Ба истиқболи 25 — солагии Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои бунёдкориву созандагӣ вусъати тоза пайдо кардааст.
Аз ҷумла, бо ибтикор ва дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен, Ҷамоати шаҳраки Навкат (раисаш Муаттара Убайдуллозода) ва соҳибкорони маҳаллӣ кӯчаи Фирдавсӣ ба масофаи зиёда аз 300 метр мумфарш карда шуд. Дар маросими оғози корҳои асфалтпӯшии кӯчаи мазкур раиси ноҳия раисони ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳои дахлдор иштирок намуданд.
Раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим, барои чунин иқдоми нек ба роҳбарияти ҷамоати шаҳраки Навкат ва соҳибкорони маҳаллӣ изҳори сипос намуд. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик дигар кӯчаҳои марказии ноҳия низ мумфарш карда мешаванд.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»