Дар моддаи 23-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» омадааст, ки воситаҳои ахбори омма ҳуқуқи аз мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани ахборро доранд. Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо ба воситаҳои ахбори омма маълумоти зарурӣ дода, барои шинос шудан бо ҳуҷҷатҳо имконият фароҳам меоранд. Аммо қонуни мазкур аз тарафи бархе аз роҳбарон сарфи назар шуда, аз ноогоҳияшон аз қонунҳои амалкунанда шаҳодат медиҳад.
Ин ҳолатро дар рафтори сардухтури Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бурӣ Воҳидов Алихон Нуралиев мушоҳида намудем.
Чанде қабл аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва бо мақсади огоҳӣ ёфтан аз сатҳи иҷрои он ва таҳияи мақола бобати фаъолияти табибон ба ин беморхона роҳ пеш гирифтем.
Дар қабулгоҳ котиба ба мо гуфт, ки дар назди сардухтур одам асту каме мунтазир шавед. Бо гузашти андак вақт сардухтур ҳамроҳи нафаре берун баромаду пурсон шуд: «Шумо киен? Чӣ кор дорен? Ман саросемаам». Дар ҷавоб гуфтам, ки рӯзноманигор ҳастаму мехоҳем бо шумо суҳбат намоям.
Сардухтур аз шунидани ҷавоби ман асабӣ шуда, чунин посух дод:
-Рафта аз Раёсати тандурустӣ иҷозатнома биёред. Баъд ман бо шумо суҳбат мекунам. Инро гуфту бо он мард берун баромад.
Баъди чунин рафтори сардухтур гарчӣ хилофи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» аст, маҷбур шудам ба сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Сайдулло Маллазода занг занам. Ӯ зимни суҳбати телефонӣ гуфт, ки ягон мушкиле нест. Худи ҳозир ман ба сардухтур занг мезанаму шумо бемалол суҳбат намоед.
Баъди чанде интизорӣ боз ба сардори раёсат занг зада, пурсон шудам, ки бо сардухтур ҳамсуҳбат шуданд ё не? Номбурда дар ҷавоб гуфт, ки бале, ман ба ӯ занг задаму метавонед ҳамсуҳбат шавед. Ҳамин тариқ, боз раҳсипор шудем ба утоқи кории сардухтур. Дар пушти дари қабулгоҳ сардухтурро пайдо намудем, ки бо зане бо асабоният гуфтугӯ мекард. Баъди анҷоми гуфтугӯ ба сардухтур фаҳмонидам, ки аз сардори Раёсати тандурустии вилоят тариқи телефон иҷозати бо шумо ҳамсуҳбат шуданро гирифтам. Баъди шунидани ин суханҳо аз чӣ бошад, ки сардухтур сахт дар ғазаб омад ва чунин посух дод:
-Ман ба шумо гуфтам-ку аз Раёсати тандурустӣ иҷозатномаи хаттӣ биёред. Ман дар беморхона ҳазору як проблема дорам. Ягон хел «интервю» намедиҳам.
Агар рафтори сардухтури беморхонаи вилоятӣ бо рӯзноманигорон ин гуна аст, пас бо беморону корафтодагоне, ки шумораашон дар ин ҷо зиёд аст, чӣ гуна бошад?
Ҳол он ки дар моддаи 63 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «Савганди табиби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном дорад, омадааст: «Вориси сазовори олим ва табиби бузург Абӯалӣ ибни Сино бошам, дар тамоми фаъолияти худ аз рӯи меъёрҳои умумибашарӣ амал кунам, қавл медиҳам, ки ба ин савганд умрбод содиқ бошам».
Ҳамчунин, дар моддаи 49-и кодекси мазкур, ки «Уҳдадориҳои касбии кормандони тиббӣ ва фарматсевтӣ» ном дорад, муқаррар шудааст: «Кормандони тиббӣ ва фарматсевтӣ уҳдадоранд:
Дар асоси меъёрҳои башардӯстонаи одобу ахлоқи тиббие, ки муносибатҳои ахлоқии кормандони тибро… танзим менамояд, фаъолият намоянд».
Дағалии А. Нуралиевро мушоҳида намудаму пеши назарам сифатҳои хуби инсониву ахлоқи ҳамидаи сардухтури собиқи беморхона, шодравон Бурӣ Воҳидов омад. Ба номи ӯ номгузорӣ шудани ин бемористон низ исботи хизматҳои арзанда, рафтори шоистаи ин марди некуст.
Дар мавриди муносибати сардухтури Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бурӣ Воҳидов Алихон Нуралиев аз вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода пурсиданием, ки оё дастур бобати иҷозати пешакии суҳбати тобеон бо кормандони воситаҳои ахбори омма дода шудааст?
Дар яке аз баромадҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд, ки: «Табиби воқеӣ бояд сифатҳои ҳалимиву хоксорӣ ва одоби хуби муоширатро дастури доимии фаъолияти худ дониста, ба ин шуғли басо пурмасъулият ҷиддӣ бо дасти поку дилу нияти нек муносибат намояд».
Оё ин суханони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Алихон Нуралиев дахл надорад?
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»