Дарвоқеъ, мардуми заҳматкаши ноҳия, ба он нигоҳ накарда, ки имрӯзҳо дар саҳро ҳавои гарму тоқатфарсо ҳукмрон аст, пайи офаридани неъматҳои моддию маънавӣ субҳ то шом машғули кор буда, бахусус, баҳри таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа, ки яке аз масъалаҳои стратегӣ ба ҳисоб меравад, саҳм мегузоранд. Ба болои ин ҳама, фурсат пайдо намуда, баҳри баргузорию иштирок дар чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ ва иқтисодӣ бетарафӣ зоҳир наменамоянд ва ҳикмати зерини файласуфи юнони қадим Лутсий Анней Сенека: «Хурсандӣ аз муваффақият ва муваффақият аз вақт вобастагӣ дорад», дар тору пуди онҳо ҷо гирифтаааст.
Инро ман зимни сафари корӣ, ки чанде пеш мутобиқи банди 28-и Нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Соли ҷавонон» ва банди 4-и Нақшаи чорабиниҳои баргузории ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба вилояти Хатлон доштам, ба мушоҳида гирифтам.
Тибқи рӯйхати гурӯҳҳои таблиғотӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи Соли ҷавонон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ 6-уми июни соли равон тасдиқ гардид, маро дар ин сафар нависанда Шералӣ Мӯсо, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Убайдулло Азизов ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Раҳмон Саидов ҳамроҳӣ карданд.
Тӯли шаш рӯз дар ҷамоатҳои деҳоти «Қизил қалъа», «Ғаллаобод», «Фахробод», «Айнӣ», «Ҳилолӣ» ва «Кохи Хуросон»-и маркази ноҳия муҳтавои масоили дар боло зикргардида ба аҳли ҷамоатчигию фаъолон фаҳмонда шуд.
Бо ёдоварӣ аз воқеаҳои нангини оғози солҳои навадуми асри гузашта, ки ба мудохилаи баъзе аз кишварҳои хориҷӣ мардуми ноогоҳи кишвар ғарқи гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардид, аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар шароити тезутунди сиёсӣ ҳувияти миллӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Зеро маҳз бо кӯшишҳои ҷонсупоронаи фарзандони фарзонаи миллат гирифтани пеши роҳи хунрезӣ ва шароит барои барқарории сулҳу ваҳдат дар мамлакат фароҳам омад. Ва аз бузургтарин дастоварди миллӣ низ дар ин давра сулҳу ваҳдат ба ҳисоб меравад.
Инчунин, таъкид шуд, ки аз 25 соли соҳибистиқлолӣ даҳ соли он пурра барои таъмини сулҳу оромӣ дар кишвар равона гардида, танҳо аз ибтидои солҳои 2000-ум ба корҳои барқароркунию созандагӣ имконият фароҳам омад, ки дар муқоиса ба корҳои анҷомшуда муҳлати зиёд нест.
Таваҷҷуҳи ҳозирин, ҳамчунин, ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ дар кишвар ҷалб гардид. Шарҳ дода шуд, ки бо дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар дар мамлакат низоми ягонаи энергетикӣ бунёд ва зиёда аз 1300 мегават иқтидори нав ба кор даромад. Масъалаи бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», сохтмони роҳҳо, беҳдошти соҳаҳои кишоварзӣ, маориф, низоми муосири сармоягузорӣ бо мақсади рушди соҳибкорӣ, сафарбарнамоии ҷавонони лаёқатманд пайи аз худ намудани фанҳои дақиқ, технологияи муосир ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз мавзӯъҳои дигари мулоқот буданд.
Масъалаи муҳими дигаре, ки мавриди баррасӣ қарор гирифт, соҳаи сайёҳӣ буд, ки дар мадди назари ҳамешагии роҳбарияти Давлату Ҳукумати кишвар қарор дорад. Зеро бо муқоиса аз таҷрибаи давлатҳои пешрафта он сарчашмаест, ки метавонад бо сарфу хароҷоти на чандон зиёд буҷети мамлакатро бо даромади иловагӣ таъмин намояд. Бо дастури Пешвои миллат соли равон дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис додани сохтори алоҳида оид ба соҳаи сайёҳӣ аз тасмими ҷиддӣ дар ин самт гувоҳӣ медиҳад. Муваффақ шудан ба дараҷаи баланди хизматрасонӣ ва тайёр кардани кадрҳои ҷавобгӯйи талаботи замон дар ин ҷода кафолати ояндаи неки соҳа буда метавонад.
Аз масъалаҳои дигари муҳим, ки дар рафти суҳбат ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намуд, дар заминаи боварию эътимоди зиёд ба насли ҷавони кишвар, бо ташаббуси Пешвои миллат эълон гардидани Соли 2017 — Соли ҷавонон буд. Бо хулосабарорӣ аз авзои сиёсии ҷаҳон, зиёдаравии ташкилоту гурӯҳҳои иртиҷоӣ дар масъалаи ҷалбу гумроҳ сохтани ҷавонон, иқдоми мазкур саривақтист. Мутобиқи омори расмӣ аз нисф зиёди аҳолии кишварро ҷавонон ташкил менамоянд ва месазад, ки онҳо ба таври васеъ ба таҳсилу такмили ҳунару дониш, фаъолият дар бахши хизмати давлатӣ ва иҷрои дигар барномаҳои созанда ҷалбу сафарбар гардида, барояшон шароити мусоиди кору зиндагӣ фароҳам шавад.
Зимни баромадҳо, ҳамчунин афзоиши ҳолатҳои коррупсионӣ бо далелу арқоми мушаххас маънидод гардида, то ба кадом андоза ба иқтисоду суботи кишвар хатарнок будани он дар баробари терроризму экстремизм фаҳмонда шуд.
Гузашта аз ин, нақши қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бобати пешгирии наврасону ҷавонон аз пайвастан ба ҳар гуна зуҳуроти номатлуб бо мисолҳо шарҳ дода шуд.
Аз иштироки фаъолонаю пешниҳодҳои муфиди Раҷабхон Ғиёсов — муовини раиси Шӯрои ветеранҳои ҷангу меҳнат, Саъбагул Ҳикматова — директори китобхонаи Қасри фарҳанг, Шамсиддин Бобобеков — имомхатиби масҷиди ҷомеъ, Бурӣ Азизов — мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоии МИМҲД-и ноҳия ва чанде дигар пай бурдан душвор набуд, ки дар маҷмӯъ, мардуми ноҳия аз сиёсати пешгирифтаи Давлату Ҳукумати кишвар қаноатманданд ва бо дарки баланди масъулият ва шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдату комёбиҳои бадастомада, инчунин, баҳри рафъи мушкилоти ҷойдошта ва ноил шудан ба сатҳи боз ҳам беҳтари зиндагӣ талош меварзанд.
Воқеан, самараи меҳнати аҳлонаи мардум аст, ки ноҳия рӯз то рӯз ободу зебо гардида, некуаҳволии сокинон рӯ ба беҳбудӣ меорад. Ин аз он далолат мекунад, ки меҳнаткашон ҳар як лаҳзаи умрро самаранок истифода бурда, дар ҳалли ҳама гуна масъалаи муҳим ҳиссаи сазовор мегузоранд.
Ва ногуфта намонад, ки зимни вохӯрию суҳбатҳо гурӯҳи моро раиси ноҳия Сафарзода Раҳматулло Хайрулло, муовини раиси ноҳия Подшоҳзода Нуриниссо Кароматулло, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Тағоймурод Одина ва сардори шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон Амирхон Файзуллозода ҳамроҳӣ карданд.
А. САМАРИДДИН, «Садои мардум»