Роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии таъмиру барқароркунии роҳҳои дохилии шаҳри Кӯлоб мақолаи рӯзноманигор Ёқуби Содиқро таҳти унвони «Муассисаи таъмиру барқарорсозие, ки 4 бел ва як «Тангем»-и вайрона дороӣ дорад», ки 15 июни соли 2017 таҳти №71 (3708) дар рӯзномаи «Садои мардум» нашр гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки дар мақола баъзе маълумот нодуруст инъикос шудаанд.
Рӯзноманигор навиштааст, ки кормандони корхонаи мазкур аз моҳи декабр ва қисман дар моҳи январ ва феврал маош нагирифтаанду моҳҳои март, апрел ва май онро дастрас накардаанд.
Дурусттараш, кормандон то 1 июни соли 2017 маош пурра гирифтаанд.
Ман аз 20 апрели соли 2017 директори корхона таъин гардидаам. То ин давра қарздорӣ аз музди меҳнат 27 ҳазору 152 сомонӣ, андоз 26 ҳазору 908 сомониро ташкил медод. Суратҳисоби корхона, бинобар сабаби зиёд шудани қарзҳо, аз тарафи Нозироти андоз баста шуда буд.
Бо дастрас шудани маблағ аз буҷет қарзи андоз ва музди меҳнати коргарон пардохт гардид.
Дар мувозинати корхона 45 километр роҳҳои дохилишаҳрӣ мавҷуд мебошад, ки то ин замон зиёда аз 20 километри он аз таъмири ҷорӣ бароварда шудааст.
Чанде пеш бо маблағгузорӣ аз буҷет 10 тонна битум барои тайёр намудани асфалти хунук ҷиҳати пур кардани чуқуричаҳои роҳ дастрас карда, ба таъмири ҷории роҳҳо оғоз намудем.
Бо дастгирии роҳбарияти Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилӣ, Идораи хоҷагии роҳҳои минтақаи Кӯлоб ва ҶДММ «Ранҷ»-и шаҳри Кӯлоб масолеҳи заруриро сари вақт дастрас намуда, дар таъмиру барқарорсозии роҳҳо истифода мебарем.
Мушкилоти асосии корхона норасоии техника мебошад. Бо нақлиёти сабукрав ҳеҷ гоҳ асфалт накашонидаем, зеро зарари он ба нақлиёт зиёд ва аз рӯи ҳаҷми корҳои таъмирӣ низ ғайриимкон аст.
Чун корхона худмаблағгузор аст, баъди анҷоми таъмир бо маблағҳои аз буҷет дастрасшуда маоши кормандонро пардохт ва маблағҳои дар сохтмон харҷшударо ҷуброн менамояд. Аз моҳи январ то моҳи майи соли ҷорӣ ба маблағи 138 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру барқароркунӣ иҷро гардидааст, ки 137 ҳазор сомониаш аз ҳисоби Буҷети давлатӣ пардохт шудааст.
Дар робита ба «Тангем» бояд зикр намоем, ки он барои интиқоли коргарон истифода мешавад.
Корхона ба нақша гирифтааст, ки корҳои таъмиру барқароркуниро то фасли зимистон ба анҷом расонида, ҳаракати мунтазаму бехатари нақлиётро таъмин намояд.
Қурбоналӣ ШариФов,
директори Корхонаи воҳиди давлатии таъмиру барқароркунии роҳҳои дохилии шаҳри Кӯлоб
Р.S.
Мутаассифона, масъулон ба ҷойи пайи рафъи камбудӣ шудан, саъй намудаанд, ки факту далели дар матлаб овардашударо ботил ҳукм кунанд.
Директори Корхонаи воҳиди давлатии таъмиру барқароркунии роҳҳои дохилии шаҳри Кӯлоб ҷаноби Қурбоналӣ Шарифов дар вокуниш ба матлаб гуфтааст, ки то 1 июни соли 2017 гӯё кормандони корхона пурра музди меҳнатро гирифтаанд. Ба маълумоти хонанда мерасонем, ки 1 июни соли ҷорӣ хабарнигори рӯзнома аввал бо кормандони қатории муассиса, баъдан бо Қ. Шарифов мусоҳиб шуд. Ҳамаи онҳо гила аз нагирифтани маош карданд. Тамоми факту далели дар мақола инъикосшударо кормандони муассиса пешниҳод карданд, ки сабти садои онҳо мавҷуд аст. Агар суханони дар мақола дарҷгардида нодуруст бошанд, пас Қ. Шарифов ба хабарнигор дидаю дониста, маълумоти бардурӯғ додааст. Аммо бемасъулиятиро бо дурӯғ пӯшонда намешавад…