- Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ кормандони таълимгоҳ баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир, афзун намудани дастовардҳои илмӣ ва ба ин васила ҳисса гузоштан дар пешрафти иқтисодиёт ва рушду нумӯи кишвар кӯшиш ба харҷ дода, корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд, — гуфт ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ҳамидуллохон Фақеров зимни нишасти матбуотӣ.
Соли таҳсили ҷорӣ 25 дастури таълимӣ дар комиссияи экспертӣ муҳокима ва тавассути экспертҳои мустақил баҳогузорӣ карда шуд. Комиссияи экспертӣ ва табъу нашри Шӯрои илмӣ — методии донишгоҳ дар соли сипаришуда 4 китоби дарсӣ, 10 комплекси таълимӣ ва 11 дастуру васоити таълимиро барои чоп тавсия намуд.
Сеюми феврали соли 2017 дар Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбасти се озмуни ҷумҳуриявӣ: «Донишҷӯйи беҳтарини сол – 2016», «Таронаи донишҷӯйи сол – 2016» ва «Беҳтарин мудири шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва раиси созмони ҷавонон дар соли 2016» баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ донишҷӯйи курси 3, ихтисоси ҳуқуқи байналмилалӣ Мадина Дилоева, ки дар озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯйи беҳтарини сол – 2016» сазовори ҷойи аввал гардида буд, бо ҷоиза, диплом ва стипендияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуд.
Дар озмуни «Таронаи донишҷӯйи сол – 2016» бошад, донишҷӯйи курси 2-и ихтисоси иқтисоди ҷаҳон Зайнаби Файзулло сазовори ҷойи дуюм ва туҳфаҳои хотиравӣ гардид.
Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон 16 марти соли 2017 Озмуни ҷумҳуриявӣ – телевизионии «Маҳфили зарифон» баргузор гардид, ки дар он дастаи донишгоҳ ба давраи ниҳоии озмун роҳхат гирифт.
2 июни соли 2017 дар саҳни донишгоҳ чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Шоми ҷавонӣ» бахшида ба Соли ҷавонон ва 20 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни донишгоҳ ва намояндагони муаcсисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.
Зикр шуд, ки ҳамкориҳои судманди донишгоҳ бо Донишгоҳи менеҷменти Алмаато ва Донишгоҳи иқтисодии Қарағандаи Қазоқистон ба роҳ монда шуда, устодони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва донишгоҳҳои номбурда дар конфронсҳои илмии байналмилалӣ фаъолона иштирок менамоянд.
ҳамидуллохон Фақеров, инчунин қайд кард, ки моҳи майи соли ҷорӣ 13 нафар донишҷӯйи донишгоҳ дар озмун иштирок намуда, барои идомаи таҳсил аз моҳи сентябри соли 2017 то моҳи феврали соли 2018 дар Донишгоҳи менеҷменти Алмаато роҳхат гирифтанд.
Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»