Дар нишасти матбуотӣ раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аҳли толорро бо нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят ошно кард. Маълум гардид, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ нақшаи ҷамъоварии андоз 111,6% ба иҷро расидааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2016, бо дарназардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ, 137,3 фоизро ташкил додааст. Чунин пешрафт дар соҳаи кишоварзӣ низ ба назар мерасад. Дар ҳамаи бахшҳои соҳа ба андозаи 1295,5 млн. сомонӣ (бо нархҳои муқоисавӣ) маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 6,6%, аз он ҷумла, дар соҳаи растанипарварӣ 592,9 млн. сомонӣ ё 9,6 % ва чорводорӣ 702,6 млн. сомонӣ ё 4,2% зиёд аст. Рушди соҳаҳои нақлиёту тандурустӣ, маорифу пардохти нафақа низ хуб аст.
Дар робита ба болоравии нархи маҳсулоти полезӣ, хусусан картошкаву пиёз, раиси вилоят бо овардани мисолҳои мушаххас зикр намуд, ки сабаби асосӣ кам кишт ё захира шудани онҳост. Ин омил ба болоравии арзиши истеҳсолии он низ вобаста аст, зеро нархи сӯзишворию нурии минералӣ ва ҳатто тухмиҳо боло рафтаанд.
Дар интиҳо Абдураҳмон Қодирӣ барои ҳамкории фаъолонаи журналистон бо МИҲД-и вилоят ва инъикоси дастоварду муваффақиятҳо дар ВАО арзи сипос намуда афзуд. — Мову шумо як ҳадаф — ободу сарсабз намудани Тоҷикистони азизро дорем. Бовар дорам, ки дар нимсолаи дуюм ҳамкориҳо боз ҳам тақвият меёбанд ва якҷоя баҳри ободии Ватани азизамон саҳмгузорӣ мекунем.
Мирзоаъзам Мақсудов, «Садои мардум»