҳмон, Афзалшоҳи Шодӣ, Абдулхайри Муъмин, Тобиш Ҳилолӣ ва дигарон таронаҳои дилнишин сурудаанд.

Рӯзҳое, ки ҷараёни рӯди Вахш, барои бунёди Роғун баста шуд, номбурда ба ин хушнудӣ ҳамовоз гашта, бо меҳру муҳаббат тахаллусашро ба «Тоҷикидин» табдил дода, ин байтро хонд:

Гаштаам бо Оли Сомон ҳамнишин,

Тоҷиддин будам, шудам Тоҷикидин.

Шоири тавоно, ки аз бурду бохтҳои эронитаборон огоҳии густурда дорад, мисли ҳар шахси бохирад, арзиши ваҳдати миллиро дар бақои миллати тоҷик нахуст медонад. Ҳамин аст ки ба Ваҳдати миллии тоҷикон шеърҳо бахшидааст, ки ҳамчун намуна чанд байтро меорем:

Нахоҳам зи Ваҳдат дигар дилбаре,

Ки тоҷи сарам бошаду сарваре.

Зи Ваҳдат бувад фарру фарҳанги мо,

Зи Ваҳдат бувад номусу нанги мо.

Чу Ваҳдат бувад меҳан обод бод,

Зи бегонаву душман озод бод.

Ва ё:

Ҷони ҷонони Ватан, Ваҳдат бувад,

Зеби ҳар шеъру сухан, Ваҳдат бувад.

Мулки тоҷикон зи Ваҳдат чун биҳишт,

Сабзии боғу чаман, Ваҳдат бувад.

Офтоби зарфишони ҳар диёр,

Нури Меҳан, ҷони ман, Ваҳдат бувад.

Тоҷдинӣ дар сурудаҳояш ҳатто ба онҳое, ки ба неъмати ваҳдат, ки ба қавли ӯ аз гӯристони ҷанги шаҳрвандӣ, гулис­тони бемисле сохта шудааст, қадрношиносӣ мекунанд чунин фарёд мезанад:

Шумо ки сокинони кӯи ёред,

Чаро ин неъмат арзон мешуморед.

Номбурда ҳоло дар садади ба поён расондани рисолаи докторӣ мебошад, ки ҷустуҷӯҳои чандинсола ба мавзӯи ниҳоят ҷолибу дастнахӯрда бахшида шудааст, ба унвони «Таъсирпазирии Ҳофиз аз ашъори устод Рӯдакӣ». Ин пажӯҳиш бозёфти наве мебошад дар адабиётшиносӣ, ба вижа дар ҳофизшиносӣ.

Зафар Мирзоён, мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ