Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

№90 (3727) 27.07.2017

MNK_639426 июли соли 2017 дар бинои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2017» суханронӣ  намуданд.

Тавре таъкид гардид, дар шаш моҳи соли 2017, сарфи назар аз таъсири манфии идомаёбандаи вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳонӣ, тамоюли мусбати рушди иқтисодиёт дар кишвар таъмин гардид. Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 24023,0 млн. сомониро ташкил дода, суръати афзоиши он ба 106,0 фоиз баробар гардид ва рушди воқеии иқтисодиёт асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 21,3 фоиз, кишоварзӣ — 6,4, гардиши савдои чакана — 3,6 ва хизматрасонии пулакӣ 0,6 фоиз таъмин карда шуд.

Дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷет дар сатҳи 99,5 фоиз иҷро шуда, ба буҷет 9292,8 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид. Нақшаи воридоти андозҳо 96,1 фоиз таъмин ва ба буҷет 6075,5 млн. сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 25,3 фоизро ташкил менамояд.

Аз ҷониби мақомоти андоз нақша дар сатҳи 102,2 фоиз, аз ҷумла пардохтҳои андозӣ 97,9 фоиз, воридоти ғайриандозӣ — 149,9 ва андозҳои иҷтимоӣ 97,6 фоиз таъмин гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки имконоту захираҳои мавҷуда дар самти амалӣ намудани «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» пурра ва самаранок истифода нагардидаанд.

Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти дахлдор вазифадор шуданд, ки барои ноил гардидан ба ҳадафҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат, бо дарназардошти таъмини нишондиҳандаҳои маҷмӯии миқдорӣ ва сифатии рушди соҳаҳои иқтисодиёт, чораҳои амалӣ андешида, неруи зеҳниву кадрии сохторҳои худро пурра ва самаранок истифода баранд.

Ҳамчунин, Сарвазир, муовинони ӯ, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муваззаф шуданд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтиву пурраи стратегияву барномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ, Нақшаи чорабиниҳо барои соли 2017, алалхусус дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бармеоянд, Қарори Ҳукумати мамлакат «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» ва супоришҳое, ки ҳангоми сафарҳои Президенти мамлакат ба шаҳру ноҳияҳо дода шудаанд, чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Сипас, «Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» гузориши вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.

Бояд қайд кард, ки лоиҳаи «Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои солҳои 2018-2020» бо дарназардошти таъмини иҷрои муқаррароти «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», инчунин барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ ва барномаҳои минтақавии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарашон ба минтақаҳои ҷумҳурӣ таҳия гардидааст.

Бо қарори маҷлис лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017», хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Дар идома масоили вобаста ба созишномаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои дигар, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, «Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва ­бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», Нақшаи генералии деҳаи Шаҳристон – маркази ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд, таъсиси Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон» ва  ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ вазифадор карда шуданд, ки аз ҳозир ба давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода омодагии ҷиддӣ дида, тамоми иқтидору имконоти мавҷударо барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани мавсими сармо сафарбар намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ барои таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва кишти так­рорӣ, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат, тақвияти тадбирҳои омодагӣ ҷиҳати пешгирии хавфу хатарҳои офатҳои табиии марбут ба вазъи боду ҳаво ва сӯхтор ­дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

www.president.tj