4 августи соли равон қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи сазовор таҷлил намудани иди Қурбон ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ба тасвиб расид, ки тибқи он аз 3 август то 5 сентябр дар назди бозорҳои коммуналии пойтахти мамлакат ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида мешаванд.
Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарони бозорҳои шаҳр дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати ташкил намудани ярмаркаҳои идона тадбирҳо андешанд.
Раисони ноҳияҳои пойтахт, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Раёсати назорати давлатии байторӣ ва раисони маҳаллаҳои шаҳри Душанбе уҳдадор шуданд, ки дар арафаи иди Қурбон ярмаркаи фурӯши чорворо дар назди саллоххонаҳои шаҳри Душанбе ва ҶДММ «Ёвар-11» ташкил намоянд.
Н. Ҷумъаев, «Садои мардум»