Зимни иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум, ки 24 июли соли равон доир шуд, ҷараёни татбиқи барномаҳо, нақшаи чорабиниҳо дар соҳаи маориф ва навгониҳо дар ин самт, натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар нимсолаи якуми соли 2017 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм, ҳамчунин тасдиқи як қатор қарорҳои раиси шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳангоми баррасии масъалаҳо таваҷҷуҳи ҳозиринро баҳри иҷрои бечунучарои азхудкунии маблағҳои фондҳои асосии сохтмон, таъмини сифати корҳои сохтмонӣ ва масолеҳи истифодашаванда, инчунин такмили фаъолияти комиссияҳои давлатии қабули иншоот ҷалб намуда, оид ба беҳдошти вазъи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва ҳисобкунакҳои об, барҳамдиҳии қарзҳо, ҷоннок намудани корҳо оид ба ифтитоҳи марҳилаи дуюми лоиҳаи обтозакунӣ, беҳбуд бахшидани хизматрасониҳои коммуналию муҳандисӣ дастуру супориш дод.
Сарраёсати маориф вазифадор гардид, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои пешгирӣ ва кам кардани шумораи ноболиғони оворагард, талбандагон ва ҷоннок намудани корҳои тарбиявӣ бо саркардагони муноқишаҳо миёни хонандагони муассисаҳо то охири сол чораҷӯӣ намояд.
Таъкид гардид, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқоту тарғиботӣ бо сокинони пойтахт оид ба пешгирии пӯшидани сарулибоси ба фарҳанги мо бегона, хурофотпарастӣ ва дигар омилҳои зараровари ҷомеа ҷоннок карда шуда, дар самти пешгирии касалиҳои сироятӣ, таъмини қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ корҳои амалӣ ба роҳ монда шаванд.
Дастур шуд, ки ҷиҳати ба миқдори зарурӣ харидорӣ ва ба бозорҳо ворид намудани маҳсулоти кишоварзӣ, муътадил нигоҳ доштани нархҳо ва пешгирии болоравии онҳо, махсусан дар арафаи иди Қурбон ва ташкили ҷойҳои фурӯши чорвои қурбонӣ ва забҳи он мунтазам корҳои амалӣ анҷом дода шаванд.
Мақомоти марбут бо раисони ноҳияҳои шаҳр супориш гирифтанд, ки барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, хӯрокворӣ, либоси мактабӣ, мошинолоти кишоварзӣ, ба кор даровардани корхонаҳои истеҳсолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, то 1 декабри соли 2017 ҳисобот пешниҳод намоянд.
Сохторҳои масъул вазифадор гардиданд, ки дар муҳлати кӯтоҳ ҷиҳати пурра пайваст шудани биноҳои истиқоматӣ ба шабакаҳои гармидиҳӣ тадбирҳои фаврӣ андешида, то мавсими зимистонгузаронӣ ахборот диҳанд.
Инчунин, роҳбарон ва масъулини сохторҳо муваззаф гардиданд, ки камбудӣ ва нуқсонҳои мавҷударо сари вақт бартараф намуда, дар ободонии шаҳр саҳми арзанда гузоранд.
Дар хотима аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.
«Садои мардум»