Сохтмони «гӯшти уштурхӯрда»

№80 (3717) 06.07.2017

Ё набудани муқаррароти алоҳида дар қонунгузорӣ муштариёнро сарсону саргардон кардааст

DSC_0774Тоҷинисо Саидова соли 2013 барои ду хонаи якҳуҷрагӣ ба яке аз ширкатҳои сохтмонӣ маблағ супорид. Мувофиқи шартномаи аввала, масоҳати умумии ҳар ду хона 46 метри мураббаъро ташкил медод. Дар мувофиқа бо масъулини ширкати сохтмонӣ Тоҷинисо Саидова ду хонаи якҳуҷрадорро ба як хонаи дуҳуҷрадор иваз кард. Дар шартномаи нав масоҳати умумии манзил 41 метри мураббаъ нишон дода шудааст. Аммо ӯ маблағи 46 метри мураббаъро пардохт намудааст. Номбурда мегӯяд, ки бо вуҷуди қарздор будани ширкати сохтмонӣ аз ӯ, ду сол боз наметавонад соҳиби хона шавад. Ҳангоми оғози сохтмон (соли 2013) ба Тоҷинисо ва дигар сокинони пойтахт, ки мехостанд бо нархи дастрас соҳиби макони зист шаванд, масъулин гуфта буданд, ки он то моҳи сентябри соли 2015 ба истифода дода мешавад. Аз муҳлати муайяншуда 2 сол гузашт, аммо сохтмон ба охир нарасид. Чунин ранг гирифтани кор нафарони ба пуррагӣ маблағсупоридаро нигарон кардааст. Тоҷинисо Саидова мегӯяд, ки дар як хона бо чор оила, дар маҷмӯъ 13 нафар, зиндагӣ доранд. Ҳамчунин гуфт, ки қаблан духтараш ба ин ширкат маблағ супорид ва дар шаш моҳ соҳиби хона гардид.

- Аз ин рӯ, мо ба ин ширкат эътимод бастем, аммо гумонамон ботил баромад, — афзуд Тоҷинисо. Бино ба гуфти номбурда, ҳар дафъае, ки аз масъулин оид ба корҳои сохтмонӣ пурсон мешаванд, посух мегиранд, ки моҳи оянда ҳатман шурӯъ мешавад, аммо вазъ ҳамон аст, ки ҳамон.

Саиданвар Давлатов низ айнан чунин шикоят дорад. Вай дар суҳбат бо мо зикр кард, ки барои хонаи якҳуҷрадор 90 ҳазор сомонӣ супоридааст, ки бо қурби онвақта 18 ҳазору 300 доллари ИМА мешуд. Бинобар иҷоранишин будан, тӯл кашидани корҳои сохтмонӣ зиндагиашро душвор кардааст. Ӯ мегӯяд:

- Аз бонк қарздорам. Дигар илоҷ надорам. Мехоҳам пуламро гирифта, қарзамро пардохт намоям. Дар ин сурат зиёда аз 8 ҳазор доллар зарар мебинам ва дигар хона харида наметавонам. Қарзро аз бонк бо 38 фоизи солона гирифта будам, ба ғайр аз ин 1000 сомонӣ иҷорапулӣ месупорам.

Саиданвар аз он нигарон аст, ки бо вуҷуди ду сол гузаштан аз муҳлати супоридани иншоот масъулини ширкат дар бораи шурӯи корҳои сохтмонӣ маълумоти дақиқ намедиҳанд.

Шикояти мардум аз ширкатест, ки мақоми давлатӣ дорад. Аксари онҳо дар суҳбат бо мо иброз доштанд, ки дар тобеияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе будани КВД «Манзили дастрас» эътимоди моро зиёд кард, аммо дар ин муддат дӯстону рафиқонамон аз дигар ширкатҳо соҳиби хона шуданду мо интизорем, ки лоақал корҳои сохтмонӣ шурӯъ шавад.

Директори КВД «Манзили дастрас» Нурулло Наимов гуфт, ки сохтмон аз маблағгузории саҳмгузорон вобаста аст, баъзе аз онҳо маблағро пардохт накардаанд ва корҳо суст шуд. Ғайр аз ин, маблағгузорӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ мувофиқи мақсад нест. Як қисми хонаҳоро ҳамчун моликияти коммуналӣ Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мегирад. Дар маҷмӯъ, саҳми Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 50 миллион сомонӣ аст, ки моҳи декабри соли гузашта 10 миллион сомониаш пардохт шуд. Агар ҳар моҳ 7-8 миллион сомонӣ ҷудо шавад, Н. Наимов муътақид аст, ки дар давоми як соли дигар сохтмон ба итмом мерасад.

МУНОСИБАТИ ХОҶАВУ ҒУЛОМ ДАР СОХТМОНИ БИНОИ ИСТИҚОМАТӢ

Сардори Раёсати шаҳрсозии Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Искандаров гуфт, ки мувофиқи қонун шаҳрвандон ҳуқуқ доранд барои ҷудо кардани қитъаи замин муроҷиат намоянд. Аммо корҳои сохтмониро дар биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бояд ширкате пеш барад, ки иҷозатнома дошта бошад. Ширкатҳои зиёди сохтмонӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба бунёди биноҳои баландош­ёнаи истиқоматӣ машғуланд ва аксаран иншоотро бо саҳмгузории шаҳрвандон эъмор мекунанд. Миёни ширкат ва шаҳрвандон шартнома баста мешавад. Саҳмгузор уҳдадор мешавад, ки аз маблағи умумӣ 50 фисади онро пешпардохт намуда, боқимондаро дар рафти сохтмон қисм-қисм пардохт намояд. Бо ин тарз пеш бурдани корҳои сохтмонӣ дар ҳеҷ қонуни амалкунандаи кишвар муқаррар нашудааст. Масъулини Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар суҳбат бо мо иброз доштанд, ки дар ин соҳа қонуни махсус вуҷуд надорад.

- Дигар давлатҳо барои танзими ин гуна муносибатҳо қонуни махсус қабул кардаанд, — изҳор дошт сардори шуъбаи қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавии маркази мазкур Умрилло Меликов.

Воқеан, бо пули саҳмгузорон сохтани бинои истиқоматӣ он қадар печидагие дорад, ки ҳатто мутахассисон дар шарҳи он оҷизӣ мекашанд.

Мутаассифона, ширкатҳои сохтмонӣ корро тавре ба роҳ мондаанд, ки муносибати «хоҷаву ғулом»-ро ба хотир меорад. Ширкатҳои сохтмонӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки ба сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ машғуланд, мехоҳанд, бо харҷи андак фоидаи зиёд ба даст оранд. Аз  ин ҷост, ки эълон менамоянд: ҳар нафаре, ки соҳиби хонаи истиқоматӣ шудан мехоҳад, метавонад бо пешпардохти панҷоҳфоиза аз маблағи хона ва дар давраи сохтмон марҳила ба марҳила пардохт намудани маблағи боқимонда соҳиби манзил шавад ва корафтодаагон ба онҳо бовар мекунанд. Ширкатҳои сохтмонӣ нархгузориро вобаста ба ошёнаҳо муайян намудаанд. Харидор дар шартнома саҳмгузор номида шудааст. Пас аз он ки бино аз ҷониби комиссияи давлатӣ қабул мешавад, ҳамшарикӣ аз миён меравад ва саҳмгузор ба харидор мубаддал мегардад. Хона тавассути нотариус хариду фурӯш мешавад ва бо ҳамин ширкати сохтмонӣ масъулиятро аз худ дур менамояд. Пас аз хариду фурӯш дигар ҳама харҷ бар дӯши саҳмгузорон меафтад. Ширкати сохтмонӣ ба саҳмгузор хонаи дар шартнома зикршударо вобаста намуда, дигар иншоот, аз ҷумла таҳхонаро алоҳида фурӯхта, таваққуфгоҳро аз рӯзи аввали ба истифода додани бино пулакӣ менамояд.  Оё чунин муомила дуруст аст?

 ШАРТНОМАҲОЕ, КИ МАНФИАТИ ЯК ТАРАФРО ҲИФЗ МЕКУНАНД

Шартномаҳое, ки ширкатҳои сохтмонӣ ё соҳибкорони инфиродӣ бо шаҳрвандон ҷиҳати иштирок дар сохтмони манзили зист мебанданд, танҳо ҳимоякунандаи манфиати як ҷониб аст. Ҳатто дар КВД «Манзили дастрас» низ чунин ҳолат ба назар мерасад.

Барои мисол, дар банди 3.2 шартномаи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Сапеда-112» омадааст: «Барои сари вақт насупоридани маблағ «Саҳмгузор» (харидор) уҳдадор аст барои ҳар рӯзи таъхир ба «Фармоишгар» ба андозаи 0,1 фисади маблағи боқимонда ҷарима супорад». Инчунин, дар банди 3.4-и ҳамин шартнома қайд шудааст, ки дар ҳолати баргардонидани квартираи мазкур 25 дарсади маблағи «Саҳмгузор» пардохт намешавад. Банди 5.4 –и шартнома пешбинӣ намудааст: «Дар сурати зиёда аз 60 рӯз напардохтани маблағи пешбинишуда ё даст кашидан аз хариди квартира «Фармоишгар» метавонад «Саҳмгузор»-и навбатиро ҷалб намояд».

Ин гуна ҳолатҳо дар шартномаҳои дигар ширкатҳои сохтмонӣ низ як навъ маъмул аст. Масалан, дар банди 3.6-и шартномаи Корхонаи воҳиди давлатии «Манзили дастрас» чунин қайд шудааст: «Дар сурати дар давоми зиёда аз 5 рӯзи пас аз ба имзо расидани шартномаи мазкур напардохтани маблағ «Фармоишгар» метавонад шартномаи мазкурро яктарафа бекор ҳисобида, саҳмгузори навбатиро ҷалб намояд». Дар ин маврид харидори якум танҳо баъд аз маблағ супоридани харидори дувум метавонад маблағашро бозпас гирад. Омили нигаронкунанда он аст, ки дар ин шартномаҳо ҳуқуқи саҳмгузор ва уҳдадориҳои ширкати сохтмонӣ умуман пешбинӣ нашудааст. Далел меорем: дар шартнома муҳлати анҷоми сохтмон нишон дода нашудааст, саҳмгузор наметавонад дар ҳолати ба таъхир афтодани сохтмон ба мақомоти дахлдор шикоят кунад ва ё зарари аз таъхирдидаашро талаб намояд.

Тааҷҷубовар аст, ки масъулини ширкатҳо арзиши хонаро бо доллари ИМА муайян кардаанд. Шоҳиди ҳол ҳастем, ки дар чанд соли охир, тавассути ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент нархи ин масолеҳи асосии сохтмон арзон шуд. Дар баробари ин, хишт низ дар дохили кишвар истеҳсол мешавад ва нархи дастрас дорад. Сангу шағал низ маҳсулоти воридотӣ нест. Пас чаро нархгузорӣ бо доллари ИМА муайян шудааст? Дар маҷмӯъ, шартномаҳо тарзе тартиб дода шудаанд, ки саҳмгузор наметавонад ҳангоми поймол шудани ҳуқуқҳояш ба мақомоти дахлдор, аз ҷумла Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд. Сардори Раёсати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати рекламавии хадамоти мазкур Акбар Хоҷаев зимни суҳбат гуфт, ки «Мо ҳамон шартномаҳоеро баррасӣ менамоем, ки дар он муносибати хариду фурӯш муайян шуда бошад. Дар шартномаи ширкатҳои сохтмонӣ харидор не, саҳмгузор гуфта шудааст, бинобар ин он ба ваколатҳои мо дохил намешавад».

 НОФАҲМИҲОРО ЧӢ ГУНА БАРТАРАФ БОЯД КАРД?

Мусаллам аст, ки вақте шаҳрванд маблағи заруриро дошта бошад, хонаи тайёрро харидорӣ менамояд. Нафароне, ки тавассути саҳмгузорӣ ба сохтмони биноҳои истиқоматӣ соҳиби манзили зист шудан мехоҳанд, ин миқдор пул надоранд. Аз ин рӯ, бо супоридани нисфи маблағи манзили зист ва пардохти давра ба давраи маблағи боқимонда соҳиби хонаи истиқоматӣ шуданианд. Пас, мақомоти дахлдорро мебояд, ки барои ба миён наомадани нофаҳмиҳо қонунгузории соҳаро такмил диҳанд ва барои бунёди иншоот бо ин тарз ба қонунҳои марбута тағйиру иловаҳо ворид намоянд. Масалан, дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон Қонун дар бораи ҳамшарикии сохтмони биноҳои истиқоматӣ қабул шудааст, ки муносибатро дар ин самт ба танзим медарорад. Вақти он расидааст, ки чунин қонун дар кишвар қабул шавад, то ҳангоми ба вуҷуд омадани баҳс ҳуқуқҳои шаҳрвандон поймол нагарданд.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

Ҷамшеди Сабоҳиддин,

«Садои мардум»