Бо имзои Н. Буриев, И. Абдурасулов ва Х. Давлатов аз номи як гурӯҳ омӯзгорон ва падару модарони хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 47-и ноҳияи Ёвон дар рӯзномаи «Садои мардум» номае бо унвони «Директори мактаб муомилаи хуш надорад» чоп шуд («СМ» №82 (3719), аз 11 июли соли 2017). Шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон барои санҷиши факту рақамҳои дар нома дарҷшуда як гурӯҳи кориро дар ҳайати 4 нафар ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 47 равон намуд, ки натиҷаи онро ирсол менамоем.
Муаллифон нигоштаанд, ки «Моҳи январи соли равон директори мактаби моро, ки омӯзгори боистеъдод буд, аз кор гирифта, ба ҷояш Матлуба Юлчиеваро таъин намуданд. Аз рӯзе, ки М. Юлчиева директор таъин шуд, фазои мактаб ором нест…». Ҳамчунин муаллифон навиштаанд, ки «Дар муддати кӯтоҳ М.Юлчиева аз вазифа суиистифода намуда, ҷиянаш З. Юлчиева, хоҳари шавҳараш Р. Азимова, хусураш А. Азимов, духтари амакаш Д. Ҳусейнова, шиносаш В. Ҳамроевро ба кор қабул кард…».
Санҷиш муайян намуд, ки роҳбари муассиса М. Юлчиева ба вазифаи мудири хоҷагӣ Вайсиддин Ҳамроевро хилофи Дастурамали Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (Боби 5. 5,1) бо маълумоти миёна ба кор қабул намудааст. Ҳол он ки ӯ аз уҳдаи навиштани одитарин маълумотнома ва ё баёнот баромада наметавонад. Номбурда дар рӯзи санҷиши гурӯҳи корӣ аризаи рафтанашро аз муассисаи таълимӣ бо хоҳиши худ навишт.
Муаллифон дар мавриди даъвои дигарашон — «директор дар ҳуҷҷат омӯзгори фанни забони давлатии синфҳои 6 «а», «б», «в» ва 4 «а», «в» бошад ҳам, дуруст дарс нагузаштаасту ба ҷояш хешовандони ӯ дар журнал қайд кардаанд…», низ ҳақ баромаданд, зеро ҳусни хатти М. Юлчиева дар ҳуҷҷатҳои коргузорӣ дигар асту дар журналҳои синфӣ дигар.
Масъалаи «…аз 12 феврал то 7 июни соли равон дар мактаб ягон шӯрои омӯзгорон гузаронида нашудааст…» ҳам тасдиқ шуд.
Бо вуҷуди ин, дар дафтари шӯроҳо дар бобати гузаронидани ҷаласаҳо қайдҳо мавҷуданд. Яъне, бо айби директори муассиса Матлуба Юлчиева, ҷонишинони директор Искандар Раҳмонқулов ва Насим Бӯриев қарорҳои шӯроҳо бардурӯғ дар китоб сабт шуда, иҷро ва ҳазми барномаҳои таълимӣ мавриди санҷиш ва баррасӣ қарор нагирифтаанд.
Дар мактуб омадааст: «Аз якуми март то якуми майи соли равон аз 51 нафар хонандаи синфи 11 барои Маркази миллии тестӣ маблағ ҷамъоварӣ шуд. Аммо бо вуҷуди муроҷиати чандинкарата директори мактаб 1700 сомонии боқимондаро то ҳол ба хонандагони аз қайд нагузашта барнагардонидааст…».
Ғайриқонунӣ ҷамъ намудани маблағҳо барои Маркази миллии тестӣ ва таъмири муассиса аз ҳисоби падару модарон маҳз бо хатои сарвари мактаб М.Юлчиева ва муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Н. Бӯриев рух додааст. Маълум мешавад, ки онҳо бо талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии муассисаҳои таълимӣ шинос нестанд. Санҷиш ва баёноти хонандагон дар ҳузури устодон ва роҳбарони синфҳо нишон дод, ки ҷамъ 910 (нуҳсаду даҳ) сомонии хонандагонро директори муассиса М. Юлчиева ҷамъоварӣ намуда, то рӯзи санҷиш ва баррасии ин масъала аз ҷониби кормандони шуъбаи маориф ба хонандагон барнагардонидааст.
Бояд гуфт, ки моҳи марти соли ҷорӣ МТМУ № 47 аз тарафи ХДНДСМ аз аттестатсияи давлатӣ гузаронида шуд. Дар рафти аттестатсия камбудиҳои зиёд ошкор гардиданд. Бо пешниҳоди Хадамоти назорат дар соҳаи маориф, гузориши шуъбаи кадрҳо ва мушовир – куратори шуъба пас аз анҷоми соли хониш ба ин мавзӯъ хоҳем баргашт.
Бинобар бемасъулиятӣ ва иҷро накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон тасмим гирифтааст, ки баъд аз баргаштани омӯзгорон ва директорони муассисаҳои таълимии ноҳия аз рухсатии меҳнатӣ мақолаи «Директори мактаб муомилаи хуш надорад» ва хулосаи гурӯҳи кориро дар шӯрои ғайринавбатӣ бо иштироки масъулин баррасӣ намуда, оид ба тадбир ва чораҳои зарурии нисбат ба директор ва ҷонишинон андешида, иловатан ба рӯзномаи «Садои мардум» хабар ирсол намояд.
Сафаралӣ СОБИРОВ,
мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон