Дар мулоқот бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар бахшида ба 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Сарвари давлат оид ба такмил додани қонун ва риояи бечунучарои он дастуру ҳидоятҳо доданд, ки боиси таваҷҷуҳи умум гардид. Дар робита ба ин, хабарнигорамон дар вилояти Суғд бо одамони касбу кори гуногун вохӯрда, фикру мулоҳизаҳои онҳоро пурсон шуд.
Шоира Бузрукова, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд:
- Ҳанӯз 10 сол муқаддам Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки саривақтӣ буд, зеро дар байни мардум зуҳуроти бегонапарастиву тақлиди беҷо реша давонида, ба фарҳанги миллат, бахусус расму оинҳои миллӣ, хатари сахт таҳдид мекард. Пешвои миллат барҳақ таъкид намуданд, ки «маъракаҳои сохтаву бофтаи ба фарҳангу мазҳаби мо бегона зиндагии табақаҳои камбизоатро, ки бе ин ҳам мушкили зиёд доштанд, вазнинтар гардониданд». Маъракаҳои нав, аз ҷумла «Ақиқа», ки дар сурати писар будани тифл бояд ду гӯсфанд забҳ мешуд, «ҳоҷиошӣ», ки он ҳам бе забҳи чорво ва хароҷоти зиёдатӣ барпо намегардид, рӯзгори мардуми табақаҳои алоҳидаро мушкил карда буданд.
Ба бар кардани либосҳои ғайримиллӣ тоифаи муайяни бонувонро ба дуршавӣ аз фарҳанги либоспӯшии тоҷикӣ оварда расонд. Бинобар ин, ҳамчун вакили мардумӣ, пешниҳод менамоям, ки ба бар кардани либосҳои дур аз фарҳанг, хусусан ҳиҷоб, расман манъ карда шавад.
Мирзошариф Ғафуров, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ:
- Дар умри наздик ба 100 — солаам тағйирёбии расму оинҳои мардумиро бисёр дидам. Аслан, маъракаҳои мардумӣ вобаста ба вазъи иҷтимоии аҳолӣ тағйир меёбанд. Солҳои охир дар тӯю маърака, ҳатто маросимҳои азодорӣ, ба зиёдаравӣ ва исрофкорӣ роҳ дода мешуд. Аз ин рӯ, тавре ки Пешвои миллат зикр карданд, дар ҳақиқат, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравиро гирифт. Азоби гуруснагиву ташнагиро ману ҳамсолонам дар солҳои ҷанг сахт кашидаем ва дарду алами онро ҳанӯз аз ёд набаровардаем. На танҳо ҷанг, гуруснагӣ низ хеле азоб медод, ки гоҳо мегуфтем: як лаб нони серӣ хӯрем, беормон аз дунё меравем.
Ҳамчун пири рӯзгордида насли имрӯзаро насиҳат мекунам, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро ба гӯш гиранду риоя кунанд, зеро ба манфиати худи онҳост.
Мӯъминҷон Бобоев, меъмор:
- Пӯшида нест, ки то қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар барпо кардани тӯю маросимҳо хусусан, тӯйи арӯсию домодӣ, байни иддае мусобиқа буд. Яке бо овардани ҳунарманди машҳур дар тӯяш, дигаре бо пухтани оши палав дар чанд дег, сеюмӣ бо оростани қатори мошинҳои хориҷӣ дар рӯзи гузаштан аз қайди никоҳи расмӣ ва оростани зиёфати дабдабанок миёни ҳам сабқат мекарданд. Хушбахтона, баъди қабули қонун ин ҳама «мастигарӣ» аз байн рафт. Ба мошиндавонӣ дар рӯзи қайди никоҳ ва ба садама гирифтор шудани иштирокчиёни он маросим ва ҳатто арӯсу домод (ин гуна ҳодиса қабл аз қабули қонуни фавқуззикр дар ноҳияи Зафаробод рух дода буд) нуқтаи таммат гузошта шуд.
Вале, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки талаботи қонунгузорӣ ҳанӯз пурра риоя намешавад. Бинобар ин, хуб мешуд, ки барои вайронкунандагони Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷазои нисбатан сахттар муқаррар карда шавад.
Ҳавасҷон Раҳимзода, роҳиоҳанчӣ:
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки «махсусан, дар маъракаву чорабиниҳо, маҳфилу суҳбатҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ бо забони адабӣ сухан гуфтан ва риояи бечунучарои талаботи меъёри забони тоҷикӣ қарзи виҷдонии мо мебошад».
Воқеан ҳам, солҳои охир дар тӯю маъракаҳо қадру манзалати забони ноби тоҷикӣ хеле костааст. Табрикоти бемантиқу дур аз одоб, хусусан сурудҳои фачу бемаънӣ бо забонҳои бегона касро рӯҳан азоб медиҳанд. Бояд пеши роҳи ин гуна бегонапарастиҳо гирифта шавад. Пешвои миллат барҳақ зикр намуданд, ки «Фарҳанги миллӣ ба сифати пояи устувори маънавиёт ва таҳкими аркони давлатдорӣ арзиши ниҳоят бузург дошта, ҳифзи он ва ба ояндагон ба мерос гузоштани ин ганҷинаи маънавии халқи азизамон вазифаи давлат ва тамоми шаҳрвандони кишварамон ба шумор меравад». Аз ин рӯ, пешниҳод мекунам, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» як банд оид ба риояи меъёру талаботи забони давлатӣ дар тӯю маросимҳои мардумӣ ворид карда шавад.
Собирҷон Аҳмадҷонов, ҷарроҳи бачагона:
- Дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи дар 7 — 20 — рӯзагӣ хатна кардани тифлакон таъкид гардид ва ба андешаи ман, ҳамчун табиб, ин пешниҳод айни муддаост. Хатнаи тифлон бояд дар шароити беморхона бо риояи талаботи зарурӣ сурат гирад. Қабл аз ҳама, шахшавии хун санҷида шавад, то баъди ҷарроҳӣ хунравии зиёд рух надиҳад. Дуюм, бояд санҷид, ки мабодо тифли навзод нуқсони модарзодӣ надошта бошад, чунки дар ин ҳолат хатна кардан манъ аст. Ногуфта намонад, ки хатна ба хотири ҳифзи кӯдак аз гирифторшавӣ ба ҳар гуна касалиҳо гузаронида мешавад.
Дуруст аст, ки то замони соҳибистиқлолӣ хатна кардани писарбача дар 3 — 5 — солагӣ маъмул буд ва 95 фоизи писарон дар шароити хона аз тарафи «устоҳо»-и халқӣ хатна мешуданд. Ҳоло акси он мушоҳида мешавад, яъне, маърифати аҳолӣ нисбат ба ҳифзи саломатии фарзандон хеле боло рафтааст. Бо мақсади пешгирии гирифторшавии кӯдакон ба ҳар гуна касалӣ пешниҳод мекунам, ки хатнаи писарбачагон пурра дар шароити беморхонаҳо гузаронида, муқаррароти зарурӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда шавад.
Мусоҳиб Мирзоаъзам Мақсудов,
«Садои мардум»