Он рӯзгори ду депутати Шӯрои Олиро табоҳ намуд
Зиёда Баротова ва Ҳурмат Волидова. Бо ин номҳо бори аввал дар китоби «Вакилони халқ. 1938-2010» (Душанбе, 2006) дучор омадам. Ҳар ду ҳам аз як деҳаи дурдасти шаҳри Истаравшан — Сӯфӣ Орифанд.
Якумӣ соли 1938 аз ҳавзаи интихоботии «Пошкент», 62 ва дуюмӣ соли 1947 аз ҳавзаи интихоботии «Фрунзе-2», 141 –и шаҳри Ӯротеппа вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати якум ва дуюм) интихоб шудаанд.
Зиёда Баротова 24 — сола ва Ҳурмат Волидова — 25 сола буданд, ки ба ин маснади мақоми олии қонунгузор вакил интихоб гардиданд. Мутаассифона, номи онҳо имрӯз ба фаромӯшӣ рафтааст ва касе аз тақдирашон хабар надорад.
Деҳаи Сӯфӣ Ориф дар қисмати шимолу шарқии шаҳр, дар мавзеи сарсабзу хушобу ҳаво ҷойгир аст. Деҳа таърихи кӯҳан дорад ва онро макони паҳлавонону ромишгарон ва санъаткорони номӣ медонанд. Ҳунарпешагони шоистаи ҷумҳурӣ бародарон Шоҳсалим ва Тошбой Муҳаббатовҳо, ки бо суруду таронаҳои диловез замони шӯравӣ дар байни мардум хеле маҳбубият пайдо карда буданд, зодаи ҳамин деҳаи зебоманзар мебошанд.
- Зиёда Баротова ва Ҳурмат Волидова аз ҷумлаи хешу табори мо ба ҳисоб мераванд, — мегӯяд мудири китобхонаи деҳа Бароҳат Салимова, ки хоҳари бародарон Муҳаббатовҳо будааст.
- Зиёда Баротова аз занони нахустини фаранҷипартофтаи деҳа ва Ҳурмат Волидова нахустин китобдори китобхонаи деҳаи Сӯфӣ Ориф мебошанд. Онҳо дар солҳои давлати навташкили шӯравӣ, дар замони сахтии таассубу дин хонда, савод баровардаанд. Зиёда Баротова ҳамчун нахустин тракторчизан ва Ҳурмат Волидова ҳамчун нахустин раиси хоҷагии ҷамоавӣ умри хешро ба таҳкиму пешрафти давлати шӯравӣ ва беҳдошти зиндагии мардум бахшидаанд. Сад афсӯс, ки 11 кило гандум тақдири онҳоро талх гардонида, боиси фарҷоми бади рӯзгорашон шудааст. Ба онҳо туҳмат заданд. Ҳурмат Волидова ҳамагӣ 41 сол умр дидааст. Зиёда Баротова бошад, дар синни 34 деҳаи Сӯфӣ Орифро тарк гуфта, ҳамчун гуреза умри худро дар деҳаи Куркат (ҳозира Куруш)-и ноҳияи Спитамен гузаронид ва дар ҳамон ҷо хок шуд, — гуфт Бароҳат Салимова.
Ман бо чанд марду зани солдидаи дигари ин деҳа дар ин бора ҳамсуҳбат шудам, мақолаю очеркҳои рӯзноманигор Қайюм Карими зиндаёдро хондам ва маълумоти зиёд роҷеъ ба тақдири ин ду зани шуҷоъ ва бахтбаргашта ҷамъ овардам.
Каримбой Баротов — ҳофизу санъаткори шинохтаи шаҳр ва парвардаи мактаби санъати бародарон Шоҳсалим ва Тошбой Муҳаббатовҳо чунин гуфт:
- Бобои мо, яъне падари аммаам — Зиёда Баротова Бобо Баротбойи Рӯзибой ном дошта, аз ду зан соҳиби 5 фарзанд гардидааст. Аз зани якумашон Зиёда Баротова таваллуд шудааст, ки дар 4 — солагӣ аз модар маҳрум мондааст.
Бобоям бори дуюм ба зани шавҳармурда — Бибии Савриой хонадор шудаанд, ки аз шавҳари аввалааш Мирбайзо ном писар доштааст ва ӯро ҳам бобоям калон карда, ба воя расонидаанд. Аз бибии Савриоям бобоям боз соҳиби се писар шудаанд: Рӯзибой, Усмон ва Шариф. Амаки ӯгайямон — Мирбайзо Холиқов иштирокчии ҷанги Финляндия ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ буданд. Амаки Рӯзибоям дар ҷанг ҳалок шудаанд. Падари ман — Усмон устои дуредгар ва додари хурдии он кас — Шарифбой деҳқон ва ҳамаи онҳо баландқомату паҳлавонсурат буданд. Амаки Шарифамро бибиам Савриой ба аммаам Зиёда Баротова ҳамроҳ карда, як нисфишабии тирамоҳи соли 1947 гурезондаанд. Онҳо ба деҳаи Куркати ноҳияи Спитамен рафта, муқимӣ шудаанд. Амакам Шариф соҳиби 11 фарзанд ва набера будааст.
Аммаам Зиёда Баротова дигар ба Истаравшан барнагашта, дар хоҷагиҳои ҳамон деҳа кор карда, шавҳар накардаанд. Он кас 11 фарзанди амакам ва набераҳояшонро ба воя расонида, дар 73 — солагӣ, 13 апрели соли 1987 аз олам чашм пӯшидаанд.
Имрӯз ҳам дар деҳаи Сӯфӣ Ориф, одамоне ҳастанд, ки ангушт ба сӯи мо бурда мегӯянд: «Ана, хешу табори Зиёдаи гуреза». Шунидани ин ҳарфҳо барои мо аламовар аст. Ду зани ҷасур, занҳои фидоӣ, ки танҳо дар фикри манфиати давлату ҷамъият буданд, яке бармаҳал рафту дигарӣ номи гурезаро гирифт.
- Ҳамдеҳаи мо — шодравон Қайюм Карим, ки солҳои зиёд дар рӯзномаи «Роҳи коммунизм» (ҳозира «Паёми Истаравшан») кор карда, ба навиштани қиссаву ҳикояҳо рағбати калон дошт, дар вақташ ин қиссаи 11 кило гандуми бадфарҷомро тадқиқ кардаанд. Бино ба навиштаҳои он кас, солҳои 1934-1936 дар ҷойи ҳозираи Қасри маориф ва фарҳанги ба номи Раҳмон Маҳмудови шаҳри Истаравшан, ки мансуби колхози «Роҳи Ленин» будааст, МТС (Стансияи мошинию тракторӣ) ташкил мешавад. Роҳбарони МТС ба деҳаҳо рафта, писарону духтарони болаёқатро ба курси механизаторӣ ҷалб мекардаанд. Зиёда Баротова аз нахустин духтароне будааст, ки ҳамин гуна курсро ба итмом расонида, дар хоҷагиҳои Пошкент, Яккабоғ, Сепула, Суркат, Чорбоғ, Ҷарқӯрғон, Сӯфӣ Ориф, Лакат ва ғайра бо трактораш меҳнат кардааст. Он солҳо хоҷагиҳо парки мошинию тракторӣ надоштанд ва шумораи муайяни трактору тракторчиён ва ронандагону мошинҳо дар ихтиёри МТС қарор дошта, роҳбарияти ин корхона дар асоси талабномаи хоҷагиҳо трактор ва мошинҳоро ба ронандагон тақсим мекардаанд, — мегӯяд Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Тошбой Муҳаббатов, ки аслан омӯзгори таърих асту ба ҷамъ овардани маълумоти таърихӣ мароқ дорад.
Бино ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи меҳнати шоёни чандинсола Зиёда Баротова дар МТС ба узвияти Ҳизби коммунист қабул мешавад ва соли 1938 депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон интихоб мегардад.
- Тибқи навиштаҳои Қайюм Карим, хоҷагии ҷамоавии деҳаи мо дар ибтидо ба номи Ежов будааст. Роҳбарияти колхоз бо сабаби набудани занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда Зиёда Баротоваро даъват карда, ӯро сардори бригадаи занон таъин мекунанд.
Зиёда Баротова хона ба хона гашта, занонро ба кори колхоз ҷалб ва аз ҳисоби занону духтарон як бригада ташкил мекунад. Кори колхоз, ки асосан аз ангурпарварию ғаллакорӣ иборат будааст, дар андак вақт пешрав мегардад. Мӯйсафедони деҳа то ҳол баҳодурона қадам задани Зиёда Баротова ва сухангӯию сухандониашро бозавқ ба ёд меоранд.
Дар ҳамон давра ҳамдеҳаи дигарамон — Ҳурмат Волидова, ки аз Зиёда Баротова 8 сол ҷавонтар буд, сарвари бригадаи ҷавондухтарон интихоб мешавад. Каме дертар, соли 1945, чанд колхози хурдро муттаҳид карда, колхози «Анҷумани 18-уми ҳизб»-ро ташкил менамоянд ва Ҳурмат Волидова раиси аввалини он таъин мегардад.
Он замон ӯ 23 сол дошт. Дар хоҷагӣ, ҳамчунин дар як вақт Зиёда Баротова котиби ташкилоти ҳизбӣ ва Ҳурмат Волидова котиби ташкилоти комсомолӣ будаанд. Бо роҳбарии Ҳурмат Волидова ва дастгирии Зиёда Баротова колхоз дар андак муддат ба яке аз хоҷагиҳои намоёну пешрафта табдил ёфтааст.
Моҳи феврали соли 1947 Ҳурмат Волидоваро ба ҷойи Зиёда Баротова, ки 9 сол депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон буд, депутати Шӯрои Олӣ интихоб мекунанд.
Соли 1941 бо мақсади эмин нигоҳ доштани маҳсулоти хоҷагии кишлоқ аз онҳо масҷиди деҳаро ба анбори маҳсулоти кишоварзӣ табдил медиҳанд. Дар соли аввали роҳбарӣ Ҳурмат Волидова мушоҳида мекунад, ки коргарони анбор моликияти давлатиро ғорат карда истодаанд, зеро ҳангоми ҳисобу китоб дар анбор камомад ба чашм мерасад. Мудирони анбор ва коргарон аз ҳисоби мардҳо будаанд ва раис бо мақсади пешгирии ин ҳол Зиёда Баротоваро мудири анбор таъин мекунад.
Зиёда Баротова дар анбор, ки гандуми тухмӣ нигоҳ дошта мешуд, тартиботи ҷиддӣ ҷорӣ карда, пеши роҳи талафшавии маҳсулотро гирифт. Ин ҳол ба дуздону ғоратгарон, ки аз даромади муфт маҳрум шуда буданд, маъқул наафтод ва онҳо дар пайи гирифтани қассос шуданд ва ба мақсади нопоки худ муяссар ҳам гардиданд, -мегӯяд Тошбой Муҳаббатов.
- Шояд ҳунари роҳбарию кордониаш бошад, ки баробари раиси раёсати колхози «Анҷумани 18-и ҳизб» таъин шудани апаам ғалларо Худо дод, — ба ёд меорад Бобосадир Волидови 87- сола, бародари Ҳурмат. — Ҳамон солҳо ман 15 — 16 — сола будам. Замони барқароркунии харобиҳои ҷанг. Интизоми меҳнат бисёр сахт буд. Мо — бачагону наврасон ҳам ба кори колхоз мебаромадем ва ба калонсолон ёрӣ мерасонидем. Колхоз ба мо рӯзи меҳнат менавишт ва ҳаққамонро медод. Маҳсулоти хоҷагӣ, хусусан гандуму ҷавро, то хӯшаҳои охирин ҷамъ оварда, ба анбори колхоз месупоридем. Давлат нисбат ба моликият, хусусан ғалла, назоратро сахт кард. Вале ҳамон вақт ҳам дар колхоз шахсони зараррасон, ғоратгарони моликияти ҷамъиятӣ, аз давлати шӯравӣ ранҷидаҳо мавҷуд буданд. Ана ҳамин ҳаннотону ҳаққи мардумхӯрҳо ба сари раиси колхозу мудири анбор, ба қавли мардум, «об рехтанд». Ман онҳоро ҳоло ҳам ном ба ном медонам, вале ҳоҷати номашонро ба забон овардан нест, зеро ҳар касе, ки ба ин ду зани поку фидоӣ ҷабр кард, ҷазояшро аз Худо дид, — гуфт андешамандона мӯйсафед ва ба идомаи сухан пардохт:
- Он гурӯҳи ҳаромхӯр, ки дар байнашон ду сардори бригада ва якчанд узви колхоз низ буд, апаи Зиёдаро маҷбур мекунанд, ки ба ҷойи 1 тонна 2 тонна, ба ҷойи 2 тонна 4 тонна «гандум қабул кардам»- гӯён ҳуҷҷат диҳад, вале ӯ ба ин розӣ намешавад. Ҷанҷол то маҷлиси раёсати колхоз меравад ва гунаҳгорон ҷазо мебинанд.
Ҳамон гурӯҳи сияҳкор бо мақсади аз сари вазифа дур кардану ба ҳабс шинонидани раиси колхоз — Ҳурмат Волидова ва мудири анбор — Зиёда Баротова бо ҳилла ба писархолаи Зиёда Баротова, ки ҳамон вақт 15-16 — сола буду дар анбор кор мекард, як миқдор гандуммайда дода, мегӯянд, ки «барои мурғонат бар», вале дар беруни кӯча бачаро интизор мешаванд.
Ҳамон тавр, писархолаи мудири анборро барои 11 кило гандуммайда ҳабс ва маҷбур мекунанд, ки гандумро ба ман апаам Зиёда дод, — гӯяд. — Агар ҳамин тавр гӯйӣ, ба ту чизе намешавад, — бачаро фиреб медиҳанд сияҳкорон.
Бача аз тарс розӣ мешавад. Ӯро 6 сол аз озодӣ маҳрум карда, аз болои мудири анбор — Зиёда Баротова парвандаи ҷиноятӣ кушода, дастгир карданӣ мешаванд.
Раиси колхоз Ҳурмат Волидова мефармояд, ки шабона Зиёда Баротоваро гурезонанд.
Ҳамин тавр, Зиёда Баротоваи ноком нисфишабӣ бо исрори моиндараш додари 15 — 16 — солааш – Шарифро гирифта, сарлучу пойлуч аз деҳа фирор карда, дарун-даруни ангурзору ғаллазор ба деҳаи Тағояки ноҳияи Нов (ҳозира Спитамен) мерасад. Муддате он ҷо пинҳон шуда, баъд ба деҳаи Куркат меравад ва дар ҳамон ҷо ба нафақа мебарояд.
Чун сияҳкорон Зиёда Баротоваро намеёбанд, бо баҳонаи «ту ӯро гурезондӣ» ба раиси колхоз Ҳурмат Волидова мечаспанд. Ҳурмат Волидова, ки депутати Шӯрои Олӣ буд, ҳуқуқи дастнорасӣ дошт. Ӯро ба маҳкама кашида наметавонанд, вале аз болояш навис-навис мекунанд.
- Апаам Ҳурмат Волидова як муддат дар китобхонаи деҳа кор кард, ҳамеша ғусса мехӯрд. Дар ниҳояти кор бемор шуда, моҳи августи соли 1963 дунёи пур аз ғаму ҳасратро тарк гуфт, — ба сухан хотима гузошт Бобосадир Волидов.
Аз Ҳурмат Волидова шаш фарзанд — се писар ва се духтар монд. Ҳоло онҳо соҳиби хонаву даранд. Духтари аз ҳама хурдии марҳум — Инобат, ки ҳангоми вафоти модар 2 — сола будаасту имрӯз қариб 60- сола аст, гуфт:
- Падари раҳматиам Додобой Шодиев, ки модарамро бисёр дӯст медоштанд, баъди сари он кас дигар хонадор нашуданд, моро калон ва соҳиби хонаву дар намуданд. Чун ёди модари раҳматиамонро мекарданд, оби дидагонаш шашқатор мешуд ва бо ҳасрат мегуфтанд, ки модаратон фаришта буд, вале чанд нокас умри ӯро кӯтоҳ сохт…
Бо мақсади маълумоти бештар пайдо кардан роҷеъ ба кору рӯзгори нахустин депутатҳои Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Зиёда Баротова ва Ҳурмат Волидова мо озими деҳаи Куруш (Куркат)-и ноҳияи Спитамен гаштем…
- Ин воқеа тирамоҳи соли 1947 рух дод. Мо ҳамроҳи апаам Зиёда аввал ба деҳаи Тағояк, ба хонаи апаи ӯгаямон рафтем. Сипас, баъди ду сол, дар деҳаи Куркат хонаву ҷойи худро дуруст кардем. Апаам то охири умр дар колхоз кор кард. Фарзандони маро ба воя расонид, — гуфт додари Зиёда Баротова Шариф Баротов.
Дар деҳаи Гулафшони деҳоти «Ҳаёти нав»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бо додарзодаи Зиёда Баротова — Розия Самадова ҳамсуҳбат гаштем.
- Амаам сари ҳар чанд вақт ба дидани ману фарзандонам меомаданд. Бачаҳои маро ба ҳалолкориву меҳнатдӯстӣ талқин мекарданд. Солҳои охир бисёр пир шуда буданд. Агар дида бошед, сари роҳи Спитамен-Хуҷанд дар як мавзеи баландӣ трактореро гузошта буданд, ки баёнгари меҳнати зарбдори тракторчиҳо буд. Амаам Зиёда Баротова ҳар гоҳе, ки аз ҳамин роҳ мегузаштанд, мошинро дошта, поён шуда, бо дастрӯймолашон чангу хоки он тракторро пок мекарданд. Он кас, ки фарзанд надоштанд, шояд дар симои он трактор нишони ҳаёти худро медиданд, зеро умри ҷавонашон бо тракторчигӣ гузашт, — гуфт ӯ.
Муаллифи ин сатрҳо аз паи рӯи коғаз овардани андешаҳо будам, ки мудири китобхонаи деҳаи Сӯфӣ Ориф Бароҳат Салимова занг зад:
- Кори Худоро бинед, ки гунаҳгори ин ҳама корҳо шуморо диданист, биёед, ба хонаи ӯ меравем, — гуфт.
…Мӯйсафед ба пушт мехобид. Ҳаштоду ҳафт сол доштааст. Хеле лоғару нотавон менамуд. Завҷааш ӯро бедор ва аз кат нимхез карда, устувор нишонда гуфт:
- Ин кас даҳ сол боз ҳамин хел ба пушт хобидаанд, чашмонашон қариб намебинанд, гӯшҳояшон вазнин шудаанд, тез-тез ба фарзандон ҳасрати ҳамон 11 кило гандуми наҳсро мекунанд, ки боиси ҳабс шуданашону фирорӣ гаштани Зиёда Баротоваю кӯтаҳии умри Ҳурмат Волидова гаштааст.
- Маро заданд, латукӯб ва маҷбур карданд, ки гапи дурӯғ гӯям, ба апаам Зиёда Баротова туҳмат занам. Ҳафтод сол боз азоби виҷдон мекашам. Парвардигор гуноҳи маро биёмурзаду ҷойи он ду зани поку бо армонрафтаро дар биҳишти аъло муқаррар намояд, — бо овози ҳазину канда-канда гуфт мӯйсафед ва дастони ларзонашро ба рӯй кашид…
Ҳусейни Назрулло,
«Садои мардум»