Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин ниҳоди илмиест, ки дар самти тараққӣ додани таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ оид ба самтҳои афзалиятноки илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ, ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ – тадқиқотии академӣ, амалӣ намудани сиёсати илмию техникӣ, таҳлили рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва илмиву технологии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.
Президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ 13 июл дар нишасти матбуотӣ дар бораи фаъолияти ин махзани илму маърифат чунин гуфт:
- Дар нимсолаи якуми соли 2017 олимони академия таҳқиқотро аз рӯи 88 мавзӯъ, аз ҷумла 47 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ ва 41 мавзӯи амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.
Сарвари Академияи илмҳо аз натиҷаи кори олимон изҳори ризоят кард ва афзуд, ки дар давоми шаш моҳ онҳо 18 патент барои кашфиёти муҳими илмӣ ба даст оварданд, ки нисбат ба соли гузашта зиёд аст. Ӯ ба тағйироти иқлими сайёра низ дахл кард ва тавзеҳ дод, ки ду масъалаи муҳим — дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва захираҳои энергетикӣ муҳимтарин мушкилот дар пешорӯи башарият ҳастанд. Бинобар ин, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гаштани Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 — 2028 — ро сиёсати хирадмандонаву муҳим арзёбӣ кард.
Фарҳод Раҳимӣ нақши ҷавононро дар илм муассир дониста, гуфт, ки дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 800 нафар ҷавон дар риштаи магистрӣ ва аспирантура таҳсил доранд. Онҳо то нисфирӯзӣ ба таври назариявӣ дарс хонда, дар қисмати дувуми рӯз дониши худро ба таври амалӣ сайқал медиҳанд. Ӯ дар робита ба ин масъала афзуд:
- Бахшида ба Соли ҷавонон Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки 13 самти илмро фаро гирифт. Дар он 270 донишҷӯ иштирок намуд, ки аз миёни онҳо 12 нафар ғолиби ҷойи якум, 15 нафар ҷойи дуюм ва 17 нафар ҷойи сеюм дониста шуд.
ВОРИС, «Садои мардум»