Ҷашни Ваҳдат пеши рӯ дастархони кушод густурда. Дастархони наҷоту салому икрому дастрасӣ ба хушиҳои нодиру бузургтар, дастархони иззату лаззату саодати волотари озодагӣ.
Ваҳдат, воқеан ҷашни расидан ба сари ғайрат, нерумандӣ, муҳаббату сулҳу якдилӣ, ҷашни эҳёи нубуғу нуфузи миллати азизи мост. Боз чӣ сифати накуӣ нагуфта андар ситоиши ин афрӯзинаи мондагор аз ҷинси офтоб, аз табори ҳамон чаҳор унсури зиндагибахшой — об, оташ, хок, бод?
Банда доиман бар ин ихлосам, ки Ваҳдати тоҷикӣ соле як бор не, балки базми растагори ҳаррӯзаи умед, тӯтиёи чашм, нӯшдоруи саҳархезон аст, ки дар хуни мо медавад ва сӯи хоҳишҳо ва созишҳову ёбишҳои нав талошу тавон мебахшад. Чун чароғи дил барафрӯхтан, чун фурӯғ дар чашм. Ваҳдати моро ҳис кардан, сутудан, сурудан кам аст. Онро дидан бояст. Дидану бӯсидан ва ба оғӯш кашидан фирдавсиёна:
Забонҳо пур аз офарини ту бод,
Сари чархи гардун замини ту бод.
Ва зистан дар паноҳи наҷобати ин дуои мутабарруки Пешвои дилзодамарди миллат, бунёдгузори ваҳдат, Президенти муътабари кишвар Эмомалӣ Раҳмон: «Худованд мову шуморо аз беватаниву бедавлатӣ абадулабад нигаҳбон бошад». Омин!
Ваҳдат моро соҳиби Ватани воҳид ва Давлати навин гардонд, Сулҳу истиқлолу созандагиро дастбакор кард.
Ваҳдате, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нақшабандӣ кард ва бо худфидоии мутобеони содиқаш баровардаи хайри барҷастасоз ва даркушои некидиҳиш кард, низомномаи шоиста зистан аст ба масобае, ки ин миллат рисолати куҳанбунёди дурахшандаи таърихӣ дорад, ҳаст ва мемонад зеби дунё. Он гуна, ки таърих мегӯяд, башарият тадорукоту расидагиҳои зиёди сулҳбандиву ҳамгироиву ҳамзистии осудаманд маслиҳат дода.
Ваҳдати тоҷикӣ шукуфаи сапедадами дигар аст.
Ваҳдати тоҷикӣ бориши ҳушу рою хирад аст дар тариқи садама задан бар сари роҳи мунозиату хушунату оташпарокании дарунсӯй ва нияту омоли муғризонаи бурунсӯй, ки дар торикиҳо по мебароваранд. Дили ман ба базми Ваҳдати толеъафрӯз боз савғотии дигар пешниҳод дорад: беҳтарин нозишу хотиру назари поки ҳақиқатро аз тани ҳамроҳону ҳамтоёну ҳамдилонам, ки аз овозашон меҳру садоқат ба Ватан мерезад, қисмат кардан.
Дар идома қиссае чанд аз рӯзгори оворагиву парокандагии пеш аз салтанати Ваҳдат, ки вирдашонро дар арафаи ҷашн боз ҳам ба хотири якдиливу давоми худогоҳии мардум фарз медонам.
Дар манотиқи гуногуни қисмати шарқу шимоли Афғонистон насиб расид, ки мо фирориёни ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон канори майдонҳои ноободи Тайёрамайдон, Боғи ширкат, Хонаобод, Тахор, Кампи сахиро «мулк»-ҳои хаймадорон бар эҳтиёҷ гирифтем (баъдан бо кумаки ансор соҳиби хонаҳои похсагӣ ҳам шудем). Худовандо мӯру малахат ҳеҷ хонавайрон, раҳрезу порез мабод! Паноҳ меҷӯям аз дами хунукзадаву чеҳраҳои пуркидаранги ғарибони навмеди таги хаймаҳои бодгузари қоқмагин, эй бародар, эй дӯст, эй ҳамдард! Касе набинад он гардиши рӯзгори беватаниву бенавоиро, ки мо дидем.
…Шерпаҳлавони номии тоҷикистонӣ як зимистони қаҳратун дар харобазори Боғи ширкат (вилояти Қундуз) камёбтарин мояи ҳаёт-хунашро фурӯхта (ба тариқи донорӣ), чӯби сӯхт хариду аҳли байти ҷавразадаашро то рӯзҳои гарм расонд. Тандиси шерсинаву барозояш, гаштугарди парешонхаёлу маҳзунаш то ҳанӯз дар пеши чашмам тоб мехӯрад.
Шоме буд ҳамдиёри ошноям шинандағариби кампи Амиробод Умаралӣ ба Боғи ширкат (ин мақар фақат номи зебо дошт, аслан, саҳрои харобзоре буд бар асари бамбортҳои собиқ артиши Иттиҳоди Шӯравӣ, чилмилаборони баъдинаи Гулбиддину Толибону дигар ғосибони кишварсӯз) маро хабаргирӣ омад. Ҷавонмарди мудом раҳмрӯву нармгапу бадониш гӯиё аз ҷӯшаи селобае баромада бошад, он қадар ғамхӯрдаву дардшакида оҳ дошт, ки гумон кардам, ҷигараш дар кафи дасташ меларзад.
- Чӣ шуда, дӯстам, ин қадар уфтасту войи бадуд мекашӣ? — аз ӯ ҳол пурсидам.
- Бародар, сад ҳазор ношукрӣ ба ин беқадриву ҳиҷрату дармондагӣ. Аз шаҳри Толиқон – маркази вилояти Тахор ҳамроҳи раиси бошишгоҳи муҳоҷирин Мирзо Мурод ба Амиробод баргаштем. Соати чори рӯз расидем ба мақари зист. Гармии сӯзандаи июл дар ин макони бармолаи кӯҳи офтобрӯ моҳиро дар рӯи санг мепазонад, тасаввур кунед, ки мурдаи мо дар таги хаймаи тафсон 13 соат ноҷунбон монад, наметосад?
Худо мадад кард, ки мо омадему аз нолаҳои зор — зори кӯдакони хаймаи гӯшагӣ огоҳ шудем. Зане аз мардуми гурезаҳои қубодиёнӣ фавтида ва дар азояш ба ҷуз панҷ кӯдаку шавҳари хастаҷигараш, ки аз чок-чоку тафсу таб онҳо ҳам дар обу ашки хеш ғарқида буданд, касе дигар набуд ҳамдарду мутаккои зиндаҳову гӯркуну кафанпечони модари чашм аз ҳаёти бенишот пӯшидаашон.
Акаи Мирзомурод чун барқ бархоста то гардани кӯҳ доду фарёди сӯгворӣ пароканд: «Эй мардуми сар дар гиребон баҷокарда, як зарра раҳму доди хешу табориву ҳамсоягӣ доред? Эй ҷавразадаҳо, бихезед, ки пеши Худову бандагонаш шармандаи ду олам шудем!»
Ман аз шавҳари гӯиё тайипохӯрдаи марҳума пурсидам, ки хоҳар кай бандагиро ба ҷо овард. Ӯ ба зӯре овози гирифтаашро таконд: «Пеш аз субҳидам».
- Ягон касро гӯрканӣ фиристодед?
- Чанд ҷавонмардро илтиҷо карда, равон кардам. Намедонам қабр канда шуда ё не.
Маро нолише саҳмгин хунамро ба ҷӯш овард. Ҳай дареғи мардуми ҳамсояву ҳамдеҳаву ҳамдиёрпарасти мо. Андуҳу шӯру шикасти Ватани гумшуда шафқату шафоати дилҳои мардуми соҳибдиламро ба сангу кулӯхи биёбон ҳамтанӣ бахшида буд. Дар хонаи тоҷике, агар баъди 10 фарзанд боз тифле ба дунё меомад, аҳли қишлоқ аз хурд то калон чанд шабу рӯз оғӯши муборак кушода, «пос»-дори меҳмони нав буданд. Дар сӯги хонадони азодоре ҳамон гуна ҳамсояву ҳамгузар сӯзу ҷафои аҷалро баробар тақсим мекарданд. Дар хунашон нишаста буд расми ҳамдардиву такядориву танҳонавозӣ чун аз гӯшаи савоби имондорӣ. Мурдаҳоро дар хок чун андаруни дилҳо мегӯронданд.
Ба зӯре худро аз чанги ин ҳасрати ҳӯшрабояндаи зулми биёбонӣ гурезондаму ба акаи Мирзомурод рӯ овардам:
- Ака, ба хайр, баъди дуову даъвати шумо хайрият мардум ҷамъ омаданд. Биё, акнун аҳволи гӯрканҳоро бинем, ки дар чӣ сурат аст.
Рафтем ба қабристон. Эй вой, он ҷо як марди афғон тайи тафту арақ теша мезад андаруни лаҳад, вале аз ҳамшаҳриёни тоҷик гарди домон барнамехост. Афғон садои моро шунида, сар бадар карду салом дод.
- Эй бародар, шуморо чӣ боде ин ҷо расонд? — пурсидам аз ӯ.
- Мусулмонӣ ҳаст дигар, бародар, фармудаи Расул ин, ки тӯли умр мусулмон се гӯр канда бошад ё дар гӯркобӣ шарикдастӣ дарёбад. Ма аз пушти ҳамин савоб хирмани ғаллакӯбии бойбоборо вогузошта омадам, ки ба тоҷикҳо суннати гӯркании ин маконро бихононам. Лекин онҳо хеле сипойӣ карда, белро дар дасти ма қапонданду худ куҷое ғайб заданд. Ҳар чӣ бошад, ма амри Худоро аз кори бойбобо ва рафтори ҳамқавмони шумо воло медонум.
Афғон баъди ин овои дардомезаш боз сар ба дарун кашиду идома ба кандан кард.
Мо ҳар ду ҳайратзада ба ватандор тавфиқ хостему ба бошишгоҳ баргаштем. Марҳума ҳанӯз бекафан мехобид. Акаи Мирзо давида аз куҷое сони такфин пайдо карду мурдаамонро ватангири муқимии хоки афғонҳо кардем…
Лаҳзае рафт, ки ҳолу ҳавои музтариби Умаралӣ сӯи Ватан, то ноҳияи дарёканори Панҷ кашид маро ва сарро рӯи сина хам кардаму хаёле соҳаи таҳарруку тадоруки ду марди наҷиб, ду меҳрубони мардум, ду раиси колхозҳои бақуввати замони шӯравӣ Кабуд Сайфидинов ва Сафархӯҷа Тоҳировро дар миёни издиҳоми одамон дидам. Дар ҳама тӯю суру ташвишу мотами ҳамдиёрон поёб ва даст пеши бар гӯӣ фарзандони ҳамон хонадон буданд, ин ду марди наҷиб. Вале аз сураткашии баъзеҳо гумон мерафт, ки онҳо бо якдигар созомад надоранд: агар колхози яке сад кило пахта ё шир зиёд мекард, дигаре аз бухл — рӯгардон.
Аммо ман рӯи ҷанозаи акаи Сафархӯҷа ашки резону мӯяи пурҳасрати акаи Кабудро дидам. Ӯ ҳаменолид: «Сафархӯҷа, э Сафархӯҷа, баъди ту ман бо кӣ ҳаммусобиқа шавам? Хусули нангу номуси ватандориву ободсозиву роҳбариро дар тарозуи ҳиммати кӣ бармекашам? Ту будӣ, ки медавидам ба нанге, ки колхозам аз колхози ту пеш бошад, зӯру маъмур бошад, мардумам бадавлату якдилу сарбаланд бошанд. Киро дигар ҳамкори мувофиқ гирам?». Шоҳидони бисёре ин марсияи ҳамнафасии баракатбахшро ёд доранду қисса мекунанд…
Ваҳдат моро аз нав ба рӯзи фаррухи худшиносӣ, ба дарвозаи аз қадим бози зод бар зод одампарваронаи фитриамон ворид сохт. Ваҳдат моро ба сари тобути хешу ҳамсояву ҳамватани аз бар рафтаамон боз ҷамъ овард бо сӯзу меҳру такядории дил.
Камина бар ин яқинам: Ваҳдат ба болои чашмамон боз шаҳкори навини маънавӣ «Тоҷикон дар оинаи таърих»-ро часпонд, ки садои садҳо банду бало, гирифториву шикасту гурез, ковишҳои адолатхоҳиву муқобила бо душманони тоҷикбадбин, шеҳаи аспу занги корвонҳои ғосибони камонкашу шамшерзани нохондаро дар мулку макони қонунии аҷдоди куҳанбуму бари гиромигуҳарамон бозгӯ менамоянд. Чун як мухлиси таърихи қадиму ҷадиди ватан аз тариқи васоити ахбор ва суҳбату гӯишҳои рӯёрӯӣ борҳо арҷ гузоштам, ки ин китобро дар мақоми муътабари шеъри одамушуарро Рӯдакӣ, «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ, «Маснавии маънавӣ»-и орифи соҳибмартаба Мавлавии Балхӣ ва дигар осори ҷаҳоншумули саромадони донишу фарҳангамон бояд хонд, хонд, хонд!
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан ин китобҳояшонро пешвоёна қуввати эъҷозе бахшида, ки ҳушдор медиҳанд: хатм бар нотавониву парешонноливу бегонапарастиву ноиттифоқӣ, гумкардабахт гаштан дар рӯзгор, ноогоҳӣ аз фаросату балоғати ниёгон. Ва бипечидан ба зарбулфатҳи Рустаму деворбандии Исмоили Сомонӣ (девори Бухоро манзур аст), зиракии Шераку кӯҳшикофии Фарҳод… бохабар месозанд ва хитоб доранд: бикушем ба таъмини шарафу шоистагии хеш, майҳане бино созем, ки дар он хуш зиндагӣ бубинем, барояш сарватҳои калон касб кунем.
Ина сабақе варзидаву обдида аз варақи «Тоҷикон дар оинаи таърих»: «Биёед чандон дур наравему қисмати фоҷиабори миллати тоҷикро дар оғози бесару сомониҳои ҷанги шаҳрвандӣ ёдовар шавем. Дар таърих ягон фоҷиаи талхтар аз ҷанги байни фарзандони як миллат нест. Қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ мардуми зудбовар ва софдили моро ба гирдоби ҷангу хунрезӣ кашида, дар байни минтақаҳои ҷудогона ва қавмҳои ба ҳам дӯст тухми адовату низоъ коштанд».
Ин суханон дарсанд, ки бихонему худро барои оянда омода созем, тан ба азми бесамаре, ба нақшаву ваъдаҳои фиребо надиҳем, ба қурбониҳои беҳуда шавқ набандем, ҳамеша огоҳ бимонем аз тавону пойдориву шукӯҳмандии хеш.
Пешвои дилогоҳ мефармоянд, ки рӯи масъалаи муҳоҷирати тоҷикон ва тарки ватан кардани онҳо илми таърихшиносии муосир ва аҳли фарҳангу маънӣ таҳқиқоти қобилу муосир нишон бидиҳанд.
Банда таърихбанд нестам, вале як тан фарёдбаре аз миёни фирориёни торазадаву тайпохӯрдаи хайманишини саҳроҳои ҷангшапидаи харобзортару ба марг ошнотари Афғонистон ҳастам, ки ин нидои Пешворо чун нӯшдоруи саломат мондан пазируфтам.
Эй дӯст, эй бародар, эй ҳамватан, аз кӯи сахти ғарибӣ бисёр қиссаҳо дорам. Аз мусибатҳои камаршикани беватанӣ ва мехоҳам бигӯяму шумо бишунавед ва сар аз гиребони бехабарӣ бароред ва бидонед, ки ҷанггириву кишваркушоӣ ҳунар нест, ватандориву дӯстдории он ҳунар аст.
Ва бидонем аз пушти кӯҳи хобзадагӣ бо як овоз бардамидан ҳунар аст.
Ва бидонем сари ҳар сангу ҳар ваҷаб хоку хори лаби ҷӯйбори бару буми азиз салом оварем, бо тапишу кӯшишу созандагӣ ҳунар гирем.
Ва бидонем ягонагии ҳамагониро Пешвои миллат бо фитрати рӯшаниёб, ҷон ба хатароти ҳалокатбор печонда (манзур саҳнаи гуфтушуниди созиши сулҳу ваҳдатгироӣ дар рустои Хосдеҳи ноҳияи Фархори давлати Афғонистон 10-11-уми декабри соли 1996 дар нишасти Президенти вақти Афғонистон устод Бурҳониддини Раббонӣ, лашкаркаши зиндаёд Аҳмадшоҳи Масъуд ва ҳайати мухолифин аст) аз адли майдонҳои пархош, дардкашиданҳову бархӯрдҳо бо зуҳуру ҳузури бадхоҳону хӯрдагирону тарроҳони ториву сорӣ муҷалло сохта. Ягонагии моро Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон аз нафаси марг наҷот дод.
Дар замини ғарибпанаҳ сурати Ватани аҷдодӣ нафас ба нафас чун офтоби шоди саҳаргоҳӣ тобон мешавад ва аммо чӣ кунӣ, ки дасти гармаш сари туро ламс намесозад. Замини ғарибнишин пири бадарду хотиргумест, ки аз хониши булбулу қақраи кабк бетоқат шавад, чашм дар роҳи баҳоре надорад, дар ҷабинаш чини лабханде намебинӣ.
Дар он саҳрои бебаргӣ ман субҳи хезохезро надидаам. Аз ғуруб то тулӯъ шабҳо гӯӣ, ки гирдогирди кулбаи похсагиам дар хоки Ватан қадам мезадам, кӯдак мешудам, кулчаи гарми навкандаи модар дар бағалам шитобон мерасидам то канори ҷӯраҳои бачагиам, ки илтифоти падарро расо созам: «Бачам, нони ёфтаатро бо Раҳматшоҳу Сахӣ якҷоя бихӯр, ки онҳо ятимони худоянд». Ҷавонмард мешудам, меҳнаткаше дар замини санглох ҳам нонёбу пулёб ва ба дастархони аҳли хонадонам чизе мерехтам, солор мешудам бо кӯҳканҳову дарёбандону заминкушоёну роҳсозону қаламкашон, ки «Хоки ватан аз тахти Сулаймон хуштар» гуфтаанд. Ҳамто мешудам бо ишқу ғуруру туғёну ғаму шодии тоҷикона.
Шаби дамкардаи ғарибон созу салоҳе надорад, ки куртаи сарду намнокатро биёвезӣ. Бовар накунед, ба он собиқ хайманишине, ки имрӯз дар кӯи неъмату ворастагии кошонаи дигарбора ёфтааш таъриф мезанад: «ҳай ҳиҷрати хуб гузаронидем, то таги қуртуқ серу пур». Се-чаҳор нафари сар то по шикаммонанд, ҳиссу рӯҳ гумкардагонанд онҳо.
Хонандаи дӯсти ман, марҳамат, бихонед акнун ёдпорае омӯзгор аз дидаҳо ва назаргириҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров аз арсаҳои талошу худфидоиҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон — дасте, ки он ғариби ду бор ҷафокашидаро ба зодгоҳаш расонд аз он рӯзгорони тӯфонии сиёсатситезии сари минбарҳо ва камонкашиву муштпарокании пушти сангарҳову курсиҳои тарроҳии сиёҳкори ба сари тоҷикон омада.
Ин хотираҳоро, замоне ки ӯ раиси ноҳияи Панҷ буд, дар суҳбату маҷлисҳояш мешунавонд, мешунавонд то пандинае бинишинанд дар дилҳо он саҳнаҳои корзору пайкору сарсипардагии Пешво дар ваҳлаи дарёбии Ваҳдату сулҳбандии миллати пошхӯрдаву ватанхаробаш:
Воқеан, Шукурҷон Зуҳуров рӯзҳову моҳҳову солҳои гуфтушунидҳои басо тундутез дар тариқи сангаршиканиву сулҳбандиву ваҳдатгироии байни тоҷикон ва бозгардониву дар манозили аҷдодӣ шинанда кардани гурезаҳои иҷборӣ пайрави содиқу боиродати Президенти кишвар буд. Инак, гуфтори фаромӯшношудании ӯ:
«Бояд бидонем, бидонед ва бидонанд: Ваҳдате, ки созу бунёдаш ба қавли нодидагирону нохоҳону навмедон дастнорас буд, нобудӣ наздиктар буд аз будан чӣ гуна ба мақоми чашмгир расид. То саҳнаи имзо ба санади оштиву иттиҳод 21 маротиба байни мухолифин ва Президенту пайгиронаш гуфтушунид сурат гирифтанд. Дар домани баҳсу баёни мураккаб, моҷароҳои ризою норизои тарафайн, ниятҳои дӯстонаву нохайрхоҳона 3 солу 3 моҳ сипарӣ шуд. Дар дилам аз он айёми пуртаҳлука насиҳати пурҳикмате аз Президенти вақти Афғонистон устод Бурҳониддини Раббонӣ чун чароғ рӯшанӣ медиҳад: «Дӯстони тоҷики ман, ба ҳоли мо хуб зеҳн монед, дар миёни ин қадар шӯришу носозгорӣ зиндагии хушро гум кардем мо. Аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон дарёфтам, ки ин ҷаноб бисёр-бисёр хостори зиндагии хуши ҳамватанонаш ҳаст. Дар пайравии ӯ шумо ба созиш бирасед, тоҷиконро аз вартаи хорузор шудан бираҳонед».
Дар гуфтушуниди дигаре аз забони лашкаркаши зиндаёд, бузургтарин дӯсти Тоҷикистон Аҳмадшоҳи Масъуд шунидам: «Чӣ мардуме ҳастем, озодагӣ дар хунамон ҷорист. Тоҷикон бо инояту раҳкушоии Эмомалӣ Раҳмон ба чавкии озодагиву иттиҳод менишинанд».
Ваҳдат моро ба ширинизори забони худододе, ки доштем, бирасонд.
Ваҳдат моро боз ба ҳамон қуллаи ифтихорманди маънавӣ шинонд. Дамдамаҳои муғризону ноназаргиронамонро, ки моро қобили булуғу фурӯғ намешумурданд, моро миллати тамаддунфурӯз, аломадоре, тоҷвару болваре надонистанд, ба кунҷи осорхонаи таърих пинҳон кард. Ваҳдат рӯи моро аз ғӯттаи хоктӯдаҳо ва захмҳои шукуфон ва занҷирҳои ғуломгардон бардошт, ба чеҳраҳои паридарангамон сурхии хун давонд.
Қиссаи дурударози гиристанисту нанговарест саргузашти шоха-шохаву торазадаи тоҷиконаи мо чун садҳо гурезогурезу пинҳонгириву ватанноливу рустамкобии гузаштагонамон рӯи ҳама чиз доштану ба чизе дастрас набудан.
Таҳу тӯшаи ин қиссаи навбатиро қазоват кунед:
Гӯянд Музаффар бини Наср, дар ҳоле ки писараш Вайс ҳамроҳаш буд, сари роҳе зимни суол хост ӯро таълим бидихад:
- Мо ҳозо? (Ин чист? — аз гуфтори арабӣ) — ба чорвои бари роҳ ишора карда, пурсид аз писараш.
- Ин буз аст, «маъз» ба забони мо, — ҷавоб дод Вайс.
- Савганд аст, ки туро ба қарияҳои дурдаст бифиристам, то калимаи «буз»-и ин мардум дар забонат нагардад. Ва ӯро ба бодияе расул фиристод, ки аз гӯиши форсӣ наҷвое барнамехост.
Саркардаи дигаре аз қавми араб фатво дода: «Ин дуро фурӯмоя бояст шумурд: яке он, ки дар маҷлис аз ӯ бӯи шароб хезад, дувум он, ки дар қаламрави араб ба забони форсӣ сухан гӯяд».
Ва боз ҳам «Аз мост, ки бар мост». Муллонамой — як тоҷики ноогоҳе фахр парешид: «Кошкӣ, араб таваллуд мешудам ба хотири мутобаат аз дини муҳаммадӣ».
Эй зеҳни нокиро! Ҷаноби Паёмбар (с) забони форсиро забони ҷаннатиён эълом дошта! Намедониё, намедонӣ! Дар ин даврон ҳар кӯдаки араб ба ҳисоби миёна дар як сол 7 дақиқа китоб мехонаду кӯдаки амрикоӣ ҳар субҳ 6 дақиқа китоб мехонад. Ҳар фарди амрикоӣ тӯли як сол 35 китоб мехонаду 80 араб дар як сол як китоб мехонад.
Забони моро халқи олам забони ошноӣ, забони меҳру суруду ишқу зебоӣ шинохта! Боз ба чӣ дастрасие умедворӣ, ҳамсуҳбати муҳтоҷ ба арабигарӣ? Бо забони худ имрӯз мо он чаҳор ситораи муҷаллои иқболи хеш — Ваҳдат, Истиқлол, Сулҳ, Давлатамонро меситоем, менавозем, ҷаҳон эътироф дорад!
Ваҳдат огоҳ месозад: бас аст нокомиву ғарибмуриву бехабариву ношумордорӣ! Бас аст садсолаҳо бе Истиқлол, бе Сулҳ, бе Ваҳдат, бе Давлати миллӣ зистан дар ҷову пойи муқаддару муаззами аҷдодӣ. Бо табиати гунҷишкони сари шох панаҳ бурдан ва аз худгузариву нисор барои озодиву хок!
Мо медонем, метавонем ва мукаллафем: имрӯз бадиҳо, ҳасодат, худнамоиҳо, дайҳимталошиву таҷассумоти бегонагиро аз пайкари ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дини мубини ислом покшӯӣ созем.
Ваҳдат моро ба корзори роҳсозон хезонда, то Бадахшону Зарафшону Хуҷанд дар рагҳои сарзамини азиз хуни ягонагиву ватанпарвариву зиндагии шоиста бидавад.
Ваҳдат таҷлилҳои 1100-солагии давлати Сомониён, бузургдошти «Шоҳнома»-ву мартабаи ҳаким Фирдавсӣ, ёдоварии пешвои бузурги мазҳабӣ — Имоми Аъзам, хотирхоҳии Мавлонои бузурги Балх…ро ба нишони ҷаҳонӣ фаро гирифт. То дар хуну зеҳну ақлу ҳунарамон арзишҳои забону фарҳанги дарӣ ҷовидонёд бимонад.
Дар партави нигоришоти Ваҳдат Пешвои миллат соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон дошта, ки ба ягонагиву неруи созандаи миллат ғайрату азамати ҷавонӣ бипайвандад, насли ҷасури ояндасоз камол ёбад.
Афзуда бод ин меҳру мардумӣ! Поянда бод Ваҳдат – пуле аз ақлу салому ҳунари пояндагиву зиндагии фархунда!
Мо қавме ҳастем, ки 2500 сол боз таърих ба гӯшамон нидои падарсолори бузурги ҳамзабон, нахустин императори соҳати ҷаҳонӣ Куруши Кабирро мерасонад: «Мо бояд аз шаб чунон баҳра бигирем, ки дигарон аз рӯз мегиранд». Ба ин дастур на чандон, ки мехоҳем, балки чандон, ки метавонем, ҳар субҳи рангини Ваҳдат бояст аз пайи Мунодиву Солори ватангиру якҷоясозамон роҳ бигирем. Ҳар коре, ки моро чандпарча бисозад, бояст ҷилавашро битобем. Мерасад рӯзе, ки бо зӯри дил, бо талошҳои Сарвари ояндабин Эмомалӣ Раҳмон, бо нанги саромадаи худафрӯзи ҳамватанонаш ба Ваҳдати тоҷикона ҳам расидагии Наврӯзи ҷаҳонӣ унвон бубандем.
Мирзо НАБОТ, собиқадори матбуот, ноҳияи Панҷ