Дар Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешниҳоди хулосаҳо ба иҷлосияи Маҷлиси миллӣ

№78 (3715) 01.07.2017

DSC_080130 июни соли ҷорӣ ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа баргузор шуд. Ба рӯзномаи он ду масъала — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» ворид гардиданд.

 Раиси Кумита Фарҳод Раҳимӣ масъалаҳои зикршударо муфассал шарҳ дода, зикр намуд, ки мақсад аз қабули қонунҳо такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи бештари ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандон аст.

Баъди муҳокимаронӣ оид ба масъалаҳои баррасишуда хулосаҳо қабул ва ба Иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум».

Суратгир Т. Саидов