Ҳамкасб дар бораи ҳамкасб

Шасте зи умрам даргузашт

№87 (3072) 12.07.2013

Муаррифинома

Изображение 005Давлат Султонов 6 июли соли 1953 таваллуд шудааст. Солҳои 1960-1970 дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №29 (ҳоло №10) ба номи А.М.Горкийи деҳаи Иттифоқи ноҳияи Бохтар хондааст.

Пас аз хатми мактаби миёна, солҳои 1970-1975 дар бахши журналистикаи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) таҳсил намуд.

Фаъолияти журналистиаш, пас аз хатми университет, соли 1975 аз рӯзномаи шаҳрии «Коммунисти Қӯрғонтеппа» оғоз ёфтааст.

Аз соли 1979 дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» чун мухбир, мухбири калон, мудири шуъба, котиби масъул ва ҷонишини муҳаррир фаъолият дошт.

Аз соли 2000 инҷониб хабарнигори махсуси рӯзномаи «Садои мардум» дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон мебошад.

Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Аълочии матбуоти Тоҷикистон, муаллифи китоби «Падидаи айёми бозсозӣ» мебошад.

Ҳамкасби гиромии мо, хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» дар вилояти Хатлон Давлат Султонов (Давлати Султон) ба шасти камолот қадам ниҳод. Аз пайи қуллаҳои пуршебу фарози зиндагӣ ба рӯзгори тайнамудаи ин марди фарҳангӣ назар афканда, мебинем, ки ӯ дар ин муддат барои халқу Ватан хизмати арзандаеро ба иҷро расонидааст.

Дар яке аз шеърҳои эҷоднамудааш Давлати Султон менависад:

Шасте зи умрам даргузашт,

Барфе ба абрӯям нишаст.

Ово намудам кӯдакӣ,

Афсӯс дигар барнагашт.

Воқеан ҳам кӯдакӣ- айёми беғамии умри инсон дар ташаккули ҳар як шахс вобаста ба вазъи зиндагӣ ва муҳити ба камол расидааш нақши муҳиму созанда мегузорад. Зиндагии қаҳрамони мо низ аз ин истисно нест. Ба андешаи Давлат Султонов, ба зиндагии минбаъдаи ӯ ҳамчун эҷодкор муҳити созу муносиби хонаводагӣ ва айёми мактабхонӣ нақши муҳим гузоштаанд. Падараш Султон аз падари худ Муҳаммадносир, ки саводи динӣ дошт, то қадри имкон илму дониш омӯхтааст.

Бо сабабҳои ташвишу тараддуди рӯзгор падари қаҳрамони мо танҳо тавонист, ки то дараҷае Ҳофизхон шавад. Вале тарбияи оилавӣ ва зеҳни фавқулоддаи худодод имкон дод, ки бобои Султон шеъру ғазалу қиссаю афсонаҳою ривоятҳои зиёдеро аз бар намояд. Солҳои пешин ба чойхонаи деҳа ҳофизу қиссагӯёни зиёде меомаданд. Барои бобои Султон кифоя буд, ки танҳо як маротиба ин ғазалу достону қиссаю ривоятҳоро шунавад. Рӯзи дигар ҳамдеҳагон ин ғазалу шеъру достону қиссаҳоро аз забони бобои Султон шунида, аз қобилияту истеъдоди фавқулоддаи зеҳнии ӯ ба ҳайрат меафтоданд.

Қариб 53 сол қабл моҳи сентябри соли 1960 Давлат Султонов  ба синфи якуми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 29 (имрӯз мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10)-и ноҳияи Бохтар қадам ниҳод. Азбаски хурдсол буд ӯро бародари бузургаш Шарифбек ба синфхона овард. Дар синфхонаи сафеду зебою барҳаво чашми Давлати хурдсол ба сақфи бино бархӯрд. Аз қазо пояш ба сӯрохии яке аз тахтаҳои шикастаи фарши синфхона фурӯ рафт. Тахтаҳои шикастаи нӯгтез пойи ӯро хунолуд кард. Шояд меҳру муҳаббати донишандӯзӣ ва муҳити пур аз меҳру муҳаббати мактабхона буд, ки Давлати хурдсол ба дард тоқат намуда, то охири дарс дар дабистон монд…

Давлат Султонов нахустомӯзгори худ шодравон Саидраҳмон Раҳмоновро, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ноадолатона кушта шудааст, бо дард ба ёд меорад. Маҳз донишу қобилияти хуби омӯзгории ӯ буд, ки бачаҳо дар фурсати кӯтоҳ хату савод омӯхтанд. Дигар аз нафароне, ки барои дар оянда эҷодкор шудани ӯ то дараҷае саҳм гузоштааст, сарвари мактаб Ғоиб Бекназаров аст. Хушбахтона, ин пири хирад, ки умри беш аз 90-сола дорад, имрӯз барҳаёт аст. Он айём сарвари мактаб чун аз дилбастагии шогирдаш ба кори эҷодӣ огаҳ гардид, ӯро ба ҳар гуна ҷамъомаду маҳфилҳои фарҳангию адабӣ ҳамроҳ мебурд. Дар яке аз чунин ҷамъомадҳо, ки дар толори кохи фарҳанги хоҷагии ҳамонвақтаи овозадори ба номи Максим Горкий барпо гардид, ба хонандаи синфи даҳум Давлат Султонов низ сухан доданд. Садри ин ҷамъомади беш аз 800 нафара шоири ширинкалом, устод Боқӣ Раҳимзода буд. Дар ин ҷамъомад толибилми аълохон чанд фикру мулоҳизаҳояшро оид ба муҳити адабӣ ва ташрифи меҳмонон иброз намуда, аз чакидаҳои қаламаш чанд шеъри шогирдонаашро пешкаши ҳозирин кард. Баъдтар дар яке аз шумораҳои маҷаллаи адабии «Садои Шарқ» чанд таклифу пешниҳодҳои хонандаи синфи даҳуми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 29 Давлат Султонов бо кӯмаки устод Боқӣ Раҳимзода рӯйи чопро дид. Шояд ҳамин сабаб гардид ва ӯ ҳамон сол ба бахши журналистикаи УДТ ба номи В.И.Ленин дохил шуд.

Дар ташаккули ҳаёти эҷодии минбаъдаи ӯ ва интихоби касби ояндааш омӯзгор, сокини имрӯзаи ноҳияи Восеъ Абдулҳай Сафаров, ки он ҳангом донишҷӯйи курси панҷуми факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (имрӯза Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ҳисоб меёфт, низ нақши ҳалкунанда бозидааст. Ҳангоме ки Давлат Султонов дар синфи даҳум таҳсил мекарду хатмкунанда ҳисоб меёфт, ба мактаби онҳо як гурӯҳ донишҷӯён, аз ҷумла Абдулҳай Сафаров аз университет ба муддати қариб панҷ моҳ барои таҷрибаомӯзӣ ба мактаб омаданд. Сабақи нахустини таҷрибаомӯзи ҷавон ба шогирдонаш Давлат Султонов ва Аловиддин Додарбеков, ки толибилмони аълохони мактаб ҳисоб меёфтанд, писанд афтод. Аз ин рӯ, аз сарвари мактаб хоҳиш намуданд, ки минбаъд дарсҳои фанни забон ва адабиёти тоҷикро барои онҳо танҳо Абдулҳай Сафаров гузаронад. Ҳамчунин бо хоҳиши шогирдони аълохонаш сарвари мактаб аз шуъбаи маориф фармони минбаъда чун омӯзгори маошгир кору фаъолият намудани Абдулҳай Сафаровро низ овард. Ин бори масъулияти муаллим Сафаровро дучанд намуд. Охирҳои моҳи августи соли 1970, баъди бозгашт аз таътил, Абдулҳай Сафаров шогирдаш Давлат Султоновро дар хобгоҳи факултет, ки он вақтҳо дар кӯчаи Нахимови шаҳраки Гипроземи шаҳри Душанбе ҷойгир буд, дида ҳайрон шуд. Вақте ки шогирд мегӯяд, ки ӯ донишҷӯ шудааст, устод аз хурсандӣ ба ҳаяҷон омад. Ӯро ба оғӯш кашида, ба шарикдарсонаш бо шодӣ иброз дошт, ки бубинед, шогирди ман донишҷӯ шудааст.

Таҳсил дар донишгоҳ, сабақомӯзӣ аз устодони варзида ва шиносойӣ бо ҳамсабақҳояш Абдурофеъ Рабиев, Наҷмиддин Шоҳинбодов, Сайф Раҳими Афардӣ, Имомназари Холназар, Насибҷон Амонӣ, Карим Мӯсо, Маҳмудҷон Шаҳобиддинов, Зебо Холназарова, Нурулло Мирзоматов, Олимҷон Ёрасенов, Назрулло Хайруллоев, Фаррух Ҳусейнов, Қурбон Мадалиев, Шафоати Назар, Солиямо Раҳматуллоева ва чанде дигарон, ки воқеан ташнаи илму ҳунар буданду баъдан чун шахсиятҳои маълуму машҳури фарҳанги ҷумҳурӣ шуҳратёб гардиданд, дар ҳаёти минбаъдаи эҷодии ӯ нақши созгор бозид. Вале ӯ ҳаргиз нахустин навиштаҷоти дар саҳифаи рӯзномаи шаҳрии «Коммунисти Қӯрғонтеппа» ба нашр расидаашро таҳти сарлавҳаи «Самараи меҳнати ҳалол», ки он вақт ҳанӯз дар синфи ҳафтум таҳсил мекард, аз хотир фаромӯш карда наметавонад. Воқеан ҳам дар ин рӯзнома то донишҷӯ шуданаш ӯ хабару мақолаҳои зиёдеро ба нашр расонд. Мактаби «Мухбирони ҷавон»-и назди ин нашрияро хатм намуд. Хабару мақолаҳои дар саҳифаҳои ин рӯзнома ба нашррасонидааш ҳангоми озмуни эҷодии дохилшавӣ ба бахши журналистика кӯмакаш намуданд.

Маҳсули эҷоди ӯ дар саҳифаҳои рӯзномаҳои «Коммунисти Қӯрғонтеппа», «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа», «Ҳақиқати Хатлон», «Маориф ва маданият», «Тоҷикистони советӣ», «Комсомоли Тоҷикистон», «Пионери Тоҷикистон», «Сухан», маҷаллаҳои «Машъал», «Хорпуштак», «Садои Шарқ» ва ғайраҳо ба чоп расидаанд. Ҳатто як хабараш таҳти сарлавҳаи «Чор тифли зебо» дар рӯзномаи бонуфузи «Правда», ки бо теъдоди беш аз ду миллион нусха нашр мегашт, бо дастгирии Отахон Латифӣ ба табъ расидааст.

Ӯ баробари касби журналистӣ ба эҷоди шеър низ машғул аст. Чакидаҳои хомааш бо тахаллуси Давлати Султон дар саҳифаҳои рӯзномаҳо ва китобҳои дастаҷамъона ба нашр расидаанд. Маҷмуаи шеърҳояш, ки маҳсули заҳмати чандинсолааш мебошад, барои чоп омода аст.

Давлати Султон инак муддати 46 сол боз ба кори эҷодӣ машғул аст. Дар ин фурсат ӯ навиштаҳои зиёде болои коғаз овардааст. Беҳуда нест, ки дар яке аз шеърҳояш қаламро роздони худ мегӯяд:

Ёри шабҳои шубоби зиндагӣ,

Ёри шабҳои кабоби зиндагӣ.

Эй қалам, эй роздону ёри ман,

Дар ҳама давру ҳисоби зиндагӣ.

 

Тори дил аз ранҷи ту пурхун шуда,

Дасти ман аз дасти ту гулгун шуда.

Баҳри халқам ҳар чӣ ман кардам кам аст,

Қатрае аз барги гул аз шабнам аст.

Ҳангоми донишҷӯйӣ чун хабарнигори рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» бо роҳхати Кумитаи комсомоли РСС Тоҷикистон дар ҳайати отряди студентони бинокор ба шаҳри Гагарини вилояти Смоленск сафар кард. Дар ин сафар бо модар ва ҳамсари аввалин кайҳоннаварди ҷаҳон Юрий Гагарин вохӯрд ва барои хотира соядаст гирифт. Ба шаҳри Звёздний низ сафар карда, бо кайҳоннавардон мулоқот дошт. Аз ин сафараш як силсила мақолаву сафарномаҳояш дар рӯзномаи он замон бонуфузи «Комсомоли Тоҷикистон» чоп шуданд.

Ё лаҳзаи дигар. Ҳангоме ки очеркаш таҳти унвони «Моҳи замин» (дар бораи сардори бригадаи пахтакорӣ аз ноҳияи Қумсангир, депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон Моҳпочо Султонова) дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» ба табъ расид, котиби онвақтаи Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Қумсангир Исматшо Зинатшоев ба идораи рӯзнома ташриф оварда, барои очерки хуб миннатдории кумитаи ҳизбии ноҳияро расонд.

Мо -ҳамкоронаш аз рӯзномаи «Садои мардум» ба дӯсту бародару ҳамкорамон Давлат Султонов, ки бо вуҷуди дардмандӣ аз коғазу қаламу эҷод лаҳзае ҷудо нест, мегӯем:

Шумо умри худро беҳуда нагузаронидаед. Хабару мақолаю очерку лавҳаю шеъру ғазали солҳои зиёд дар саҳифаҳои нашрияҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятию ҷумҳуриявӣ ва китобҳои дастаҷамъона ба табъ расонидаатон, инчунин он навиштаҳое, ки ҳанӯз фурсати чопашонро наёфтаед, исбот мекунанд, ки шумо барои халқу ватани худ хизмати арзандаеро ба сомон расонидаед. Аз ин рӯ, ба шумо барори минбаъдаи эҷодӣ ва аз ҳама муҳимаш тани сиҳату  рӯзгори фархундаю арзандаро таманно менамоем.

Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»