Мушкилот ва пешниҳод

Маданияти шаҳрдорӣ

№82 (3719) 11.07.2017

ё чаро Истаравшан аз суннатҳои фарҳангӣ маҳрум мондааст?

Истравшан (5)Раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода зимни нахустин мулоқот бо кормандони дастгоҳи ҳукумати шаҳр бо суоли: «Охирин намоишномаи театрие, ки тамошо кардед, кадом аст?» ҳамаро ба ҳайрат овард.

Ҳайратзада шудани кормандон ду тараф дошт: аввал ин ки чунин суолро аз ягон роҳбари пешин нашунида буданд. Сониян, дар шаҳри Истаравшан театри касбӣ вуҷуд надорад.

Дар шаҳр нахустин кинотеатр, инчунин соли 1928 ташкил гардидааст. Ҳамон вақт чор клуб, панҷ китобхона ва 16 чойхонаи сурх амал мекард. Дар он давра театри шаҳрӣ хеле машҳур гардида, соли 1929 дар назди он Оқил Шарифов ном ҳаваскор маҳфили бадеӣ ташкил намуд.

Дар давраҳои аввали фаъолият аъзои маҳфил бештар бо консерт ва намоишҳои таб­лиғотӣ баромад мекарданд. Баъдтар, нахустин намоишномаро бо номи «Лолахон» ба саҳна гузоштанд.

Дар оғози соли 1934 ин гурӯҳи ҳаваскор мақоми театри шаҳриро гирифт. Маблағгузориаш ба уҳдаи мақомоти ҳокимияти маҳаллии шаҳр вогузор шуд. Моҳи июли соли 1938 бо қарори махсуси Шӯрои Комиссарони халқи Тоҷикистон театр мақоми театри давлатии касбиро гирифт.

Дар миёнаи солҳои 30-юми асри гузашта кормандони театр як силсила асарҳои мазҳакавӣ, ба монанди «Аршин мол алан»-и У. Ҳоҷибоев, «Ҳалима»- и Г. Зафарӣ, «Бой ва хизматгор»-и Ҳамза Ҳакимзода Ниёзиро ба саҳна гузоштанд. Баъдтар ҳунарпешагон асарҳои саҳнавиро аз рӯи «Дохунда»-и С. Айнӣ, «Муҳаббат»-и Р. Ҷалил ва даҳҳо муаллифони дигар пешкаши тамошобинон намуданд. Актёрони театр Н.Муҳаммадиев, Л. Орифова, Х. Болтабоева, М. Миркаримов ва раққоса Мӯътабар Исоева дар байни халқ хеле машҳур гардиданд.

Театр соли 1940 иштирокчии слёти ҷумҳуриявии санъаткорон гардида, моҳи апрели соли 1941 дар Даҳаи адабиёт ва санъати  тоҷик дар Москва иштирок кард. Театри касбии шаҳри Истаравшан соли 1947 бо сабабҳои номаълум баста шуда, ба ноҳияи Нов (ҳозира Спитамен) кӯчонида шуд ва ҷои онро Хонаи маданияти шаҳрӣ ва баъдан театри халқӣ гирифт.

Чанд рӯз қабл ҳайати эҷодии театри халқии мазкур ба бинандагон намоишномаеро бо номи «Заҳрпечак», ки ба қалами коргардон Каримҷон Ғафуров тааллуқ дорад, такроран намоиш доданд. Он, ки аз тақдири талхи як ҷавонмарди нашъаманд нақл мекунад, ба кафкӯбиҳои бардавоми тамошобинон сазовор шуд. Ҳунару истеъдод ва табиӣ иҷро гардидани нақшҳо аз ҷониби ҳунармандони театр нишон дод, ки агар санъаткорон Туйғун Бойқӯзиев, Саодат Шарифова, Каримҷон Ғафуров, Рақиб Маманазаров, Восит Раҳмонов ва дигарон шароиту имконияти хуби кориро соҳиб мебуданд, ҳоло дар радифи ҳунарпешагони шоистаи кишвар ҷойгузин мегаштанд.

- Ноҳияҳои Ашту Спитамен соҳиби театрҳои касбӣ мебошанд, навоҳии Айниву Ҷаббор Расулов ва Ашт соҳиби кохҳои муҳташами фарҳангӣ гардидаанд, вале шаҳри Истаравшан на театри касбӣ дораду на бинои театр. Театри халқии мо дар бинои куҳнаву фарсудаи собиқ «Клуби Сталин», ки дар охири солҳои 30-юми асри гузашта сохта шудааст, ҷойгир мебошад. Он одитарин шароити таҳияву басаҳнагузории намоишномаҳо, ҳатто ҷои либоспӯшӣ надорад. — Дар театр ду воҳиди корӣ мавҷуд аст: коргардон ва рассом-декоратор, он ҳам бо маоши ночиз. Сарулибосҳо ва декоратсияҳоро худамон месозем ва ё аз театрҳои дигар ба орият мегирем,- мегӯяд коргардони театр Каримҷон Ғафуров.

Дар ин шаҳри бостонӣ дар 70 соли мавҷудияти давлати шӯравӣ ягон бинои нав бо номи «Қасри фарҳанг», «Театри халқӣ», «Китобхона», «Қироатхона», «Идораи фарҳанг», «Осорхона» ва ғайра бунёд нашудааст. Китобхонаи шаҳрӣ дар бинои садамавии чойхонаи идораи савдои шаҳр, ки қаблан масҷид буд ва Кохи фарҳанг ва маориф дар бинои «Клуби колхози «Роҳи Ленин», Осорхонаи таърихию кишваршиносии шаҳр дар бинои собиқи калисои Россияи подшоҳӣ ҷойгир шудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳодашон дар мавриди таъсиси муассисаи ҳунарҳои халқӣ дар шаҳри Истаравшан тавсия дода буданд, ки дар ин шаҳри бостонӣ донишгоҳи олии ҳунарҳои халқӣ таъсис дода шавад. Соли 2009 чунин таълимгоҳ таъсис ёфт, вале на таълимгоҳи олӣ, балки коллеҷи одӣ, ки он ҳам дар бинои Литсейи касбии техникии шаҳр ҷойгир шудааст. Сохтмони бинои нави ин муассиса, зиёда аз 6 сол боз идома дошта, ба қавли мардум «гӯшти уштур хӯрдааст».

Наздики 20 сол аст, ки аҳли зиёи шаҳр аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва вилоят тақозо менамоянд, ки дар шаҳри Истаравшан, ки зиёда аз 250 ҳазор аҳолӣ дошта, бештар аз 90 ҳазор нафарашро ҷавонон ташкил менамоянд, Омӯзишгоҳи педагогӣ ташкил шавад. Вале Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактубу муроҷиатҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бо ҳар гуна баҳона ҷавоби рад  медиҳад. Ин дар ҳолест, ки дар шаҳри Панҷакент Донишкадаи омӯзгорӣ, дар шаҳрҳои Хуҷанду Конибодом Коллеҷи омӯзгорӣ, дар ноҳияҳои Мастчоҳу Зафаробод омӯзишгоҳу коллеҷи педагогӣ ва дар ноҳияи Ҷаббор Расулов филиали Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров амал менамоянд.

Нависандаи ин сатрҳо 16 сентябри соли 2015 тавассути рӯзномаи «Садои мардум» дар мавриди суст будани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар шаҳри Истаравшан, таъмирталаб будани ёдгориҳои таърихӣ, муносибати сатҳӣ ба иншооти ҷашнӣ, вазъи риққатовари осорхонаву китобхонаҳо ва ғайра бо номи «Дард набояд аз пизишк пинҳон бимонад» бонги изтироб зада будам, вале роҳбарияти собиқи шаҳр, ки тавоноии дарки зарурати ҳалли ин мушкилотро надошт, ба ҷои ислоҳи камбудиҳо дар муносибат бо ман «ҷомаро чаппа пӯшид».

Дар ҳоле ки сабабҳои шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, афзоиш ёфтани ҷинояту ҷинояткорӣ, даст задани баъзе аз ҷавонзанон ба худсӯзиву худкушӣ барин ҳодисоти номатлубро муайян карданӣ мешавем, фаромӯш мекунем, ки барои ҷавонони имрӯза, ба ҷуз таъмин будан бо муассисаҳои таълимию ҷои кор, имкони истироҳату фароғат­ро низ доштан зарур аст.

Истаравшан шояд дар вилояти Суғд ягона шаҳре бошад, ки чӣ будани фаввораро ба гӯшаи фаромӯшӣ супоридааст.

Раиси шаҳр Баҳром Иноятзода дар мулоқот бо рӯзноманигорон роҷеъ ба ислоҳи ин камбудиҳо ва барқарор кардани суннатҳои фарҳангии шаҳр андешаҳои ҷолиб баён дошт.

Қобили зикр аст, ки номбурда дар муҳлати на чандон зиёди роҳбарӣ ободиҳои зиёд кард, ки дилкашу зебо гардидани майдони «Ғалаба», корҳои сохт­монии амфитеатр дар майдони кушоди «Қалъаи Муғ» барои 5 ҳазор ҷои нишаст, чароғоншавии кӯчаҳои марказии шаҳр далел мебошад.

Мумфарш кардани роҳи маркази шаҳр, гузоштани ҳайкали Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳр, бунёди боғи фарҳангию истироҳатӣ, фаввора дар «Майдони адибон»  ва ғайра нақшаҳои минбаъдаи роҳбарияти шаҳр маҳсуб мешаванд.

Умед мекунем, ки шаҳри бос­тонии Истаравшан ҳар чизеро, ки бо мурури замон аз даст дода буд, аз нав соҳиб мешавад.

 Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»