«Помир Энерҷӣ» соҳиби ҷоизаи «Ашден» гардид

№ 17.07.2017

шохШиркати «Помир Энерҷӣ» барои зиёд намудани дастрасӣ ба қувваи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва устувор дар Тоҷикистон ва вилояти Бадахшони Афғонистон дар соли 2017 соҳиби ҷоизаи бонуфузи «Ашден» 20 ҳазор фунт стерлинг ва инчунин бастаи инфиродии дастгирии соҳибкорӣ барои васеъкунии фаъолияти худ гардид. Ин мукофоти байналмилалӣ нимаи аввали моҳи июни соли ҷорӣ дар Лондон ба директори кулли Ширкат Далер Ҷумъаев супорида шуд.

Ёдовар мешавем, ки тобистони соли 2016 дар доираи ҷашнгирии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Бадахшон НБО-и хурди «Пасор» баъд аз азнавсозии куллӣ бевосита аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд, ки он мушкилоти норасоии барқи сокинони деҳаҳои Пасор, Бопасор ва Ғудараи водии Бартангро аз байн бурд. То охири соли 2016 дар водии баландкӯҳи Бартанги ноҳияи Рӯшон НБО-ҳои хурди «Савноб»-у «Басид», дар семоҳаи аввали соли 2017 бошад, НБО-и хурди «Сипонҷ» низ таъмиру азнавсозӣ гардида, бо иқтидори баландтар ба кор андохта шуданд.

Бояд гуфт, ки тайи ду- се соли охир таваҷҷуҳи роҳбарияти ширкат ба таъмин намудани деҳоти ҳанӯз ба қувваи барқ дастрасинадоштаи водии Бартанги ноҳияи Рӯшон ва ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб равона гардидааст.

Аз ин рӯ, Шӯрои директорони Ширкат ба қароре омад, ки мукофотпулиро барои амалисозии лоиҳаи сохтмони НБО-и хурд дар деҳаи Рошорви водии Бартанг бо тавоноии 100 кВт равона созад. Хароҷоти сохтмони ин иншоот дар маҷмӯъ 324 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ширкат ният дорад, ки 30 000 доллари ИМА-ро аз ҳисоби худ ва 274 000 доллари ИМА-ро марҳила ба марҳила дар ҳамкорӣ бо маблағгузорони дигар ҷалб намояд.

Қобили зикр аст, ки «Помир Энерҷӣ» дар давоми 15 соли фаъолият бо таъмиру таҷдиди ҳамаи неругоҳҳои барқи обии дар мувозинаташ буда, азнавсозии беш аз сеяки хатҳои интиқоли барқ ва воситаҳои тақсимотӣ муваффақ шуд, ки 96%-и аҳолии ВМКБ-и Тоҷикистон ва беш аз 4% -и аҳолии деҳоти наздисарҳадии вилояти Бадахшони Афғонистонро бо қувваи барқ таъмин намояд.

«Помир Энерҷӣ» — лоиҳаи  якҷояи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (ФАХЭР), Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ (IFC) ва Агентии Швейтсария оид ба рушди байналхалқӣ мебошад. Арзиши ибтидоии лоиҳа, ки 26,5 млн. доллари ИМА буд, дар давоми 15 соли фаъолияти ширкат ин рақам ба 53, 3 млн. расонда шуд. Аз ин 12,3 млн. доллараш саҳми Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Ҳамзамон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шарикии давлат ва бахши хусусӣ тавассути шарикони рушд, аз он ҷумла Ҳукумати Швейтсария (SECO), барои ҳифзи иҷтимоии аҳолии ВМКБ 7,7 млн. доллари ИМА ҷудо намуд. Айни замон дар фасли зимистон 68%-и аҳолии вилоят аз ин кумаки иҷтимоӣ бархӯрдор аст. Ин идомаи иҷрои вазифаҳо дар самти таъмин намудани қувваи барқи дастрас барои қисми камбизоати аҳолии ВМКБ мебошад.

Ш.ШОҲҚОСИМ «Садои мардум»