Қонуне, ки тарғиби коммунизмро мамнуъ мегардонад
Вакилони Сейми Полша қонунеро қабул карданд, ки тарғиби коммунизмро манъ мекунад. Тибқи иттилои ТАСС ин ҳуҷҷат ба масъалаи аз байн бардоштани ёдгориҳои замони шӯравӣ, аз ҷумла Маҷмааи ёдгории «Армияи сурх» дахл дорад ва баъди се моҳ мавриди амал қарор мегирад.
Коршиносон тахмин мекунанд, ки тибқи он 500 иншоот, аз ҷумла 250 ёдгорие, ки ба Армияи сурх дахл дорад, аз байн бардошта хоҳад шуд.
Салоҳияти Хадамоти муҳофизати Россия зиёд шуд
Вакилони Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия қонунеро қабул карданд, ки салоҳияти Хадамоти федеролии муҳофизатро зиёд мекунад. Аз ҷумла, мувофиқи он хадамоти мазкур метавонад маълумот дар бораи афроди таҳти муҳофизатро махфӣ нигоҳ дорад. Ҳамчунин, ҳақ дорад дар бораи махфӣ нигоҳ доштани маълумот оид ба аъзои хонаводаи ин гуна шахсон низ чораандешӣ кунад.
Аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ маҳрум мешаванд, агар…
Парламенти Қазоқистон қонунеро ба тасвиб расонд, ки шаҳрвандони кишварро барои амалҳои террористӣ, аз ҷумла, ташкили гурӯҳҳои ҷиноӣ, иштирок дар онҳо, ҳамла ба Президенти кишвар аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ маҳрум мекунад. Он, ки аз ҷониби баъзе таҳлилгарон аллакай мавриди интиқод қарор гирифтааст, барои имзо ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев фиристода шудааст.
Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»