Муовини аввали ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдусалом Миралиев ёздаҳуми июли соли равон аз фаъолияти шашмоҳаи Донишгоҳи миллӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Бино ба гуфти номбурда, дар 116 кафедраи таълимгоҳ 1468 омӯзгор, аз ҷумла, 8 академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (АИҶТ), 9 узви вобастаи АИҶТ, 168 доктори илм ва 586 номзади илм барои пешбурди фаъолият ҷалб шудаанд. Шумораи донишҷӯён 23131 нафарро ташкил медиҳад.
Донишгоҳ дар доираи созишномаву тафоҳумномаҳои ҳамкорӣ бо 182 муассисаи таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмии кишварҳои хориҷӣ робитаи судманд ба роҳ монда, бо 15 муассисаи хориҷӣ робита барқарор намуда, бо 5 муассисаи ҳамкор созишномаву тафоҳумномаҳои таҷдидшударо ба имзо расонид.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон калонтарин муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар буда, аз рӯйи 101 ихтисос мутахассис омода менамояд. Танҳо дар 26 соли соҳибистиқлолии кишвар дар он 62 ихтисоси нав рӯи кор омад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»