Мулоқот бо роҳбари Дастгоҳи Президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ Лаура Фриҷенти

№88 (3073) 17.07.2013

265833_504646989605492_456479728_o

Ҳабдаҳуми июли соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Дастгоҳи Президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ Лаура Фриҷентиро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Бонки Умумиҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

Лаура Фриҷенти, ки тирамоҳи имсол ба мақоми Ноиби минтақавии Президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ доир ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хоҳад расид, иттилоъ дод, ки ҳадафи сафараш мулоқотҳо бо роҳбарияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва шиносойии бевосита бо масоили ҳамкорӣ ва роҳҳои дастгирии рушди ин минтақа мебошад.

Зимни суҳбат ба бахшҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, аз ҷумла вобаста ба тағйирёбии иқлим, таъмини дастрасии кофӣ ба об ва неруи барқ, дастгирии амнияти озуқаворӣ, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмуъ ба беҳсозии сатҳи зиндагии мардум таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Бо ёдоварӣ аз 20 соли ҳамкории ду ҷониб, аз ҷумла зикр гардид, ки дар ин муҳлат аз ҷониби гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои дастгирии рушди босубот дар ҳаҷми беш аз 900 миллион доллари амрикоӣ              қарзҳои имтиёзнок, грант ва кӯмакҳои техникӣ ҷудо гардидааст.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкории минбаъда низ пурсамар гардида, ба рушди бештари иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон мусоидати фаъол менамояд.

 www.president.tj