Ҷомеаи солим аз насли солим бармеояд. Аз ин рӯ, дар ҳар ҷомеа ба масъалаи ҳифзи тандурустии омма диққати махсус дода мешавад. Солимии аъзои ҷомеа сарвату боигарии ҳар як давлату миллат маҳсуб меёбад. Беҳуда нест, ки ин маъниро ҳамеша Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд.
Хушбахтона, сарфи назар аз камбудиҳои ҳанӯз ҳам дар соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ ҷойдошта, корҳо дар ин самт хуб ба роҳ монда шудааст.
Мутахассисони соҳа пайваста дар фикри баланд бардоштани малакаи корӣ, маданияти хизматрасонии тиббӣ буда, сол то сол сифати кори худро беҳтар намуда истодаанд. Роҳбарияти кишвар ҳам бо бунёди биноҳои замонавии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир шароиту имкониятҳои хуби кориро барои табибон фароҳам овардаанд. Дар баробари ин, ташаббусҳои неки соҳибкорони алоҳидаи ватандӯст ҷиҳати сохта, ба истифода додани марказҳои табобатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаҳои дурдаст низ қобили таҳсин аст. Хизмати «Ёрии таъҷилӣ» аз самтҳои муҳим дар бахши тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Он дар ҷумҳурӣ аз охири солҳои бистуми асри гузашта дар шакли хеле сода оғоз шудааст. Дигар аз он аробаҳои «Ёрии таъҷилӣ» ёд боқӣ мондаву ҷойи онҳоро мошинҳои барои интиқолу расондани ёрии аввалини тиббии ба талабот ҷавобгӯ ишғол намудаанд. Ҳоло Муассисаи давлатии «Ёрии таъҷилӣ» бо нақлиёт, воситаҳои хизматрасонии тиббӣ ва мутахассисон таъмин буда, ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамояд. Қобили зикр аст, ки баробари пешрафти илму техника, ниёзмандии мардум низ ба хизмати табибон афзоиш дорад, зеро намудҳои нави беморӣ хуруҷ карда истодаанд. Дар алоқамандӣ бо ин, мутахассисони соҳаро лозим меояд, ки пайваста дар пайи такмилу сайқалбахшии донишу таҷриба бошанд. Баҳри аз худ намудани нозукиҳои соҳа, аз ҷумла технологияи он, фаъолнокӣ зоҳир намоянд. Масъулияти бештареро ҷиҳати ҳифзи саломатии мардум эҳсос кунанд. Ворисони ҳақиқии Синои бузург буданро бо меҳнати ҳалол собит сохта тавонанд ва ба савганди ёдкарда содиқ монанд. Ҳамчун пизишки собиқадори соҳа гуфтаниам, ки беҳтарин доруву дармон барои шахси гирифтори ин ё он беморӣ, пеш аз ҳама, муносибат ва муомилаи хуби духтурон ба ҳисоб меравад. Ҳар табиб, пеш аз он ки ин касби заҳматталаб, вале хеле пурифтихорро интихоб менамояд, бояд донад, ки беморон хеле нозук, зудранҷ ва инҷиқ мешаванд ва ин ҳолат бар асари ранҷу шиддати дарди азиятдиҳанда рух медиҳад. Онҳо бо боварии калон ба духтурон муроҷиат менамоянд. Дар симои онҳо наҷотбахши худро мебинанд. Бинобар ин, духтур бояд ҳозиқ ва соҳиби дасту дили пок бошад. Дар симои бемор азизтарин шахси худро тасаввур карда тавонад. Танҳо дар ҳамон вақт заҳмати ӯ натиҷа мебахшад ва қадру манзалаташ боло меравад.
Хушбахтона, чунин шахсон дар ҳайати кормандони Муассисаи давлатии «Ёрии таъҷилӣ» — и тиббӣ кам нестанд. Айни замон дар зерстансияи «Ёрии таъҷилӣ», ки роҳбариашро мутахассиси варзида Бобохон Абдураҳимов ба уҳда дорад, 14 бригадаи хизматрасон фаъол аст, ки дар чор басти ҳар кадоме иборат аз 14 нафар фаъолияти шабонарӯзӣ мебаранд. Бо садо додани занги даъват, гирифтани суроға, бемории шахсро муайян намуда, фавран ба роҳ мебароянд. Дар кори ҳаррӯзаи мо ҳолатҳое низ рух медиҳанд, ки беморонро бевосита дар дохили мошини «Ёрии таъҷилӣ» ба табобат мегиранд. Дар сурати беҳтар будани ҳолати беморон онҳо ба беморхонаҳои шаҳр интиқол дода мешаванд. Бемороне, ки ҳолаташон нисбатан сабуктар асту имконияти дар бемористон муолиҷа гирифтанро надоранд, дар хонаҳояшон муоина шуда, вазъи саломатиашон таҳти назорат қарор мегирад. Аз фаврияти тадбирандешӣ, яъне ҳар чӣ зудтар рафта расидан ба нуқтаи даркорӣ, ҳаёти шахс вобастагии калон дорад. Мутаассифона, баъзан даъватҳои шитобкорона низ мешаванд, ки ба он зарурат нест. Бегуфтугӯ, дар сурати худро бад ҳис кардан, бидуни таъхир бояд ба «Ёрии таъҷилӣ» занг зад. Дар ҳар вақту соат духтурони муассиса ба кумак мешитобанд. Ҷумъамурод КАРИМОВ, духтури асабшиноси МД «Беморхонаи клиникии ёрии таъҷилӣ»