ВМКБ. ( Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Бар асари баланд шудани сатҳи оби дарё ва рӯдхонаҳо, ки боиси фаромадани сел дар навоҳии Ишкошим, Рӯшон ва Роштқалъа гардида буд, ба хоҷагии халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маблағи беш аз 990 ҳазор сомонӣ хисорот расид. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Мувофиқи иттилои сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи вилоят Дустӣ Худоёров, аз селфуройӣ ду манзили сокинони деҳаи Баршори деҳоти Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим пурра хароб гардид. Дар масоҳати зиёда аз 7 гектар замини картошкаю сабзавот, кишти зироатҳои ғалладонагӣ ва боғоти маскунони деҳоти Бартанги ноҳияи Рӯшон, навоҳии Роштқалъа ва Ишкошим зери сел монд. Дар натиҷаи фаромадани сел ба фароғатгоҳи деҳаи Занинси ноҳияи Роштқалъа зиёда аз 40 ҳазор сомонӣ зарар расидааст.
Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон