Дар маркази ноҳияи Ҷаббор Расулов – шаҳраки Пролетар бинои нави прокуратура ба истифода дода шуд, ки дар ифтитоҳи он раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина ширкат варзида, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.
Мавриди зикр аст, ки бинои мазкур бо харҷи 700 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети вилоятӣ бунёд ёфтааст. Ҳуҷраҳои кории бино бо асбобу лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар шафати бинои асосии прокуратураи ноҳия меҳмонхона, ошхона ва толори истироҳатӣ низ барои хизматрасонӣ омода шудааст.
Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»