- Мувофиқи маълумоти оморӣ, гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2017 дар маҷмӯъ 1682,7 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 236,2 миллион доллари ИМА ё 12,3 фоиз кам мебошад. Аз маблағи умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ 1 246,4 миллион доллари ИМА ба воридот ва 436,3 миллион доллари ИМА ба содирот рост меояд. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 воридот 253,9 миллион доллар ё ба андозаи 16,9 фоиз коҳиш ва содирот 17,7 миллион доллари ИМА ё 4,2 фоиз афзоиш ёфтааст, — гуфт сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб.
Номбурда афзуд, ки иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2017 бо 101 мамлакат амалиёти содиротию воридотӣ ба анҷом расониданд. Ҳаҷми асосии содироти мол ба давлатҳои Қазоқистон, Туркия, Тайван, Афғонистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Эрон, Италия, Покистон, Россия ва ИМА рост меояд, воридоти мол бошад, асосан аз Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Туркия, Эрон, Олмон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб сурат гирифтааст.
Дар нимсолаи аввали соли 2017, ки нақшаи ситонидани пардохтҳои гумрукӣ 2 161,3 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида буд, ба Буҷети давлатӣ 1 964,3 миллион сомонӣ, бо дарназардошти сарчашмаҳои даромад, ворид карда шуд, ки ба 90,9 фоизи нақша баробар мебошад. Маблағи ҷамъоваригардидаи пардохтҳои гумрукӣ нисбат ба нақшаи муайяншуда ба маблағи 197,0 миллион сомонӣ кам ва нисбат ба пардохтҳои ҷамъоваригардидаи ҳамин давраи соли 2016 ба маблағи 268,3 миллион сомонӣ ё ба қадри 15,8 фоиз зиёд мебошад. Сабаби асосии таъмин нагардидани иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар нимсолаи аввали соли 2017 коҳиш ёфтани ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ, махсусан воридоти моли андозбандишаванда мебошад.
Як қатор омилҳои дигаре низ мавҷуданд, ки ба иҷро нагардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ таъсир расониданд. Коҳиш ёфтани воридоти молҳое, ки истеҳсолашон дар дохили ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст, тафовути калони меъёри андозбандӣ ва то ҳол шаффоф мондани сарҳад миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, мушкилоти транзити молҳо тавассути қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон вобаста ба вазъи ноороми сиёсии ин кишвар ва гарон будани тарифҳои транзитӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, паст шудани қобилияти харидории мардум ва ғайра аз ин ҷумла мебошанд.
Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»