Барқияҳои тасаллият

№77 (3714) 30.06.2017

 24 июни соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

 «Муҳтарам ҷаноби Раис!

Хабари талафоти зиёди одамон бар асари фаромадани ярч дар музофоти Сичуани Хитойро бо андуҳи амиқ дарёфтам.

Дар ин соатҳои душвор мо дарди мардуми дӯсти Хитойро қисмат мекунем.

Хоҳишмандам тасаллияти амиқ ва ҳамдардии моро ба пайвандону наздикони бар асари ин ҳодиса ҳалокшудагон расонед».

***

26 июни соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн ва Муҳаммад Навоз Шариф барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

 «Ҷанобони Олӣ!

Фоҷиаи ҷон бохтан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари сӯхтор дар шаҳри Бахавалпури вилояти Панҷоб боиси андуҳи амиқи мо гардид.

Ҳамдардиву тасаллияти хешро ба  наздикону пайвандони фавтидагон изҳор намуда, аз даргоҳи Худованди мутаол ба онҳо сабри ҷамил  ва барои осебдидагон шифои комил мехоҳам».

www.president.tj