Биноан, дар ин маврид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид намудани муқаррароти алоҳида зарур аст
Аз мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 10 сол сипарӣ шуд. Дар ин хусус чанд нафар сокини ноҳияи Рашт ба хабарнигори рӯзнома пешниҳодҳояшонро чунин иброз доштанд:
Ривоҷиддин Тоҷиддинов, корманди шуъбаи маориф:
- Қабули ин қонун муҳим, саривақтӣ ва тақозои замон буд, ки онро, пеш аз ҳама, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк карданд. Аз рӯзи қабули он дар кишвар дигаргуниҳои зиёд ба вуҷуд омад ва барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум замина гузошт. Вақти он расидааст, ки баъзе тағйирот ба он ворид карда шавад. Аз ҷумла:
- Вақти баргузории чорабиниҳо дар фасли баҳору тобистон тағйир дода шавад. Яъне, маъракаҳо аз соати 6-и субҳ оғоз ёфта, соати 900 ба поён расанд.
- Барои ашхосе, ки дар тарғиби сарулибоси бегона, аз ҷумла сатр ва ҳиҷоб саҳмгузоранд, тибқи қонун ҷазо муқаррар карда шавад.
Раҳима Исоева, сармутахассиси Бахши ҳифзи иҷтимоӣ:
- Дар маҳалҳо баъзе маъракаҳо пинҳонӣ баргузор мешаванд ва дар қонун нисбат ба тартиби баргузории онҳо чизе зикр нашудааст. Бинобар ин, бо дарназардошти муҳит, расму оини сокинони маҳал ва дархосту таклифи занон пешниҳод менамоям:
- Номгузории тифл, ки дар мо бо иштироки теъдоди зиёди одамон гузаронида мешавад, маҳронабарӣ, ки дар он занон аз ҳар ду ҷониб ҷамъ омада, бо додани ду-се намуд таом маърака меороянд, инчунин рафтани шумораи зиёди янгаҳо ба хонаи домод ба танзим дароварда шаванд.
Нодири Абдуназар, зиёӣ:
- Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар беҳбудии ҳаёти мардум нақши муассир бозид. Пешравиҳо зиёд ба назар мерасанд, аммо он ба такмил ниёз дорад. Масалан, вақти гузаронидани маъракаҳо, махсусан дар фасли тобистон, ба иҷрои дигар корҳо халал мерасонад, Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки вақти гузаронидани маъракаҳо дар ноҳияҳои аграрӣ вобаста ба фаслҳои сол муайян шавад.
Суҳбаторо Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»