Яке аз самараҳои ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳу субот эҳёи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, устувор гардидани рукнҳои давлатдорӣ ба шумор меравад. Дар ин радиф соҳаи фармасевтӣ низ аз вартаи нобудӣ раста, рушду нумӯъ намуд.
Шоҳидем, ки солҳои соҳибистиқлолӣ баробари дигар соҳаҳо, дар сохтори тандурустии кишвар низ бозсозии амиқ оғоз гардида, ин раванд пайгирона татбиқ карда мешавад. Дар натиҷа, заминаи мукаммали қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, такмили низоми идоракуниву маблағгузорӣ муҳайё шудаанд.
Яке аз масъалаҳои асосии соҳа, дар баробари таҷриба ва малакаи касбии табибон, дастрасӣ ба дорувории хушсифат мебошад. Ҳоло 90 фоизи доруворӣ аз хориҷи кишвар ворид мешавад.
Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав ва дигар мақомоти дахлдор супориш доданд, ки бо дарназардошти имкониятҳои фаровони табиӣ ва ашёи хом, аз ҷумла гиёҳҳои табиии шифобахши мамлакат ҳар чӣ зудтар доир ба рушди саноати дорусозии ватанӣ чораҷӯӣ намоянд.
Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат моро водор менамояд, ки сатҳу сифати фаъолиятро баланд бардорем, зеро назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар охири солҳои 90 — и асри гузашта зарурати ба роҳ мондани танзими бозори фармасевтӣ, назорати давлатӣ, бақайдгирӣ ва муқаррар кардани сифату судмандии маҳсулоти доруворӣ, ороишию гигиенӣ, таъмини аҳолӣ бо дорувории бехавф ва судманд ба миён омад. Аз ин рӯ, соли 1996 Маркази давлатии экспертизаи доруҳои Вазорати тандурустии Тоҷикистон ташкил шуда, баъдтар бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 483 аз 1 октябри соли 2008 ниҳоди мазкур Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ном гирифт.
Маҳз бо шарофати сулҳу субот назорати соҳа ба марҳилаи нав ворид шуда, ба бесарусомониҳо хотима дода шуд. Чунончӣ, савдои дорувориро аз кӯчаю дӯконҳои ҳолати ғайрисанитаридошта ба дорухонаҳои барҳаво ва дорои шароити нигоҳдорӣ ва хизматрасонӣ интиқол доданд. Ин марҳила ҳамчун замони муҳайё гардидани имконияти васеъ барои машғул шудан ба фаъолияти фармасевтӣ, интихоби озод дар тавлиду воридот ва содироти маҳсулоти фармасевтӣ арзёбӣ мегардад.
Алҳол дар ҷумҳурӣ зиёда аз 1800 муассиса ба истеҳсол, воридоту содирот, таъмини аҳолӣ ва муассисаҳои табобатию пешгирӣ бо доруворӣ машғуланд, ки дар онҳо ҳазорҳо мутахассисони дорои маълумоти миёна ва провизорон фаъолият доранд. Баъзе дорувории истеҳсолкунандагони ватанӣ, дар баробари пайдо кардани талабот дар бозори дохилӣ, ба хориҷа низ содир мешаванд.
Талаботи рӯзафзун ба мутахассисони соҳа аз рушди муназзами он дарак медиҳад. Ин раванд аз мутахассисон баланд бардоштани савияи донишу малакаи касбӣ, ҳисси масъулиятшиносиро тақозо дорад, ки дар ин ҷода собитқадамем.
М. А. Абдуқодирзода,
сардори Раёсати хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Хатлон