10-уми июли соли равон дар нишасти матбуотӣ раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ оид ба дастовардҳои соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят дар шаш моҳи сипаришудаи соли 2017 ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. Зикр шуд, ки дар ин давра иҷрои нақшаи андоз 101,4 фоиз таъмин ва ба буҷет 444 миллион сомонӣ ворид гардид. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 3 миллиарду 195,4 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 252,9 миллион сомонӣ зиёд аст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2635,3 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 614,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра 29 корхонаю коргоҳи саноатӣ бунёд ёфт.
Номбурда, ҳамчунин оид ба сохтмон, нақлиёту роҳ, маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят ибрози назар намуд.
Раиси вилоят ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ дахл намуда иброз дошт, ки «Аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ имрӯз вориди маблағ коҳиш ёфтааст. Зеро бисёрии онҳо баъди гузаштани қариб 25 соли муҳоҷират ба синну соли муайяне расида, падару бобо шудаанд ва бо фарзандону наздикон дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунанд. Падару модарони қисме аз онҳо дар Тоҷикистон бо сабаби ба синни пирӣ расидан даргузаштаанд. Яке аз сабабҳои коҳиши воридоти маблағи онҳо ба Тоҷикистон ҳамин аст. То ҷое иттилоъ дорем, қисме аз муҳоҷирон ба соҳибкорӣ шуғл варзида, воқеан ҳам, соҳиби сармояю маблағи зиёд гаштаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар Тоҷикистон шароити заруриро фароҳам орем, то онҳо корхонаю муассиса, бахусус корхонаҳои саноатӣ, бунёд кунанд. Бовар аст, ки ба хотири миллат, ба хотири Тоҷикистони азиз кору амали хайрро ба сомон мерасонанд. Ман омодаам, ки бо онҳо аз наздик мулоқот намоям. Барои ҷалби онҳо рӯзноманигорон низ ҳиссагузорӣ карда метавонанд. Мо бояд дар якҷоягӣ Ватани хешро ободу зебою пешрафта гардонем».
С. СУЛТОНОВ, «Садои мардум»