Майҳан шавад гулистон аз инқилоби Ваҳдат,
Бо оби зар нависем ин ҷо китоби Ваҳдат.
Баҳри нумӯи кишвар, хушбахтии саросар,
Мардона мезанем чанг мо бар таноби Ваҳдат.
Овозаи диёрам, ҳам шуҳрати нигорам,
Ҳоло барад ба гардун файзи савоби Ваҳдат.
Эй марди поктинат, дар хонақоҳи миллат,
Шукрона саҷда бинмо бар меҳроби Ваҳдат.
Аз ошёни боло, бо амри Ҳақ таъоло
Як субҳдам шунудам савти рубоби Ваҳдат.
Дӣ шайх бемуҳобо, бинмуда роз ифшо,
Дар кӯча рақс кардӣ маст аз шароби Ваҳдат.
Гардад хуморӣ бешак то интиҳои умраш,
Аз сидқ гар чашад кас аз хамри ноби Ваҳдат.
Ваҳдат бақои миллат, Ваҳдат сафои миллат,
Ёрон, ба гардиш оред, ҷоми шароби Ваҳдат.
Баҳри ризои ёрон, ҳамранги мурғи хушхон,
То субҳ қисса гӯяд, Мирзо зи боби Ваҳдат.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»