Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон дар иҷлосияи ёздаҳуми худ тасмим гирифтанд, ки Фонди ободонии маҳал ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро таъсис диҳанд. Ин пешниҳоди Ҳасанбой Иброҳимов (вакил аз ҳавзаи интихоботии №35, «Навгарзан») аз ҷониби вакилон пазируфта шуд ва дар ин бора қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ба тасвиб расид.
Зарурати таъсиси ин гуна фондро раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Матлуба Амонзода чунин шарҳ дод:
- Хушбахтона, дар шаҳр шахсони саховатманд, корхонаву ташкилотҳое, ки имконияти кумакрасонӣ доранд, кам нестанд. Барои марказонидани корҳои хайру савоби онҳо қарор додем, ки Фонди махсус таъсис диҳем. Он аз ҳисоби маблағгузории ихтиёрии корхонаву ташкилот, муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, шахсони хориҷии ҳуқуқию воқеӣ ва дигар манбаи даромадҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ташаккул меёбад. Маблағҳои ҷамъомада барои ободии маҳал, дастгирии молиявӣ ҳангоми гузаронидани корҳои ободониву созандагӣ, дастгирии фаъолияти сохторҳои худидоракунии маҳаллӣ, расонидани ёрии моддӣ ба ашхоси имконияташон маҳдуд, табақаҳои ниёзманд ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва монанди ин равона карда мешаванд.
М. Мақсудов,
«Садои мардум»