Ёздаҳуми августи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод намуданд.
Лоиҳаҳои пешниҳодгардида дар асоси дархости сокинони мамлакат зимни вохӯриҳо, баромадҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, инчунин зимни мулоқот ба муносибати 10- солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (11 июли соли 2017) таҳия гардидаанд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои такмили қонуни амалкунанда таҳия гардида, дар он ҷиҳати таҳкими фаъолияти комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва ҷамъиятӣ, салоҳияти ин комиссияҳо меъёрҳо пешбинӣ гардидаанд.
Дар лоиҳа як қатор меъёрҳои наве пешниҳод шудаанд, ки ба ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ равона шудаанд. Аз ҷумла, дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон оростани дастурхони маънавии хоксорона ва роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ яке аз онҳост.
Дар лоиҳа тартиби нави гузаронидани хатнасур пешниҳод мегардад. Мувофиқи он минбаъд хатнасур дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида хоҳад шуд. Хатна бошад, бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон ва бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида мешавад. Пешниҳоди мазкур баъди омӯзиши таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар ин самт манзур гардидааст.
Гузаронидани маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон иҷозат дода мешавад.
Гузаронидани маъракаи ақиқа манъ карда мешавад.
Ҳамаи ин чорабиниҳо бо мақсади сарфа намудани маблағҳои падару модарон ва пешгирӣ намудани пастшавии сатҳи зиндагонии мардум пешбинӣ шудаанд. Дар як вақт ба падару модарон ва дигар шахсони онҳоро ивазкунанда ҳуқуқ дода мешавад, ки аз маблағҳои сарфашуда то расидан ба синни балоғат дар бонкҳо ба номи писаронашон суратҳисобҳо кушоянд.
Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, ҳуқуқ дода мешавад, ки бо риояи тартиби муқарраркардашуда ва бо иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ хатнасури хайриявии писарони бепарастор ва аз оилаҳои камбизоатро баргузор намоянд.
Ба моддаи 10 қонуни амалкунанда, ки тӯйи домодию арӯсиро ба танзим медарорад, низ тағйирот ворид карда шудааст, ки мутобиқи он гузаронидани маъракаҳои ноншиканон, модарталбон, падарталбон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтоз (роҳбандон) манъ карда мешавад.
Инчунин, дар ин модда меъёре пешбинӣ гардидааст, ки мувофиқи он падару модари домоду арӯс ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафайн метавонанд ба ҷойи додани оши тӯй маблағи онро ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити зиндагии навхонадорон сарф намоянд. Бояд қайд кард, ки ин ташаббус аллакай дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат татбиқ шуда истодааст ва аз ҷониби мардум дастгирии худро ёфтааст.
Дигаргуниҳои ҷиддӣ ба моддаи 11 қонуни амалкунанда, ки маросими дафну азодориро танзим менамоянд, пешниҳод гардидаанд. Мувофиқи ин пешниҳодҳо тамоми маросими дафну азодорӣ бе забҳи чорво ва бе додани таом бояд гузаронида шаванд. Аз ҷумла маросими «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва бе додани таом гузаронида мешаванд. Дар маросими дигари манъшудаи «оши сари тахта», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «бист» ва «шашмоҳагӣ» низ забҳи чорво ва додани таом манъ карда мешавад.
Инчунин, бо мақсади ба низом даровардани гузаронидани маросими дафну азодорӣ тартиби гузаронидани онҳоро мақоми ваколатдор муайян мекунад.
Дар вохӯрию баромадҳо мардум оид ба адои маросими ҳаҷ низ пешниҳодҳои зиёд манзур намуданд. Бо дарназардошти ин дархостҳо ба моддаи 12 қонун тағйирот пешниҳод карда шуд, ки тибқи он гузаронидани маъракаи «ҳоҷизиёрат» манъ карда мешавад. Илова бар ин, тартиби сафари шаҳрвандонро барои адои ҳаҷ ва умра Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, ки ҳангоми баррасии он таклифҳои шаҳрвандон ба инобат гирифта мешаванд.
Тағйироти назаррас ба моддаи 14 қонун, ки тартиби баргузории ҷашну маросимро ба танзим медароранд, пешниҳод гардидаанд. Дар он дар асоси шартнома расонидани хизматрасониҳо пешбинӣ гардида, маъмурияти қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо, тарабхона ва тӯйхонаҳо дар баробари соҳибони маърака барои шумораи даъватшудагон ва вақти баргузории тӯю маъракаҳо масъул мегарданд.
Аз ҷониби сокинони мамлакат, бахусус сокинони деҳот, таклифҳои зиёд оид ба вақти баргузории тӯю маросим ворид шудааст. Бо дарназардошти онҳо ба моддаи 14 қонун тағйирот пешниҳод гардидааст, ки мувофиқи онҳо тӯю маросим дар шаҳрҳо дар рӯзҳои истироҳат аз соати 8-00 то соати 22-00 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18-00 то соати 22-00, дар шаҳраку деҳот (аз ҷумла шаҳраку деҳоти тобеи шаҳр) дар рӯзҳои истироҳат аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6-00 то соати 22-00, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8-00 то соати 22-00 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18-00 то соати 22-00 бояд гузаронида шаванд. Давомнокии тӯю маросим то се соат муқаррар карда шудааст.
Ҳамзамон бо ин, ба қонун меъёрҳои нав дар хусуси баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон ҷиҳати иҷрои муқаррароти он пешниҳод гардидааст. Тибқи он шаҳрвандон вазифадор карда мешаванд, ки мақоми ваколатдорро доир ба баргузории тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ хабардор намуда, онҳоро дар доираи талаботи қонун гузаронанд.
Ҳамзамон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадор карда мешаванд, ки ба рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва сару либоси миллӣ эҳтиром гузошта, онҳоро аз таъсирҳои манфии замони муосир ҳифз намоянд.
Тибқи таҳлилҳо аксари мардум бар он ақидаанд, ки талаботи қонуни мазкурро бештар шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ, сарватмандон, соҳибкорон ва ходимони дин вайрон мекунанд.
Бо дарназардошти ин ҳолат ба қонун меъёри нав пешниҳод гардидааст, ки мувофиқи он аъзои Ҳукумат, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, дигар шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андоз, гумрук ва хизматчиёни ҳарбӣ барои вайрон кардани талаботи қонуни мазкур аз ҷониби онҳо ва фарзандонашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод карда мешаванд.
Ҳамчунин, ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ тағйиру иловаҳои дахлдор пешниҳод гардидаанд, ки мутобиқи онҳо ҷавобгарии шахсони алоҳида барои вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пурзӯр карда шудаанд. Аз ҷумла, мувофиқи тағйиру иловаҳое, ки ба моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим ҷавобгарии шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ пурзӯр карда шуда, андозаи ҷарима нисбат ба шахсони мансабдор аз 250-270 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 12500-13500 сомонӣ то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 25 ҳазор сомонӣ баланд бардошта шудааст. Нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ низ андозаи ҷарима аз 500-520 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 25 -26 ҳазор то 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 35 ҳазор сомонӣ баланд бардошта шудааст.
Барои содир намудани ҳамин кирдор аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ, ходимон ва уламои дин ба андозаи 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 35 ҳазор сомонӣ ҷарима таъин карда мешавад.
Барои дағалона ё такроран вайрон намудани тартиби гузаронидани анъана ва ҷашну маросим ба шахсони воқеӣ ба андозаи шашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 30 ҳазор сомонӣ, ба шахсони мансабдор ба андозаи ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 40 ҳазор сомонӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 50 ҳазор сомонӣ ҷарима таъин карда мешавад.
Дар баробари ин, дар лоиҳаҳои пешниҳодгардида ба дигар масъалаҳо, аз ҷумла пурзӯр намудани ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои дар ҳолати мастӣ ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт, дар ин ҳолатҳо содир намудани ҷиноят низ диққат дода шудааст.
Тавре ки аз маълумотҳо бармеояд, ҳамасола дар роҳҳои ҷумҳурӣ бар асари садамаҳои нақлиётӣ шумораи зиёди шаҳрвандон ба ҳалокат мерасанд ва аз он бештар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ мебардоранд. Ҳолатҳои аз тарафи ронандагони маст ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт ва содир намудани садамаҳои нақлиёт низ зиёд ба қайд гирифта шудааст.
Бо дарназардошти ин ҳолатҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот пешниҳод шудааст, ки онҳо барои пурзӯр намудани ҷавобгарӣ дар ин самт равона гардидаанд. Аз ҷумла, дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои ҷудогона, аз ҷумла, моддаҳои 37, 42, 332, 336, 337 ва 342 тағйирот ворид карда, дар онҳо муҳлати аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум намудан аз ду то даҳ сол боло бурда шудаанд. Масалан, агар моддаи 332 барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ танҳо ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиётро ба муҳлати ду сол пешбинӣ намояд, мувофиқи пешниҳод ҷазо вазнин карда шуда, барои ин кирдор ҷарима ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (яъне понздаҳ ҳазор сомонӣ) ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарӯз бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол таъин карда мешавад.
Ҷавобгарӣ барои бе ҳуқуқи ронандагӣ идора намудани воситаи нақлиёт (моддаи 336 қисми 1) низ пурзӯр ва андозаи ҷарима аз 3-5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (150-250 сомонӣ) то 250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (12500 сомонӣ) зиёд карда шудааст.
Агар дар Кодекси амалкунанда барои идора намудани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, ҷарима ба андозаи 50-70 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (2500-3500 сомонӣ) пешбинӣ мегардид, дар лоиҳаи пешниҳодгардида андозаи ҷарима 400 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (яъне бист ҳазор сомонӣ) пешбинӣ шудааст. Барои такроран дар давоми сол баъди таъин намудани ҷазои маъмурӣ содир намудани ин кирдор бошад, шахс ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.
Тағйироти моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҷазо нисбати шахсоне, ки дар ҳолати мастӣ воситаи нақлиётро идора намудаанд ва ё дар ҳолати мастӣ қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намуда, боиси ҳалокати одамон гаштаанд, равона гардидаанд. Аз ҷумла, барои дар ҳолати мастӣ вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гаштааст, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати даҳ сол пешбинӣ карда мешавад.
Агар ҳамин кирдор боиси марги зиёда аз ду шахс гардад, он гоҳ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати аз даҳ то бист сол пешбинӣ карда мешавад.
Барои дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, низ ҷавобгарӣ пурзӯр ва ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ё ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (25 ҳазор то 50 ҳазор сомонӣ) пешбинӣ карда шудааст. Бояд қайд кард, ки Кодекси амалкунанда фақат ҷазоҳои ғайриҳабсӣ, аз ҷумла ҷарима то дусад нишодиҳанда барои ҳисобҳоро (10 ҳазор сомонӣ), пешбинӣ менамуд.
Дар баробари ҷазоҳои асосӣ, меъёр дар бораи аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт то 20 сол маҳрум кардани шахсоне, ки дар ҳолати мастӣ воситаи нақлиётро идора намудаанд, ба моддаи 50 Кодекси ҷиноятӣ пешниҳод гардидааст.
Ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ва «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» тағйиротҳо ҷиҳати ворид намудани меъёрҳо оид ба манъи ба муассисаҳои таълимӣ бо идоракунии воситаҳои нақлиёти механикӣ омадани хонандагон ва донишҷӯён пешниҳод гардидаанд. Дар сурати ба муассисаҳои таълимӣ бо идоракунии воситаҳои нақлиёти механикӣ омадани хонандагон ва донишҷӯён онҳо аз муассисаҳои таълимӣ бе ҳуқуқи барқарор кардан хориҷ карда мешаванд.
Дар баробари санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикргардида, ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид ва онҳо вазифадор карда шуданд, ки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро риоя кунанд ва риояи онро аз ҷониби фарзандонашон таъмин намоянд. Риоя накардани ин талабот барои аз вазифа озод намудани хизматчии давлатӣ асос мегардад.