Ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваҳдату якпорчагии мардум ва иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили санаҳои муҳими таърихӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи фарзандони барӯманди миллат ба ҳукми анъана даромадааст, зеро ба қавли Сарвари давлат: «Таҷрибаи ветеранҳои муҳтарам, зиндагиву фаъолияти онҳо барои мардум ва хусусан, барои наслҳои ҷавони кишвар, дар сохтмони як ҷомеаи мутамаддин ва пешрафта сабақи нодир аст».
Пешвои миллат ба наслҳои калонсол ғамхории доимӣ зоҳир намуда, дар манотиқи гуногуни кишвар бо пирони кор, шахсони пуртаҷрибаю рӯзгордида мулоқот доир менамоянд ва таваҷҷуҳи роҳбарони шаҳру ноҳияҳоро ба ин табақаи арзишманди ҷомеа равона месозанд.
Чанде пеш дар ноҳияи Зафаробод бахшида ба 80-умин солгарди яке аз шахсони муътабари ноҳия, Устоди пахтаи Тоҷикистон, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Акбар Ҳоҷимуродов ҷамъомади ботантана доир гардид. Раиси ноҳияи Зафаробод Зиёзода Сулаймон Ризоӣ аз кору рӯзгори қаҳрамон ёдовар шуда, аз ҷумла гуфт: «Акбар Ҳоҷимуродов аз зумраи афроде мебошанд, ки дар давоми умри пурбаракат ба давлат ва халқу миллат хидмати шоиста кардаанд. Ҷашни 80-солагии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Акбар Ҳоҷимуродов гиромидошти на танҳо соҳибҷашн, балки арҷгузорӣ ба заҳмати диловаронаи насли калонсол, ба ҷой овардани ҳурмат ва иззати онҳо, тарбияи наслҳои ҷавон дар мисоли ин гуна ашхоси шарафманд мебошад».
Муаллифи ин сатрҳо аз кору рӯзгори Акбар Ҳоҷимуродов бо номи «Замини Акбар» китобе иншо кардаам ва хуб медонам, ки яке аз аввалин фотеҳони Мирзочӯли тоҷик Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Акбар Ҳоҷимуродов мебошад.
Ба ӯ 10 декабри соли 1973 бо Укази Президуми Совети Олии СССР дар қатори пешқадамони соҳаи кишоварзӣ, барои зиёд намудани истеҳсоли пахта, ғалла ва дигар маҳсулоти деҳқонӣ, фурӯши он ба давлат дар соли 1973 ва нишон додани хизматҳои махсус унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ дода шуд.
Баъдан, Акбар Ҳоҷимуродов ду даъват депутати Шӯрои Олии СССР (солҳои 1974-1983), вакили Анҷумани XXVI ҲКИШ, Анҷуманҳои XVII-XX Ҳизби коммунисти Тоҷикистон интихоб гардида, ба халқу Ватан хизмати арзанда кард. Тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар Акбар Ҳоҷимуродов бо фарзандон хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷимурод»-ро таъсис доданд, ки дар Зафаробод бо маданияти баланди корҳои деҳқонӣ шуҳрат дорад.
Ин инсони фозил ва пири ботадбир сиёсати дурандешона ва халқпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз дилу ҷон дастгирӣ намуда, мегӯяд:
- Ман дар умри худ пастию баландии бисёр дидаам. Ҳангоми депутати Шӯрои Олии СССР буданам ба бисёр мамлакатҳо сафар кардам ва дар муқоиса ба чунин хулоса омадам: он сиёсати аграрие, ки аз ҷониби Пешвои миллат барои деҳқонон амалӣ карда шудааст, дар дигар кишварҳо мушоҳида намешавад. Солҳо деҳқон дар орзуи он буд, ки соҳиби замин шавад. Бо ташаббуси дурбинонаи Пешвои миллат зиёда аз 20 сол мешавад, ки замин ба соҳиби аслиаш супорида шудааст.
Ҳусейни Назрулло,
«Садои мардум»