Нишастҳои матбуотӣ

Суғд. 235 деҳа, 2 шаҳрак, 41 маҳалла бо оби нӯшокӣ пурра таъмин нест

№86 (3723) 20.07.2017

Дар иҷлосияи 11-уми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд даъвати панҷум дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ аз масъалаҳои асосӣ буд.

Роҷеъ ба ин масъала муовини раиси вилояти Суғд Заробиддин Файзуллозода зикр кард, ки бо мақсади амалисозии ташаббусҳои наҷиби Пешвои миллат дар самти дастрасӣ ба оби нӯшокӣ дар вилоят «Соли 2017 — Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ» эълон гардид. Ба ин мақсад барномаи махсуси корӣ тарҳрезӣ шудааст. Гурӯҳи корӣ муайян сохт, ки дар вилоят 235 деҳа, ду шаҳрак, 41 маҳалла, ки дар онҳо зиёда аз 651 ҳазор нафар аҳолӣ истиқомат мекунанд, бо оби нӯшокӣ пурра таъмин нестанд. Ҳамчунин, муайян гардид, ки дар вилоят 4352 км хатҳои оби нӯшокӣ мавҷуд аст, ки 1328 километраш таъмирталаб мебошад.

Зикр шуд, ки яке аз сабабҳои асосии дастрасии пурра надоштани аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ ҳангоми ҷудо намудани қитъаҳои замин барои бунёди деҳаю шаҳракҳо бе нақшаи асосии сохтмони хатти оби ошомиданӣ, хатҳои интиқоли барқ, роҳҳои асосию байни маҳаллаҳо, хатҳои ташноб ва дигар иншооти ёрирасон аст. Мақсади асосии барнома низ бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии вилоят ва ба ин васила пешгирии хурӯҷи касалиҳои сирояткунанда ва ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад.

Дар доираи татбиқи Барномаи «Соли 2017 — Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ» соли ҷорӣ 492 км хати оби нӯшокӣ аз таъмири асосӣ ва ҷорӣ бароварда шуда, 48 ҳавзи захиравӣ ва 19 чоҳи амудӣ таъмир, 213,6 км хати оби нӯшокӣ кашида, 23 ҳавзи захиравӣ ва 31 чоҳи амудӣ сохта мешавад. То имрӯз бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ҷалби ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт як қатор корҳо ба иҷро расидаанд. Аз ҷумла, то нимсолаи аввали соли равон 76 км қубури обгузар аз таъмири асосӣ ва 101,2 км аз таъмири ҷорӣ бароварда шудааст. Ҳамчунин, 174,4 км хатти нави оби нӯшокӣ кашида, 4 ҳавзи нави захиравӣ, 6 чоҳи амудӣ сохта, 23 адади дигар аз таъмир бароварда шудааст. Агар татбиқи барномаи мазкур дар ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ, Б. Ғафуров хуб сурат гирифта бошад, дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Исфара, Хуҷанд, Гулистон, Истиқлол, Бӯстон, Ашт, Шаҳристон, Айнӣ, Ҷ. Расулов, Мастчоҳ, Спитамен ва Зафаробод  мувофиқи табъ нест.

Вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят Расулзода Дилшод Ҷабборӣ, Ғайбулло Боҳирӣ, Рухсора Давлатзода, Ҷӯразода Рустам, Умар Ёқубзода таъкид доштанд, ки татбиқи Барномаи «Соли 2017- Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ» муҷиби беҳтар гардидани вазъи хатҳои обрасонӣ ва иншооти обтаъминкунӣ хоҳад гашт.

 

 

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»