Боғоти нав ва арчазор дар паҳлуи шоҳроҳ бунёд меёбанд

№25-26 (3010-3011) 01.03.2013

Соли 2008 зимни суханронӣ дар семинар-машварати умумиҷумҳуриявии зироаткорону боғпарварон, ки дар бошишгоҳи саҳроии деҳаи Тезгари Поёни ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шуд, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба талу теппаҳои паҳлуи шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат назар карда, пешниҳод намуд, ки ин минтақа ба боғоти сабзу хуррам табдил дода шавад. Ҳамзамон ба роҳбарони ноҳия ва масъулони соҳаи боғу токпарварӣ ва ҳифзи муҳити зист супориш дод, ки дар ин бобат тадбирҳои амалӣ андешанд.

Ин пешниҳоди ҷолиб ва супориши Сарвари давлат роҳбарону масъулонро водор сохт, ки аз пайи кор шаванд. Онҳо бо сокинони деҳоти атроф, бахусус деҳоти Гулистон, ки минтақаи мазкур ба ҳудуди он дохил аст, машварат карда, дар талу теппаҳо хоҷагиҳои деҳқонии боғпарвар ташкил намуданд. Бо ёриву дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои марбута ба 110 нафар сарварони хоҷагиҳои боғпарвар таври ройгон сертификат дода шуд. Бо вуҷуди он ки сабзонидани дарахт дар талу теппаҳои беоб мушкил аст, боғпарварон саъйю кӯшиш намуданд ин мавзеъҳоро сабзу гуворо гардонанд. Барои амалӣ гаштани ин мақсад масъулони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо бо ширкати аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ семинару машваратҳо гузарониданд.

Пеш аз оғози мавсими ниҳолшинонии навбатӣ низ дар клуби навбунёди деҳаи Тезгари Поён бо иштироки раиси ноҳия С. Тағоев ва фаъолону боғпарварони деҳоти Гулистон вохӯрӣ барпо гардид. Раиси ноҳия аз мардум даъват ба амал овард, ки дар амалҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ фаъолона иштирок намоянд. Ин даъватро мардум пазируфта, якчанд маротиба ҳашари умумӣ оростанд. Дар натиҷа, имрӯз симои талу теппаҳои паҳлуи шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат назаррабо гаштааст.

-Сокинони аҳлу тифоқи деҳоти мо дастаҷамъона ба кори ободонӣ ва кабудизоркунӣ пардохтанд, дар талу теппаҳои зикршуда 37000 бех навъҳои дарахтони туяи шарқӣ, санавбар ва арча шинонда шуд. Дар ин бобат месазад, ки ғайрату ҳиммати хоҷагиҳои деҳқонии боғпарварии Каромат, Саҳро, Бобо Давлат, Ҳодиҷон Тоиров, Саховат, Амирҳамза ва дигаронро махсус зикр кард,- гуфт раиси Ҷамоати деҳоти Гулистон Абдусаттор Алиев.

Инак, айни ҳол, вақте бо шоҳроҳи Душанбе – Ваҳдат ҳаракат мекунед, таваҷҷуҳи шуморо навниҳолони сабзи санавабар, арча ва дигар дарахтони ороишӣ, сояафкан ва ҳосилдеҳи талу теппаҳо ба худ ҷалб мекунад.

Вақте ин мавод омода мешуд, дар клуби деҳаи Тезгари Поён ҷамъомади навбатии аҳли деҳот баргузор гардид. Ин дафъа раиси ҷамоат А. Алиев, пеш аз ҳама, барои дастгирӣ ва заҳмату ҳимматашон ба мардум арзи миннатдории худ ва раиси ноҳия С. Тағоевро расонд. Сипас, миёни аҳли нишаст оид ба нигоҳубини минбаъдаи боғот, парвариши ниҳолҳо, истифодаи самараноки замин, мушкилоти нигоҳубини чорво ва ғайра мубодилаи афкор сурат гирифт.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»