«Помир — 2017» — имкони хуби муаррифии табиати кишвар

№85 (3722) 18.07.2017

2

29 июли соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дуюмин Фестивали табиати ваҳшӣ таҳти унвони «Помир-2017» баргузор хоҳад шуд. Тибқи иттилои расида он дар назди қалъаи куҳани Қаҳқаҳа, воқеъ дар деҳаи Намадгути ноҳияи Ишкошим доир мегардад. Аз сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ Мулкамон Назаралиев, ки яке аз ташкилкунандагони он мебошад, оид ба паҳлуҳои мухталифи баргузории ҳамоиш пурсон шудем.

- Аввалан, ташаккур мегӯям, ки рӯзномаи шумо ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир кард. Ин дувумин фестивали табиати зебои Ватан аст, ки дар Бадахшон баргузор хоҳад шуд. Макони баргузории он комилан ба мавзӯъ мувофиқ меояд. Қалъаи чандинҳазорсолаи Қаҳқаҳа неру (энергия)-и зиёде дорад, ки иштироккунандагон метавонанд аз он баҳраманд шаванд. Ғайр аз ин, рӯ ба рӯи он музеи калони халқиест, ки сокинони Намадгут бунёд кардаанд ва дар назди он барои баргузории намоишгоҳ шароит фароҳам аст.

Фестивали якум соли 2015 дар мавзеи зебоманзари Вездара доир гардида буд. Гузаронидани фестивал оид ба табиат дар ҷумҳурӣ таҷрибаи нав буда, маҳаки онро се рукн ташкил медиҳад: инсон, табиат ва фарҳанг.

- Дар маҷмӯъ, шумо мехоҳед, ки тавассути ин чорабиниҳо зебоии табиати диёрамонро таблиғ кунед?

- Оре. Ин  ҳадаф мувофиқи фармудаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аст. Тобистони соли гузашта он кас зимни ифтитоҳи Маркази ҷаҳонгардон дар шаҳри Хоруғ ба кормандони соҳаи ҳифзи табиат, ширкатҳои сайёҳӣ рӯ оварда гуфтанд: «Шумо зебоии табиатро ҳамчун маҳсул фаҳмед ва ба пул табдил додани онро ёд гиред.  Зебоии табиати мо метавонад ба хазинаи ҷумҳурии мо даромади ҳангуфт ворид кунад».

Мо ин суханони пурҳикматро раҳнамои фаъолият қарор дода, ба он мекӯшем, ки бо ташкили фестивал ба якчанд ҳадаф бирасем. Аваллан, таваҷҷуҳи шаҳрвандонро ба муҳити атроф, ба табиате, ки моро иҳота кардааст, ҷалб намоем. Мутаассифона, бисёр одамон фикр мекунанд, ки дар табиат он чӣ аз чашми мо дуртар аст, моли мо нест ва бесоҳиб аст. Аммо тавре медонем, дар табиати аз чашм дур, яъне ваҳшӣ, ҳайвоноти зиёди даранда, чаранда, ширхӯр, хазанда, шабпаракҳо, кирмакҳои гуногун, пашшашаклҳо, моҳӣ, мурғони гуногун ва ғайра зиндагӣ доранд. Пас набояд гузошт, ки ин қадар неъмати худовандӣ бесоҳиб монад.

Ҳадафи дигар эҳёи фарҳанг, ҷаҳонбинӣ ва дониши мардуми тоҷик дар бораи ҳифозати табиати ваҳшии атроф аст. Тоҷикон дар мавриди ҳифзи табиат ва дороии он ҷаҳонбинии хеле васеъ ва анъанаҳои наку доранд. Мутаассифона, дар зери таъсири омилҳои гуногун бисёри онҳо аз байн рафтаанд ва кам касон мондаанд, ки онҳоро дар ёд дошта бошанд. Мо мехоҳем дар асоси ҷамъоварии донишҳои мардумӣ аз афроди солхӯрда ин ҷаҳонбиниро дар фестивал тавассути намоишномаҳо, нақлҳои мӯйсафедон ва ғайра ба мардум намоиш дода, китобат кунем. Мақсади дигар ин ташкили бозори молҳои истеҳсоли мардуми маҳал, аз ҷумла маҳсулоти полезӣ, боғдорӣ, шириву гандумӣ, ҷӯробу палосу дастпона ва ғайра мебошад. Дар фестивали якум, ки ҳазор нафар ширкат карда буданд соҳибкорони маҳаллӣ тавонистанд маҳсулоти худ — муҳраҳои сангӣ, китоб­ҳои армуғонӣ, шарбатҳои аз лиҳози экологӣ пок ва ғайраро фурӯшанд. Ҳадафи дигари фестивал ҷалби сайёҳони экологӣ ба Тоҷикистон аст. Тоҷикистон зистгоҳи нодиртарин ҳайвони ваҳшӣ – озодапаланг (снежный барс) мебошад. Барои туристи экологӣ фаҳмидани танҳо ҳамин нукта, ки Тоҷикистон мақари озодапаланг аст, кофист, ки азми сафар намояд. Ёдовар мешавем, ки дар фестивали нахуст 15 сайёҳи хориҷӣ ширкат карда, дар дафтари махсус миннатдорӣ ва хушҳолии худро изҳор карданд.

- Дар гузарондани фестивал шарикони дигар низ ҷалб шудаанд?

- Гузарондани фестивал бо раиси ВМКБ Шодихони Ҷамшед ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ Хайрулло Ибодзода мувофиқа шудааст.

Шарики асосии мо дар гузаронидани он Иттиҳодияи ҷамъиятии «Кӯҳҳои Помир» аст, ки дар ВМКБ фаъолият мекунад. Роҳбари он журналист Қурбон Аламшоев барои рангоранг гузарондани маҳфил таклифу пешниҳодҳои ҷолиб ироа кард. Вақте мо ин идеяро дар воситаҳои ахбори омма эълом доштем, ҷонибдорон ва ҳаводорони зиёд пайдо кардем. Он сол бо мо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа, Ҷамоати деҳоти «Вездара»-и ҳамин ноҳия, ширкати мобилии «Мегафон», Ассотсиатсияи сайёҳии экологиву фарҳангии Помир, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва дигарон ҳамкории судманд дош­танд. Имсол ҳам ширкатҳои гуногун ҳавасмандиашонро бобати саҳмгузорӣ дар баргузории фестивал иброз намуданд.

- Дар фестивал киҳо иштирок карда метавонанд?

- Дар он ҳама метавонанд ширкат ё баромад намоянд. Вале талаб ин аст, ки баромад ё ҳадафи ширкат бо ҳадафҳои умумии фестивал мутобиқ бошад. Ҳар як хоҳишманд метавонад қаблан баргузоркунандагони фес­тивалро дар ҷараён гузорад. Баргузоркунандагон мувофиқи салоҳдид метавонанд онро ба барномаи умумии фестивал дохил намоянд. Бисёр орзу дорем, ки он ба ҷашни ҳарсолаи шоирону нависандагон низ табдил ёбад, зеро аксари шоирони тоҷик вассофи табиати зебои Тоҷикистонанд.

Мехоҳем ҳар сол фестивали мазкурро дар ноҳияҳои алоҳидаи ВМКБ гузаронем. Орзуи мо ин аст, ки дар оянда он ба як ҷашни умумимиллӣ табдил ёбад ва дар минтақаҳои дигар низ баргузор шавад.

 Мусоҳиб Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум»