Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Насрединов Исматулло Ҳикматуллоевич бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Европа ва созмонҳои дигари байналхалқӣ (Вена, Австрия), сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Италия, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Словакия, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷористон озод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 7 августи соли 2017, №908