Тоҷикистони соҳибистиқлол 20-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллиро бо дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт пешвоз гирифт. Бист сол дар назди таърих муҳлати андакест, вале нақши ин неъмати бебаҳо дар ба даст овардани субот, рушди низоми давлатдорӣ ба садсолаҳо баробар мебошад.
Бале, шукри Худо, ки ба мо муяссар шуд дар давраи кӯтоҳи таърихӣ таҳти сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон роҳи дурударози давлатсозии аврупоӣ ва ғарбиро бо хотима додани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ паси сар намоем. Фазои андешаи илмӣ, динӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсӣ, дар баробари давлатсозии ояндаи кишвар, сарфи назар аз таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, хеле пуртазод буд. Ба болои ин масоили мухталифу ҳалталаби ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва динӣ зери таъсири унсурҳои дохилию хориҷӣ мушкилиҳо зам менамуд.
Бо шиори ҳимояи миллат ва манфиати мардуми Тоҷикистон, чӣ дар солҳои аввали истиқлолият, чӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, чӣ дар давраи баъдиҷангӣ ва ҳоло низ иддае монда нашуда, озодии ғарбию «бисмиллоҳи» шарқиро ба василаи муҳими худмуаррифӣ табдил дода, воситаҳои ахбори оммаро ҳамчун майдони муборизаи озоди афкор истифода бурданд ва бурда истодаанд. Албатта, барои миллате, ки бо ном чунин «фарзандони фарзонаи созандаи афкор» дорад, шинохти имрӯзу оянда осон нест, зеро ҳама доди ватанхоҳӣ зада, аз дифои манфиатҳои миллату давлату дин ҳарф мезананд, ба хотири гиромидошти арзишҳои миллӣ худнамоӣ мекунанд, вале дар одитарин ҳолат мебинем, ки кору амали аксари онҳо фарсахҳо дур аз худшиносии миллию инсонгароии асл аст.
Қисмати дигар зери сарпарастии «бародарон»-и беруна донишу малакаи «озодихоҳӣ» касб намуда, барои кашфи асрори норасоиҳои давлат дасту остин бар зада, ночизтарин мушкилотро тавассути расонаҳо хатари ҷаҳонӣ ва иллати бузург муаррифӣ менамуданд. Ин буд, ки мардуми ҷаҳон моро мисли Сурияи имрӯз мешинохтанд.
Ин нишонаи худшиносӣ ва қадршиносӣ аз соҳибихтиёрии давлату миллат набуд. Агар Ж. Ж. Руссо барин шахсияти таърихии озодипараст, ки ифтихор аз давлати буржуазии асри ХУIII Фаронса кардааст (он замон доир ба озодии сухан ва ҳуқуқи инсон ҳарф задан кори мушкиле буд), чаро мо аз давлати соҳибихтиёру демократии хеш ифтихор накунем ва дар ҳифзи арзишҳои миллии он саф накашем?
Таърих исбот кардааст, ки бузургию пешоҳангии давлатҳои пешрафтаи Аврупо ва Амрико аз фарзандони содиқу вафодор, донишманду соҳибкасб будааст, на аз чизи дигар. Роҳҳои баҳамоии мардуми Тоҷикистон, ки то имрӯз таҳти роҳбарии Сарвари хирадманди кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муваффақиятҳои муайян ноил гаштааст, ҳоло низ аз назари илмӣ таҳқиқи пурра наёфтаанд. Чунки имрӯз ҳам гурӯҳҳои алоҳида бо кӯшишҳои ноҷо ва тарғиботи нодуруст миллатро дар чаҳорчӯби таассуб, хурофот нигоҳ дошта, онҳоро ба бегонапарастӣ ва дур шудан аз асли хеш ҳидоят мекунанд. Қисмате аз ҷавонони моро ба ташкилоту ҳаракатҳои ифротӣ ва террористӣ шомил намуда, қисмати дигарро ба ҷанги бародаркуши кишварҳои исломӣ кашида, ба Ватан-Тоҷикистони азиз таҳдиду ба Истиқлолияти давлатӣ латма ворид менамоянд.
Албатта, давлат ва мақомоти давлатӣ пеши роҳи чунин бетартибиҳоро мегирад. Ватани моро ҳифз менамояд, вале роҳи беҳтару хубтари монеъшавӣ ба чунин таассубу хурофот ва ҳаракатҳои номатлуб муборизаи мафкуравиии аҳли илм, дин ва ҷомеа бо чунин унсурҳои норавост. Дар ин роҳ бедор кардани неруи маънавии ҷомеа шарт ва зарур аст.
Қадами нахусти пешгирии ин иллатҳо дар сатҳи мафкураи ҷомеа бояд сурат гирад. Оё мо метавонем, ки бо истифода аз неруи ақлонии дохилӣ бо чунин иллатҳои мафкуравии ҷомеа босубот мубориза барем? Албатта, метавонем. Мо захираи маънавии ғанӣ, насли ҷавону созанда, олимони шинохта ва таҷрибаи таърихие дорем, ки имкони пешгирии ин муаммоҳоро доранд.
Тавре Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар дарёфти истеъдодҳо таҷрибаи бузург доранд, моро низ лозим аст, ки онҳоро пайдо карда, тарбия намоем. Ба онҳо фазои мусоид фароҳам овардан, андеша ва офаридаҳояшонро дар ҳалли тақдири ояндаи ҷомеа ва миллат истифода бурдан ба манфиати кор аст.
Зарур аст, ки дар тарбияи насли наврас ва омода сохтани олимони оянда, созандагони фардои кишвар чораҳои муассир андешида, дар тағйири раванди таълим ва инкишофи низоми касбомӯзӣ таҳаввулоти амиқ рӯи кор оварем.
Ташкили гурӯҳҳои корию вохӯриҳо бо аҳли ҷомеа аз ҷониби мутахассисону олимон ҷиҳати пешгирии амалҳои зишту номақбул, албатта, хуб аст, вале он роҳи ягона ва комили беҳдошти авзои ахлоқӣ ва маънавӣ шуда наметавонад. Низоми маърифату таълим бояд баробар бо пешниҳоди донишу маърифат, оғоз аз боғчаи кӯдакона то донишгоҳу донишкадаҳо, ба тарбияи маънавӣ ва ахлоқӣ диққати ҷиддӣ дода, дар тарбияи фарзандони содиқу вафодори Ватан саҳмгузор бошад.
Раванди таълим ва илмомӯзӣ бо тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ бояд пайваст сурат гирад, дониш ва ахлоқи ҳамида ду паҳлуи як сиёсати тарбияи насли наврас бошад. Корхона, ташкилот ва муассисаю иттиҳодияҳо, қабл аз ҳама, бояд худашон ҷиҳати баланд бардоштани ахлоқу маънавиёти кормандон ва аъзо чорабиниҳо ва корҳои доимии тарғиботӣ, фарҳангӣ ва ахлоқӣ дар алоқамандӣ бо чорабиниҳои варзишӣ ташкил намоянд. Барои ин зарур аст, ки низоми кор ва заминаҳои ҳуқуқи фаъолият дар муассисаҳо ба чунин раванд мусоидат намояд, зеро сатҳ ва сифати ҷомеаи шаҳрвандӣ аз унсурҳои мустақили озоди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фаъолу баландмаърифат вобастагӣ дорад. Дар шароити сиёсати дарҳои кушода, иттилооти озод ва тарғиби ҳуқуқу озодиҳо рушди ахлоқӣ ва маънавии корманд ва аъзои ҷомеа кори давравӣ набуда, балки ҷузъи корҳои амалӣ ва рӯзмарраи мақомоту муассисаҳо мебошад.
Давлати иҷтимоӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар заминаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба мисли режимҳои собиқ наметавонад корпуси идеологӣ ва назоратии худро дар ҳама паҳно тавсеа дода, таҳти назорат гирад, пайваста сохтору ниҳодҳои мухталифро ба корҳои тарбиявӣ ва худшиносӣ ҷалб намояд. Низоми ҳуқуқӣ бояд низоми корӣ ва таълимиеро рӯи кор оварад, ки ҳар узви ҷомеа баробари меҳру муҳаббат ба касбу кор, корхона, Ватан — Тоҷикистонро, ки ин шароитро барои ӯ муҳайё кардааст, дӯст дорад. Дар низоми кории корхонаҳо чорабиниҳои пайвастаи маърифатӣ, ахлоқӣ ва маънавию сиёсӣ ба манфиати кор аст. Ба мақсад мувофиқ аст, ки кӯшишҳои воситаҳои ахбори омма, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти худфаъолиятӣ бо дастгириҳои муайян фаро гирифта шаванд.
Бузургон дуруст гуфтаанд: «Таърих такрор намеёбад, вале унсурҳои ҷудогонаи он такрорёбанда аст» (Питирим Сорокин, иҷтимоъшинос). Дар мисоли таассубу ифрот, дуршавӣ аз арзишҳои миллию мазҳабӣ ва инкори манфиатҳои давлатӣ таърихи халқи мо ҳодиса ва рӯйдодҳои гуногуни такрорёбандаро медонад. Аммо дар қиёс бо мо бузургони гузаштаамон – Абӯҳанифаю Абуҳафси кабир, Муҳаммади Шайбонию Абуҳафси сағир, Абу Ҳакиму Мотуридии Самарқандӣ, Рӯдакию Фирдавсӣ, Ҳофизу Саъдӣ, Аттору Мавлавӣ, Носири Хусраву Ғаззолӣ, Синою Хайём, Саноию Низомӣ дар муқобили чунин норасоиҳо ва иллатҳои иҷтимоию динӣ хеле оқилона ва хирадмандона мубориза бурдаанд, зеро онҳо номи миллат ва халқи тоҷикро дар вазнинтарин даврони сиёсии кишвар, маҳрумияти халқ аз идораи давлат тавонистанд ҳифз намоянд ва ба ҷаҳониён бишиносонанд. Мутаассифона, мо дар ҳолате ки давлати миллиамон ба гуфтаҳо ва эҷодиёти созандаамон ниёз дорад, ба ҷуз имрӯз фардоро дида наметавонем, маънӣ ва дарси наве барои ояндагон дода наметавонем. Ҷаҳон дар остонаи ҳазораи сеюм бо роҳҳои мураккабу печида инсониятро ба сӯйи ояндаи номуайян ҳидоят менамояд, ки шинохту пешбинии ҳодисоти он бе беҳтарин ва баргузидатарин ашхоси илмии даврони нав осон ба даст намеояд.
Ҳодисоти оламгири охири қарни гузашта бо силсилаи пошхӯриҳои низоми кишварҳои сотсиалистию истиқлолияти давлатҳои миллӣ тавлидгари як сиёсату як мафкура буда, пошхӯрию парокандашавиро барои қисмате аз кишварҳо ва муттаҳидию ваҳдатро барои иддаи дигари давлатҳо чун ҳодисоти тазод рӯи харитаи ҷаҳон овард. Барҳамхӯрии давлати шӯроҳою муттаҳидии миллати Олмон, пошхӯрии давлатҳои мураккаби Аврупои Шарқию муттаҳидии давлатҳои Аврупои Ғарбӣ идомаи мантиқии сиёсати ҷаҳонӣ буд. Сиёсате, ки оқибатҳои мухталифро ба сиёсати ояндаи халқу миллатҳо инъом кард. Азбайнравии тазоди мафкуравӣ ва тавлиди тазоди усулӣ ба зоҳирёбии манфиати кишварҳо таъсир расонида, наққошони ояндаи авзои сиёсии инсоният (архитекторҳои ояндаи олам)-ро ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ кард.
Ҳар нафаре, ки аз рӯзгори гузаштагон хуб огоҳӣ дорад, осон пай мебарад, ки таърих нисбат ба ин даврон хеле баланд ва ҷиддӣ ҳарф хоҳад зад. Ин давронест, ки бо ҳама мушкил чунин муносибатро арзанда аст, зеро маҷмӯи ҳодисоту лапишҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодию ҳуқуқии он то дараҷае тақдирсозу тағйирпазиранд, ки садоҳои он ба умқи садсолаҳои оянда ба ҳайси як даврони гардиши куллӣ хоҳад расид. Ин даврон бо вуҷуди он ки бисёре аз равандҳои пошхӯрию бархӯрдҳоро дорост, ба ҳар халқ ва ҳар кишваре чизе дода, инъоме бахшидааст. Барои мо соҳибистиқлол шудан, ба ваҳдати миллӣ расидан ва соҳиби Пешвои миллат шудан бузургтарин неъматҳо буд.
Яке аз рукнҳои муҳими бунёди давлати миллӣ Истиқлолияти давлатист. Истиқлолият танҳо бо эълон намудану қабули санади соҳибихтиёрӣ ва Эъломия анҷом наёфта, ҳуқуқи халқу миллатро ба таъсиси ҳокимияти давлатии мустақил дар дохили кишвар амалӣ намуда, онро чун субъекти соҳибихтиёр ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ва майдони муборизаи ҳастӣ ворид сохтан аст. Аз дидгоҳи ҳуқуқи конститутсионии муосир, Истиқлолияти давлатӣ сарчашмаи худро аз соҳибихтиёрии давлатӣ мегирад. Соҳибихтиёрии давлатӣ як навъи соҳибихтиёрии умумист. Соҳибихтиёрӣ усулан ба се навъ тақсим мешавад: халқӣ, миллӣ ва давлатӣ. Соҳибихтиёрии халқӣ дар ифодаи иродаи халқ ҳамчун манбаи ҳокимияти давлатӣ зоҳир меёбад. Яъне, халқ сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатист. Барои соҳибихтиёрии халқӣ демократия ва институтҳои демократӣ, қонуният ва низоми интихоботи озод пинҳонӣ ва шаффоф хизмат мекунад. Ба як маънӣ, халқ дар муайян намудани тарзи зиндагӣ, шакли идора ва низоми иқтисодию иҷтимоӣ соҳибихтиёр аст.
Соҳибихтиёрии миллӣ мустақиман, бе дахолати дигар миллатҳо, ҳуқуқи худро дар муттаҳид шудан, таъсис додани давлати мустақил ва муайянкунии мақоми сиёсӣ дарк кардан аст. Натиҷаи амалӣ шудани соҳибихтиёрии миллӣ таъсиси давлати миллист.
Умуман, соҳибихтиёрии давлатӣ, ки ба Истиқлолияти давлатӣ анҷом мепазирад, зинаи охирини соҳибихтиёрист, ки мустақилияти давлатро дар дохил ва хориҷ муаррифӣ менамояд. Соҳибихтиёрии давлатӣ – волоият ва мустақилияти ҳокимияти давлатӣ дар дохил ва муносибатҳои хориҷи кишвар аст. Соҳибихтиёрии давлатӣ дар конститутсияҳо муаррифӣ мегардад ва нишонаи муҳими давлат аст. Танҳо давлати соҳибихтиёр ҳуқуқи дар муносибатҳои байналхалқӣ ҳамчун субъекти мустақил баромад карданро дорад. Соҳибихтиёрии давлатӣ ба соҳибихтиёрии сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва дохилию хориҷӣ тақсим мешавад, ки дар маҷмӯъ мустақилияти давлатӣ ва ё истиқлолияти онро мефаҳмонад. Соҳибихтиёрии сиёсӣ ҳокимияти ягонаи давлатӣ-ҳуқуқиро дар ҳудуди муайян — низоми ягонаи сарчашмаҳои ҳуқуқӣ, қонунҳои ягона ва тартиботи якхела баён мекунад. Ҳамин тавр, соҳибихтиёрии давлатӣ, ки ба истиқлолияти комили давлат дар муносибатҳои дохилӣ ва хориҷӣ анҷом меёбад, давлатро ҳамчун падидаи томи комилҳуқуқ муаррифӣ кардан аст.
Ба хотири муттаҳид шудан бо ташкилотҳои байнидавлатӣ ва иҷрои ҳадафҳои боз ҳам васеътар мумкин аст, ки давлатҳо баъзе рукнҳои соҳибихтиёрии худро маҳдуд кунанд ва ё ба маслиҳати якдигар вогузор намоянд. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки соҳибихтиёрӣ қимати бузургу беандозаро барои халқу миллатҳо дорост.
Тоҷикистон то пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ соҳибихтиёрии халқӣ ва миллиро нисбатан дошт, аммо пас аз пош хӯрдани Иттиҳод, ки дар асоси шартнома ҳуқуқҳо маҳдуд шуда буд, ҳуқуқҳои соҳибихтиёрӣ то соҳибихтиёрии давлатӣ барои Тоҷикистон насиб гардид. Барои кишвари мо зарур буд, ки ба мафҳум ва аҳамияти ин неъматҳои олӣ дуруст сарфаҳм рафта, онро ба манфиати умум истифода намояд.
Эъломи истиқлолияти кишвар, ҳифз намудани он ва баромад ба низоми давлатҳои ҷаҳонӣ, бо мақсади эътирофи миллати соҳибдавлат, дар назди мардуми Тоҷикистон тайи беш аз 25 соли истиқлолият, вазифа ва муаммоҳои гуногуни сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро пеш гузошт. Давлати Тоҷикистон дар сарҳади ду тамаддуни аз назари иқтисод тафовутдошта (капитализм ва сотсиализм), ду идеологияи таърихан ноошно (дунявият ва ислом) ва гурӯҳи забонҳои аз қадим дар рақобатбуда (забонҳои форсӣ ва туркӣ) қарор гирифта, баъд аз пошхӯрии низоми давлати шӯравӣ як нуктаи ниҳоят дарднокро мемонд.
Аз ин ҷост, ки давлатҳои абарқудрати ҷаҳон, ки аз қадим нисбат ба ҳавзаи Балкан ва Осиёи Миёна иштиҳои хуб доштанд, пас аз озодшавии мулкҳои Осиёи Миёна нақшаҳои стратегии худро нисбат ба ин минтақа тарҳрезӣ намуда, бо ҳар роҳу восита кӯшиши ба ҷониби худ кашидани онҳо ва гирифтани фоидаҳои молиро ҷустуҷӯ менамуданд. Ба ин минтақа ҳам он давлатҳое, ки замоне дар ин ҷоҳо империяи бузургро таъсис дода буданд, онҳое, ки дар замони нав ба ин минтақаҳо роҳ ёфта буданд ва ҳам онҳое, ки аз тақсимоти таърих дар ибтидои асрҳои миёна ва замони мустамликадории даврони навини асри Х1Х аз ин ҳудуд маҳрум монда буданд, лекин ҳанӯз ҳисобу китоби худро бо онҳое, ки дар ин минтақа нуфуз доштанд, баробар кардан мехостанд, дастдарозӣ намуда, имконияти фурӯ бурдани луқмаи навбатии омодагардидаро дар даст доштанд…
Ба қавли идеологи стратегии ИМА Збигнев Бжезинский, ки оламро чун тахтаи шоҳмоти ҷаҳонӣ байни қудратҳо тақсим намуда, вазифаи шоҳиро ба амрикоиҳо додааст, ба ин сарзаминҳо ба ҷуз аз давлатҳои номбаршуда дигар кишварҳо низ фурсати дастдарозиро интизоранд. Афсӯс, онҳое, ки бо баҳонаи ночиз фазои ороми кишварро вайрон карданӣ мешаванд, на ҳамеша аз ин мақсадҳо ва ҳадафҳо огоҳанд. Зери пардаи муносибатҳои дӯстонаи давлатҳо дар ҳавзаи Осиёи Миёна пас аз пошхӯрии низоми шӯравӣ чунин муборизаю ғаразҳо нуҳуфтааст, ки дарки ҳар соҳибватан аз он нияту маромҳо шарт ва зарур аст. Аммо ҳамаи ин дар назди иродаи қавии халқу миллатҳо, ки роҳи хешро ба сӯи соҳибихтиёрию истиқлолият муайян намудаанду ҳамдигарфаҳмию ваҳдатро аз ҳама неъматҳо боло медонанд, ҳеҷ аст. Мардуми ин кишварҳо ва давлатҳои тозаистиқлол, тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, дар роҳи муттаҳид сохтани қишрҳои ҷомеа дар атрофи арзишҳои олии давлат саҳмгузор бошанд. Онҳо бояд ба таҳкими чунин давлатдорие даст зананд, ки он аз таҷрибаи хуби пешқадами ҷаҳонӣ, аз решаҳои фарҳанги миллӣ ва дастовардҳои ҷаҳонӣ об хӯрда бошад ва дар асоси ақли созанда ва хиради тамйизкунандаи неку бад ба бинои давлати миллӣ даст зананд.
Омили дигари муҳими ҳимояи истиқлолияти кишварҳои тозаистиқлол ташаккули амалии андешаи давлати миллӣ ва ҳуқуқи миллӣ аст. Идеяи соҳибихтиёрӣ, ки дар ибтидои мустақилияти давлатҳои собиқ шӯравӣ ба омилҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва миллӣ такя менамуд, дар байни ин омилҳо ҷавҳари аслии истиқлолиятро ҳамчун омили муҳими идеологӣ кашф намуд. Ин хеле воситаи муҳим буд, зеро шакли сохтори федеративӣ, ташкили принсип ва арзишҳои идора ва ҳуқуқэҷодкунии интернатсионалӣ имкони ташаккули ғояи миллати ҷудогонаро тадриҷан заиф мегардонд.
Интернатсионализм, махлутгардии беҷою баъзан сунъӣ ва ассимилятсияи сохта зина ба зина ба шаклҳои зоҳирёбии ягонагии миллатҳои ҷудогона таъсири манфӣ мерасонад. Таърихи на чандон тӯлонӣ шаҳодати он аст, ки чунин маҳак ва ҷавҳари асосии мафкуравии давлатҳои соҳибистиқлолро идеяи (ғояи) давлати миллӣ бар дӯши худ мегирад. Акнун давлатҳо воситаи муҳими ҳимояи истиқлолиятро дар ҷавҳари аслии худ ҳамчун мафкураи давлати миллӣ мебинанд.
Ҳуқуқшиноси шинохтаи тоҷик, профессор А. Холиқзода қайд менамояд, ки «Андешаи давлати миллӣ ва ё ҳуқуқи миллӣ дар аксари давлатҳои рӯ ба инкишоф ва давлатҳои мутараққӣ дар даврони муҳими ҳифзи истиқлолият ҳамчун воситаи муҳими муҳофизати истиқлолият хидмат менамуд, намуда истодааст ва дар оянда низ хоҳад кард». Муҳаққиқ Ф. Фукуяма баланд рафтани худшиносии миллиро дар чунин ҳолатҳо дуруст таъкид намудааст: «Миллатчигӣ айни ҳол дар Аврупои Шарқӣ ва ИҶШС, ки дергоҳ ба худшиносии миллии халқиятҳои онҳо монеъ мешуданд, хеле боло рафтааст. Маълум аст, ки ин раванд на ба хотири ғасби ҷаҳон, балки ба хотири дифои манфиатҳои сиёсӣ ва соҳибихтиёрии халқу миллатҳо сар задаст.
Миллатгароӣ, ҳамчунин дар давлатҳои куҳна ва устувори миллӣ низ вақтҳои охир ба тағйирпазирӣ рӯ оварда, даъвати худшиносии миллӣ дар Аврупои Ғарбӣ ба худшиносии универсалӣ табдил ёфтааст, ки аз бисёр ҷиҳат ба даврони се — чор қарни пеш, ки бо созиши дин рӯйи кор омада буд, мувофиқат дорад».
Ба андешаи ҳуқуқшиноси шинохта А. Имомов, соҳибихтиёрии Тоҷикистон хусусияти хоси он буда, ҳокимияти олии ягона ва истиқлолияти онро ифода мекунад,соҳибихтиёрии давлатӣ дар заминаи соҳибихтиёрии халқ амалӣ мегардад ва яке аз шаклҳои ифодаи соҳибихтиёрии халқ ва соҳибихтиёрии миллӣ мебошад. Ҳамин тавр, мо алоқамандии устувори соҳибихтиёрии давлатӣ, халқӣ ва миллиро мушоҳида мекунем, ки он бо рукнҳои асосии васлкунанда ҳокимияти олии давлатӣ, ваҳдат ва Истиқлолияти давлатӣ, ягонагӣ ва умумияти худро ҳифз менамояд.
Миллатгароӣ ва худшиносии миллӣ дар даврони навтарин аз сари нав нақш ва нуфузи худро дар ҳалли масъалаҳои муҳими давлатӣ тақозо дорад. Давроне, ки пешгӯйии анҷомёбии таърих бо ғалабаи пурраи демократияи либералӣ дар интиҳои асри ХХ рух надод, давроне, ки назарияи «мубориза барои эътирофнамоӣ»-и Гегель, Маркс ва Фукуяма ҳамчун воситаи муҳими инкишофи таърих аҳамияти худро ба сифати маҳаки пешбаранда гум кард, унсурҳои дар назар архаистию куҳнашудаи идеологӣ чун миллатгароӣ, тобеияти динӣ ва ғайра аз сари нав дар раванди инкишофи давлатҳои мутамаддин садо баланд намуда истодаанд, яъне пешгӯйии ояндаи наздик барои аҳли илми ҷамъиятшиносӣ мубрам аст. Таҳлили ҳамин омилҳои вусъатгирифта воситаест, ки ба кушоиши роҳи ояндаи инкишофи давлатҳои дар ин паҳно қоматафрохта мусоидат хоҳад кард.
Дар солҳои аввали истиқлолият мардуми таҳҷоӣ ва ҳукуматҳои тозаистиқлол ба хотири он ки бародарҳои нав ва миллатҳои соҳибдавлат онҳоро бо дӯстию меҳру муҳаббат ба оғӯш гирифта, ҷой ва мавқеи онҳоро тавассути созмонҳои байналмилалӣ дар ҷаҳони нав муаррифӣ менамоянд, озодона манфиатҳои давлатии худро ошкор менамуданд. Онҳо ҳанӯз намедонистанд, ки ин ҳама дӯстию оғӯшбозкуниҳо решаҳои ғализи ҳақталабию нусратёбиҳои зиёд дорад, ки на ҳамеша ба манфиати давлатҳои тозаистиқлол буданд. Ҳамин тавр, вазъияти дар назар ором, вале дар асл ноором буда, ҷараёнҳои мухталифу мавҷҳои ноаёнро дар ботин нигоҳ медошт, ки ҳар лаҳза имкони киштии тозаистиқлоли давлатҳои ин минтақаро чаппа кардан доштанд.
Тоҷикистон бо қабули Конститутсияи соли 1994 чун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ ва ягона роҳи кишвардорию сохтори давлатӣ, табиати қудратофарию реҷаи сиёсии ояндаи худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Интихоби ҳар яке аз ин роҳҳо бо таҳлили амиқи авзои сиёсии кишвар ва ҷаҳон сурат гирифт, ки дар ҳамон даврон роҳи ягона ва асосии раҳоии миллат буд, ки ягонагии мардумро дар харитаи сиёсии ҷаҳон чун давлати мустақили Тоҷикистон муаррифӣ карда метавонист. Аммо проблемаҳо, душвориҳо ва масъалаҳои ҳалталабе, ки ҳар яке давлати моро дар пешорӯи буҳронҳои вазнини сиёсию ҳуқуқӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ қарор дода буд, аз ҳар сӯ пайдо шуда, ҳалли худро талаб мекарданд ва ба мазмуни давлатдорию ҳуқуқи мо махсусиятҳою аломатҳои фарқкунанда ворид менамуданд.
Ҳамаи ин масъалаҳо собит намуданд, ки ҳанӯз дар бунёди давлати ободу зебо на ҳама масъалаҳо пурра ҳалли худро ёфтаанд. Қонуниятҳою унсурҳои нонавишта метавонанд бо тақдири миллат ва давлат бо осонӣ бозӣ намуда, ҳама кӯшишу ормони моро дар як замон барбод диҳанд.
Ҳама таҳлили амиқи илмиро аз назари иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсӣ талаб намуда, ҳамзамон хостори инқилоби илмии фанҳои дақиқанд. Аз чӣ бояд сар кард? Ба чӣ бояд диққат дод? Махсусияти давлатдории тоҷиконро имрӯз аз чӣ бояд донист? Кадом унсурҳо аломатҳои ҳатмии ин равандро таҷассум менамоянд? Ва дигар саволҳои ба ин монанд ва муҳим ҳамаро ҳанӯз ором намегузорад. Дар ин маҷро муайян намудани мафҳуми давлатдории тоҷикон ҳамчун ҷараёни пайдоиш, инкишоф, шаклдигаркунии давлат ва ҳуқуқ дар давраҳои муайяни таърихӣ, меросият ва нигоҳдории роҳи муайяннамудаи Бунёдгузори давлати миллӣ ва Пешвои миллат тамомияти арзӣ-ҳудудӣ, ягонагии ҳуқуқии ҷамъият ва умуман, раванди дурударози таърихии давлатӣ- ҳуқуқии халқи тоҷик аҳамияти боризро дорост.
Ба назари мо, он ҳуқуқдонону давлатшиносоне, ки санги таҳдобии сиёсати мафкуравии миллати соҳибихтиёр ва соҳибдавлатро арзиши муайянкунанда, тақдирсоз ва умумиятдоштаи одамият — ҳуқуқ ва озодиҳои инсон мешуморанд, бешубҳа, ҳам аз назари идеологӣ ва ҳам аз назари амалӣ ҳақ мебошанд.
Садаи ХХ ва ХХ1 ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун маҳаки муҳиму марказии инкишоф ва баҳодиҳии воқеияти давлату давлатдорӣ муайян кардааст. Ба ин хотир, арзишҳои дигар бояд баҳри амалишавии он нигаронида шаванд. Давлат, сиёсат ва ҳама гуна манфиат, ба қавли И.Кант, бояд назди ҳуқуқи инсон сари таъзим фуруд оранд. Барои ин зарур аст, ки илми ҳуқуқшиносӣ ва раванди ҳуқуқэҷодкунӣ бо таҳлилҳои устувори мантиқӣ, аналитикӣ, дастрасии дастовардҳои ҷаҳонӣ ва таърихӣ ҳама гуна арзиш, манфиат, принсип ва усулҳои ҳуқуқиро дар мизони адл тарзе ҷо ба ҷо гузорад, ки ҳақиқат, озодӣ, адолат ва баробарии инсонҳо зарар наёбад.
Тоҷикон миллате мебошанд, ки таърихи тӯлонии давлатдорӣ доранд ва дастгоҳи давлатиро ташаккулу рушд дода, дар сурати зарурӣ бо роҳи ислоҳот ва таҳаввулот барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, беҳтар кардани идоракунии ҷомеа ва вазъи иқтисодию сиёсии мардум истифода бурдаанд. Мо аминем, ки чунин неруи зеҳниро имрӯз низ фарзандони донишманди миллат доранд, танҳо зарур аст, ки ин неруҳои зеҳнӣ дар атрофи сиёсати созанда ва наҷотбахши Пешвои миллат муттаҳид карда шаванд.
МАҶИДЗОДА Ҷӯрахон Зоир, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор