Дар партави Паёми Президент

Дар ободии Ватан ҳама масъулем

№88 (3073) 17.07.2013

Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Ӯротеппа-31», вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан Собирҷон Акрамов соли сеюм аст, ки соҳаи тандурустии шаҳри Истаравшанро сарварӣ менамояд. Таҳти роҳбарии ин ҷавонмарди кордон тӯли муддати кӯтоҳ дар кору фаъолияти шуъбаҳои Беморхонаи марказии шаҳр тағйироти ҷиддӣ ба амал омад.

Суҳбати мо бо сардухтури Беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан Собирҷон Қориҷонович аз боби Паёми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.

-Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин санад дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишварамон ба ҳисоб рафта, дар он натиҷаҳои ҳафт соли гузаштаи тараққиёти мамлакатамон инъикос шуда, вазифаҳоро барои оянда муайян намуд.

Агар мағзу ҷавҳари асосии ин санади сарнавиштсози мамлакатамонро ба як ҷумла ифода намоем, он иборат аст аз фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои аҳолии Тоҷикистон.

Сарвари давлатамон мисли ҳамешагӣ ба соҳаи тандурустӣ, ҳамчун яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва стратегии хоҷагии халқи мамлакат таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, корҳои минбаъд дар ин самт вусъатгирандаро мушаххас намуданд. Тавре Сарвари давлат  фармудаанд: «Соҳаи тандурустии кишвар таҳти таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат қарор дошта, соли 2013 барои маблағгузории соҳа 900 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2000-ум 47 баробар зиёд мебошад».

-Дар ҳафт соли охир ба масъалаи бунёдкориву созандагии шаҳру навоҳии мамлакат диққати махсус дода, танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ чандин ҳазор иншооти таъиноти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода супорида шудааст. Агар дар соли 2006 дар Тоҷикистон якҷоя бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ 33 лоиҳаи муштараки сармоягузорӣ ба маблағи 409 миллион сомонӣ амалӣ шуда бошад, ҳоло 600 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 10 миллиард сомонӣ амалӣ гашта истодааст, — гуфтанд дар Паёми худ Президенти мамлакат.

Дар ин санади муҳим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мефармоянд, ки Давлат ва Ҳукумат бо мақсади ҳифзи саломатии мардум андешидани чораҳои заруриро барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ минбаъд низ идома хоҳад дод.

Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки  ғамхориҳо дар соҳаи тандурустӣ минбаъд низ идома меёбанд. Чуноне  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин санади муҳим гуфтаанд: «Татбиқи самараноки Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 ва дигар барномаҳои қабулшудаи давлатӣ, бунёди муассисаҳои нави тандурустӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти тиббии муосир таъмин намудани онҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, таблиғу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, инчунин тарбияи кадрҳои муосир вазифаи Ҳукумати кишвар, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ, мебошад»

-Ин санади муҳим кормандони соҳаи тандурустиро дар оянда ба чӣ водор мекунад?

-Худи шумо огоҳӣ доред, ки чанде қабл бо дастуру супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Қоҳир Расулзода дар шаҳри Истаравшан шаҳрвандонро қабул карданд. Ҳангоми ин ташрифашон раиси вилоят ба пешрафти соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои ба итмом расонидани бинои асосии таваллудхонаи марказӣ зиёда аз як миллиону 300 ҳазор сомонӣ ҷудо намуданд. Барои боз ҳам ободу зебо намудани гирду атрофи ин иншоот супоришҳои мушаххас дода, барои маркази саломатии деҳаи Ниҷонӣ як адад мошинаи нави «Ёрии таъҷилӣ» ҷудо карданд. Ҳамаи ин          дастгирӣ ва ғамхориҳо нисбат ба пешрафти соҳаи тандурустӣ мо, кормандони соҳаро, водор менамояд, ки аз ҳаррӯза беҳтар фаъолият намоем. Соли равон нақшаҳои мо хеле калон аст. Дастрас намудани таҷҳизоти нави муосир, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ, таъмини шуъбаҳо бо шароиту имконоти беҳтари кору фаъолият, баланд бардоштани савия ва дараҷаи дониши кормандони соҳа, суръат бахшидани кори тарғиботию ташвиқотӣ ва ғайра номгуйи хурди вазифаҳои аввалиндараҷаи мо — кормандони соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад.

Сарвари давлатамон дар анҷоми Паёмашон фармуданд: «Мо медонем, ки дар зиндагии ҷомеаи мо ва ҳаёти кишварамон ҳанӯз ҳам мушкилоту масъалаҳои зиёди ҳалталаб мавҷуданд, лекин ман ба азму иродаи мустаҳкам, нияти неку хиради азалии мардуми солору сарбаланди тоҷик итминони комил дорам ва дилпурона изҳор медорам, ки ҳамаи мо – фарзандони ин сарзамини муқаддасу бостонӣ дар солҳои наздик мушкилоти мавҷударо бартараф карда, Тоҷикистони маҳбубамонро ба як мулки ободу пешрафта табдил медиҳем ва рӯзгори босаодати сокинони онро таъмин мекунем».

Мо — табибон ва дигар кормандони соҳаи тандурустӣ дар ҷодаи амалӣ намудани ин ҳадафҳои Давлату Ҳукуматамон худро масъул меҳисобем ва бо истифода аз тамоми имкону шароит кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар ин кори бузургу бошараф саҳми босазо гузорем.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»