ДУШАНБЕ. ( Хайруллои АБДУЛВАҳҳОБ, «Садои мардум») Соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 292181 гектар кишти ғалладона гузаронида шудааст. Ба иттилои Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то даҳаи аввали моҳи июли соли равон майдони 132524 гектар ғалла даравида шудааст. Манбаъ зикр намуд, ки ҳосили умумии ғалладонагиҳои ҳоло ҷамъовардашуда 421919 тоннаро ташкил медиҳад ва барои ҷамъоварии ҳосил беш аз 730 адад комбайни гандумдарав ҷалб шудааст. Ҷамъоварии ҳосили ғалла дар вилояти Хатлон низ идома дорад. Тибқи маълумот, имсол дар ин вилоят майдони кишти ғалла 137212 гектарро ташкил медиҳад.
Ҷомеа ба ахбор доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи озоди демократист.
Эмомалӣ Раҳмон